Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе ба шарафи ҷашни байналмилалии Наврӯз семинари маърифатию фарҳангӣ баргузор мегардад

Дар Душанбе ба шарафи ҷашни байналмилалии Наврӯз семинари маърифатию фарҳангӣ баргузор мегардад

14-03-2019, 06:45
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе ба шарафи ҷашни байналмилалии Наврӯз семинари маърифатию фарҳангӣ баргузор мегардад


ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз семинари маърифатию фарҳангӣ баргузор мегардад.

Ба иттилои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ташкилкунандагони асосии семинар ба ҳисоб меравад, ҳамоиши фарҳангӣ 19 марти соли равон дар толори Маркази мероси хаттӣ доир карда мешавад.

Дар назар аст, ки дар семинар олимону донишмандони маъруфи кишвар, аз ҷумла академик Акбар Турсон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, доктори илмҳои таърих Санавбар Воҳидова ва дигарон маърӯза намоянд.

«Эҳёи Наврӯз», «Рамзҳои Наврӯз», «Наврӯз дар Эрон», «Баҳори Аврупо», «Наврӯз дар Афғонистон», «Наврӯз дар Қирғизистон», «Анъанаҳои наврӯзӣ дар Покистон», «Ашъори наврӯзӣ», «Бозтоби Наврӯз ва оинҳои он дар шеъри суханварони асрҳои IX-XI» аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар ҳамоиши маърифатию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Инчунин аз ҷониби магистрантон қироати шеъри наврӯзӣ дар назар дошта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: