Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳангомаву дуруғгӯиҳои наҳзатиён танҳо манфиатхоҳи аст!

Ҳангомаву дуруғгӯиҳои наҳзатиён танҳо манфиатхоҳи аст!

1-03-2019, 05:24
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Ҳангомаву дуруғгӯиҳои наҳзатиён танҳо манфиатхоҳи аст!

Роҳбарияти фирории ташкилоти терророристӣ-экстремистии наҳзати ислом дар хориҷи кишвар бо шиорпартоию афсонапардозӣ аз номи шахсони номаълум дар расонаҳои интернетӣ хабару овозаҳои бофтаи беасос паҳн намуда, худро ғамхори мардум вонамуд мекунанд. Онҳо имрӯзҳо медонанд, ки мардуми кишвар ба сафсатахониҳои онҳо бовар намекунанд, бовуҷуди ин онҳо бо нияти дарёфти пули бе дарди миён дар муколамаҳои худ аз номи шахсиятҳои номаълум дассисаю иғвоҳои навбатии худро пахш менамоянд.

Бо дарки масъулият мегӯем, ки наҳзатиҳо ва дигар думравони онҳо ягон вақт дар фикри пешрафту рушди кишвар набуданду нестанд. Кабирӣ ва ҳамаслаконаш имрӯзҳо ба ҷуз дурӯғгӯию туҳмат, ҳангомаву валвала илоҷи дигаре надоранд.

Мардуми шарафманди баору номуси тоҷик , ки дар ибтидои Истиқлоияти давлатиӣ ин гуна дассисаҳоро таҷриба кардаву талхии онро чашидаанд, ҳамагуна ҳаракатҳо ва ҳарзагӯиҳои ташкилоти террористӣ- экстремистӣ ҲНИ ва роҳбарияти фирории онро маҳкум менамоянд, намегузоранд, ки сулҳу субот, амнияту пойдорӣ ба дастомадаи кишар аз байн равад ва муҳофизати побарҷо будани онро ҳамеша ҳифз менамоянд.

Агар ба сарнавишти ин ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” назар намоем, барои ҳар як сокини кишвар маълум мегардад, ки он дар ҳаққи миллату кишвар чи ҷиноятҳо содир намуданд. Имрӯзҳо роҳбарияти фирории ин ҳизби террористӣ- экстремистӣ бозичаи дасти хадамотҳои махсуси хориҷӣ гардида, барои дарёфти маблағу сармоя ба Ватану миллати худ хиёнат намуда, дар ҳаққи фарзандони бонангу ори он, ки имрӯзҳо баҳри рушду ободонии он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, суханони ноҷову туҳматангез мезананд.

Имрӯзҳо мардуми шарифи кишварамон шоҳиданд, собиқ сарварони ин ҳизби террористӣ, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз гуноҳхои кардаи худ пушаймон шуда, изҳор менамоянд, ки дини ислом барои роҳбарони ташкилоти террористии наҳзат расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон маҳсуб буда, арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои аҳли ҷомеа барои инҳо ҳеҷ аризише надорад.

Боварӣ дорем, ки он рӯз нест, ки роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ ва думравони ангуштшумори ӯ ин воқеиятро дарк мекунанд. Ба онҳо боз як бори дигар муроҷиат намуда, таъкид менамоем, ки агар шумо ин Ватанро дӯст дошта бошед ҳоло ҳам дер нашудааст ба худ оед, мафкураатонро иваз намоед дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои инсондӯстӣ, дар тарбия намудани насли ҷавону ояндасози миллат саҳмгузор бошед, онҳоро аз оқибатҳои манфии сиёсикунонии динӣ огоҳ намоед. Ин аст муроҷиати ҳар як фарди бонангу ори сокини ин Ватан ба ҳамаи онҳое, ки ҳар гуна ҳангомаву дурӯғи бофтаро дар ҳаққи давлату Ҳукумати феълӣ дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд.



Саидмуродова Шаҳло, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: