Аёдати собиқадорони меҳнату ҳизб11-03-2019, 03:58
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати фарорасии баҳори дилафрӯз аёдати собиқадорони меҳнату ҳизбро ба роҳ монд. Аз ҷумла, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба хонаи собиқадори меҳнат Шариф Шодиев ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ин марди рӯзгордида бохабар гардид ва ба аёдатшаванда тӯҳфаҳои кумитаи иҷроияро тақдим намуд. Зимни сӯҳбат Шариф Шодиев аз рӯзгори сипарикардааш дар ҷодаи фаъолияти меҳнатӣ дар мақомоти маҳаллӣ нақлҳои ҷолиб кард. Ҳамчунин, барои таваҷҷӯҳ изҳори минатдорӣ намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.