БАДАНДЕШӢ ВА БАДКОРӢ15-05-2018, 12:05
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолияти пасипардагии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Аврупо ҷараён гирифта истодааст ошкор месозад, ки ҳадафҳои аслии онҳо бадном кардани дини мубини ислом ва бо ин васила аз кишварҳои ба ном ҳимоятгари дин гирифтани кӯмакҳои бедардимиён мебошад. Таҳлилҳо нишон дода истодаанд, ки роҳбари ташкилоти экстремистии мазкур Муҳиддин Кабирӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон терорист эълон гардидаву дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, мунтазам дар гирду атрофи худ ҷавононро ҷамъ намудаву бо онҳо фармудаву оятҳои каломи Раббониро ба хости худаш тарҷума карда баён месозад ва бо ҳар василае, ки бошад онҳоро мехоҳад гумроҳ кунад ва ба гирдори наҳзати касифаш кашонад. Ба рафтору кирдори разилонаи Кабирӣ аз зуҳураш дар ҳизби наҳзати исломӣ то ин замон назар афканем маълум мегардад, ки ин хиёнатпеша танҳо аз террор ва содир намудани амалу кирдори андеша мекунад. Имрӯзҳо кирдору рафтори Кабирӣ танҳо ба бадном кардани кишвар ва дар назди хоҷагони хориҷӣ сиёҳ кардани Тоҷикистон аст. Бо суханбозиву суханпардозиаш ҷавононро ба худ моил карда онҳо мисли худаш аз волидонашон дур месозад. Дар маҷмуъ агар ба фаъолияти наҳзатиҳо ва бахусус раҳбари онҳо террорист Кабирӣ назар афканем маълум мегардад, ки сари ӯ сар нест, балки як таҷҳизотест, ки дар он танҳо андешаи терору қатлу куштор ҷой дода шудааст ва соҳиби он имкони дигар кардани он сарбориро надорад. Бо ин мақсад, аз ҳар як соҳибватан хоҳиш ба амал меорем, ки худ ва ҷигарбандону наздиконатонро аз вабои наҳзат эмин нигоҳ доред. Дилшод Зафарзода, сокини шаҳри Бӯстон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.