Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шурӯъ аз 25 феврал дар Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият оғоз мекунад

Шурӯъ аз 25 феврал дар Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият оғоз мекунад

25-02-2019, 04:26
Хабарро хонданд: 376 нафар
Назарҳо: 0
Шурӯъ аз 25 феврал дар Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 25 феврали соли 2019 дар пойтахти мамлакат хатсайри нави автобусии №29 ба фаъолият оғоз менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, хатсайри мазкур аз Беморхонаи Қарияи боло то маҳаллаи Пахтакор тӯл кашида, автобусҳо тавассути хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С. Шерозӣ, Н. Қарабоев, Шестопавлов ва Борбад ҳаракат менамоянд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир дар хатсайри автобусии №29 истифода баранд», -хабар дод манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ду соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: