Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Ба номи Модар”

“Ба номи Модар”

7-03-2019, 05:06
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
“Ба номи Модар”

Бӯстон:- Дар тарабхонаи “Хушбахтӣ”-и шаҳри Бӯстон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии фарҳангӣ-телевизионӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Ба номи Модар” баргузор гардид, ки онро метавон намоиши зебоӣ арзёбӣ кард.Баргузории чунин чорабиниҳо собит менамояд, ки халқи тоҷик дар ҳама давру замон ба Зан-Модар ҳамчун олиҳаи ҳусну малоҳат ва ҳунару санъат арҷ мегузорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ иштирок варзида, паёми табрикотии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қироат намуд. Ҳамзамон, кулли фаъолзанони ҳизбиро, ки аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба ин маҳфили зебо ташриф оварда буданд, табрик гуфт.

Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз номи Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тамоми модарону бонувони дар чорабинӣ ҳузурдоштаро бо иди баҳору зебоӣ ва ҷашни фархунда – Рӯзи Модар муборакбод намуд. Қайд кард, ки дар ҷомеаи мо арҷгузорӣ ба ин олиҳаи зиндагӣ суннати дерина буда, сиёсати ҳадафманди Пешвои миллат дар самти фаъолгардонии занон дар ҳаёти ҷомеа натиҷаи дилхоҳ ба даст овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан-Модар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудаанд. Аз ин ҷост ки занон дар тамоми пояҳои давлатдорӣ ва соҳоти гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир доранд.

Иштирокдорон аз суруду оҳангҳои ҷаззоб ва таронаҳои дилнишини санъаткорони номии вилоят, ба монанди Анвар Қосимов, Гуласал Пӯлотова, Исроил Файзалиев, Нодирабегим Усарзодаву Элдорбек Файзиев ва дигарон ба ваҷд омаданд.

Суруди “ҲХДТ” дар иҷрои Фаррух Садриддинов ва Шаҳбоз Маҳкамов, суруд бо номи “Пешвои миллат” дар иҷрои Фатҳиддин Юсуфӣ чорабинро шукӯҳу шаҳомати хос бахшиданд.

Ҳамин тавр, чорабинӣ дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ гузашт ва хотири ҳозиринро болида сохт.

Иштирокдорон бо як ҷаҳон сипосу миннатдорӣ аз Президенти мамлакат, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи ӯ ба занону бонувон ҳамасола эҳтирому арҷгузорӣ карда мешавад, шукри ободиву осоиштагии Тоҷикистони азиз намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: