Мулоқоти озоду самимӣ бо донишҷӯён16-03-2019, 07:04
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Истаравшан: Дар толори Гимназияи №5 ба номи академик Раҷаб Амонови шаҳри Истаравшан бо донишҷуёни коллеҷи тиббӣ, омӯзгорон ва сокинони маҳаллахонаи Ваҳдат мулоқот доир шуд. Ҳадафи вохӯрӣ таблиғу ташвиқ ва амалигардонии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ буд. Роҳбари на6мояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Бобурҷон Шарифов, мудири шӯъбаи кор бо занон Мӯътабар Раҳматова, директори коллеҷи тиббии шаҳр Илҳом Раҷабов дар баромадҳои худ доири пурзӯр намудани фаъолияти тарғиботӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҳарф заданд. Дар интиҳои вохӯрӣ ба 20 нафар омӯзгорон ва донишҷуёни коллеҷи тиббӣ, ки ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.