DataLife Engine > Дар мади назар > Фаронса амалиётро дар Сурия ва Ироқ суръат мебахшад

Фаронса амалиётро дар Сурия ва Ироқ суръат мебахшад


21-01-2016, 17:55. Разместил: admin Фаронса амалиётро дар Сурия ва Ироқ суръат мебахшад«Фаронса ният дорад амалиёти ҳарбиро дар Сурия ва Ироқ суръат бахшад ва мақсад гузоштааст, ки шаҳрҳои Раққа ва Мосулро аз ҳузури ҷангиёни созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» озод намояд», — изҳор дошт президенти Фаронса Франсуа Олланд зимни паёмаш ба намояндагиҳои дипломатии ин кишвар.

Ӯ таъкид кард, ки «Стратегияи мо озоднамоии шаҳрҳои Раққа ва Мосулро дар бар мегирад».

Президенти Фаронса Ф. Олланд ҳамчунин ёдовар шуд, ки рӯзи чоршанбе дар Париж мулоқоти вазирони мудофиаи эътилофи ғарбие, ки бар зидди «Давлати исломӣ» мубориза мебаранд, баргузор гардид.

«Ба амалиёти мо суръат бахшида мешавад. Илова бар ин, мулоқоти вазирон мунтазам гузаронида хоҳад шуд. Мулоқоти қарибулвуқуъ дар шаҳри Брюссел моҳи оянда баргузор хоҳад гашт», — иттилоъ дод Ф. Олланд.
©khovar.tj
Вернуться назад