Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

25-12-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 502 нафар
Назарҳо: 0
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии иқтисодиёт ва сулҳ феҳристи нави нишондодҳои кишварҳои ҷаҳонро таҳия кардааст. Дар ин феҳрист аз рӯйи 23 омил, аз ҷумла низоъҳои дохилӣ, сатҳи зӯроварӣ ва ҷинояткорӣ дар кишвар, муносибатҳои байналмилалӣ ва хароҷоти ҳарбӣ баҳо дода шудааст.

Инак ба таваҷҷуҳи шумо ин феҳрист пешниҳод мешавад, вале шумо ба ҳаайрат наафтед.

Ёдовар мешавем, лоиҳа аз соли 2007 инҷониб амал мекунад ва тибқи нишондоди он аз ҳама кишвари ором ва осоишта чун ҳамеша Исландия ном бурда шудааст.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

1.Сурия
Ба рӯихати кишварҳое, ки вазъияташ сол то сол ноором ва хатарнок мешавад, дар ҷои аввал Сурия қарор гирифтааст.

Дар саросари кишвар даргириҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои ҷангиёни исломӣ, ки талоши ба сари қудрат омадан доранд, рӯз то рӯз вазъиятро муташанниҷ гардонидааст. Гурӯҳи террористии Давлати исломӣ барои ташкили хилофат аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад. Вазъият ҳукумати кишварро маҷбур кардааст, ки аз кишварҳои пешрафта имдод талабад.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

2. Ироқ
Баъд аз хурӯҷи нерӯҳои ИМА дар охири соли 2011 авзои сиёсии кишвар муташанниҷ шуд, ҳамлаҳои террористӣ афзуд. Ба андешаи коршиносони байналмилалӣ дар Ироқ эҳтимоли ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ ҷой дорад.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

3. Афғонистон
Афонистон расман яке аз кишварҳои фақиртарини олам ба ҳисоб меравад Аз соли 1978 инҷониб дар ин ҷумҳурӣ муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд. Бино ба гузориши Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, дар ҷаҳон кишваре нест, ки мисли Афғонистон маводи мухадир истеҳсол кунад.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

4. Ҷумҳурии Африқои Марказӣ
Ин мамлакати хурд яке аз камаҳолитарин кишвар дар Минтақаи Сиёҳ маҳсуб мешавад. Умри миёнаи мардумаш 48 сол буда, қариб 10 фоизи аҳолиаш паҳнкунандагони вируси норасоии масунияти одам мебошанд. Сайёҳон ба ин ҷумҳурӣ кам сафар мекунанд. Сабабаш дар он аст, ки дар ин мамлакат ҳолатҳои роҳзанӣ ва одамрабоӣ хеле зиёд рух медиҳад.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

5. Судон
Дар оғози дуҳазорум ба муқобили ҳукумати расмӣ ду гурӯҳи террористӣ «Ҷабҳаи озодбахши Дарфур» ва Ҳаракати озодихоҳи Судон» ба мубориза бархостанд. Вазъият оҳиста-оҳиста муташанниҷ шуд ва оқибат ба генотсиди аҳолии Африқо оварда расонд . Бо ҳамин сабаб Судон ба қатори мамлакатҳои хатарноки ҷаҳон шомил гардидааст.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

6. Сомалӣ
Дар натиҷаи фаъолияти ҷудоиталабон Ҷумҳурии Федералии Сомалӣ, ба чанд қисм тақсим шуд. Қисмати зиёди қаламрави кишвар зери назорати ҷангсолорон қарор дорад, ки байни худ дар ҳолати муборизаи мусаллаҳона ҳастанд. Бисёр манбаъҳои мустақил шарҳ медиҳанд, ки дар кишвар беҳокимиятӣ ҳукмфармо буда, роҳзанҳои Сомалӣ ба ҳаракати киштиҳои дигар мамлакатҳо ҳамеша монеаҳо эҷод мекунанд.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

7. Покистон
Покистон кишвари муосир ва пешрафта ба ҳисоб меравад, ки ҳатто барномаи ҳастаии худро дорад. Аммо аз ибтидои соли 2000-ум инҷониб дар минтақаи Вазиристон гурӯҳҳои террористии Толибон ҳукмфармо ҳастанд. Ҳукумати мамлакат ба таври расмӣ эълон кардааст, ки дар ин минтақа ҷангиён бераҳмона нест карда шаванд.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

8. Ҷумҳурии Конго
Собиқ мустамликаи Фаронса дар Африқои Марказӣ метавонад яке аз кишварҳои пешрафтаи қитъа бошад. Дарозии умри аҳолаш ба ҳисоби миёна 54 солро ташкил медиҳад. Исёни хурде, ки дар кишвар рух дод, боиси рехтани хунини ноҳақи одамони зиёд гардид.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

9. Нигерия
Нигерия дар Минтақаи Сиёҳ кишвари сераҳолӣ маҳсуб шуда, аммо қаламраваш хеле хурд аст. Дар ин ҷо ҳамеша шаҳрвандони хориҷӣ ба гарав гирифта мешаванд. Мардум ин амалро як роҳи қонунии афзудани даромад ва манбаи зиндагӣ меҳисобанд.

Ғайр аз ин дар ин кишвар гурӯҳҳои фаъоли шӯришгарон амал мекунанд, ки ҳамеша ба ширкатҳои байналмилалӣ ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.
10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015

10. Русия
Таҷҷубовар аст, ки Русияро низ соли 2015 ба қатори даҳгонаи кишварҳои барои сафар ва зиндагӣ хатарнок шомил кардаанд.

10 Кишвари хатарноктарини ҷаҳон дар соли 2015Ба андешаи муҳаққиқон ихтилофи низомӣ бо ҳамсояҳои наздик дар пешниҳод нақши асосӣ дорад. Ҳамчунин коршиносон содироти фаъолонаи аслиҳа, теъдоди зиёди маҳбусон, сатҳи баланди терроризми сиёсӣ, афзоиши нерӯҳои амниятӣ ва таҳдиди амалҳои террористиро дар ин кишвар зикр карданд.
Таҳияи Алӣ Ҷӯра
P.s.: Ба назар чунин мерасад, ки дар таҳияи феҳрист муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи байналмилалии иқтисодиёт ва сулҳ ба мавқеъгирии сиёсӣ роҳ додаанд. Ба рӯихат кишварҳое мисли Яман, Туркия, Фаронса ва ҳатто Амрико, ки борҳо амалҳои террористӣ оромии мардумро халалдор кардаааст, дохил нашудаанд. Аммо ҳайратовар аст, ки Русияро дар қатори кишварҳои хатарнок ном бурдаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: