Вохӯрӣ бо занони кишоварз18-03-2019, 11:04
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Масъулини шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷоя бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоатҳои Ғӯлакандоз, Меҳробод ва Деҳмой бо занони кишоварз мулоқот карданд. Ин силсилавохӯриҳо дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сурат гирифта, ҳадафаш шиносоӣ бо кору рӯзгори бонувон ва расидагӣ ба мушкилоти ҷойдоштаи онҳо буд. Масъулон ин вохӯриро бо занони кишоварз дар сари замин доир намуда, оид ба муаммоҳои ҳаёти бонувон, рушди деҳоту ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занон ба ҳунаромӯзӣ, фарогирии духтарон ба таҳсил, пойдории оилаҳо ва ғайра сӯҳбатҳо оростанд. Аз ҷумла, дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Меҳнати софдилонаи фаъолзанони кишоварз бо сипосномаҳо қадр карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.