Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОРИДОТИ МЕВА АЗ ЧИН МАНЪ НАШУДААСТ

ВОРИДОТИ МЕВА АЗ ЧИН МАНЪ НАШУДААСТ

21-02-2019, 05:30
Хабарро хонданд: 682 нафар
Назарҳо: 0
ВОРИДОТИ МЕВА АЗ ЧИН МАНЪ НАШУДААСТ

Имрӯзҳо миёни баъзе аз табақаҳои ҷомеа сару садоҳое мавҷуд аст, ки гӯё воридоти маҳсулоти мевагии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ шудааст. Масъалаи ба ҳадде кам шудани воридоти меваҷот аз хориҷа ба Тоҷикистон, инчунин гӯё ҷиддӣ шудани назорат ва талабот ба воридоти мевагӣ аз Чин ба Тоҷикистон дар расонаҳои иттилоотӣ низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Бобати дарёфти посухи амиқ аз вазъи бавуқӯъомада муроҷиат намудем ба Агентии Тоҷикстандарт.
Қудрат Давлатзода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ин мавзуъ шахсан дар суҳбат бо мо гуфт: “Қобили қайд аст, ки солҳои охир тавассути татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти воридотивазкунанда на танҳо воридоти меваҳо, балки аксар маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои саноат низ коҳиш ёфтааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати иқтисодии давлат воқеан самаранокии худро собит сохта, ба рушди истеҳсолоти ватанӣ мусоид карда истодааст. Вобаста ба коҳиши воридоти мева аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки дар ин самт ягон чораи маъмурии пешгирии воридот таҳия ва татбиқ нашудааст. Вобаста ба ин гуфтаҳо ва бобати рўшан намудани ҳақиқати ҳол таҳлил бояд кард”.

ТАҲЛИЛ

Бо дарназардошти манфиати муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ афзоиш ёфтани талаботи бозори ҷаҳонӣ ба меваҳои хушку тару аз лиҳози экологӣ тоза барои кишварҳои офтобиву аз лиҳози иқлим мевапарвар чун Тоҷикистон, ин соҳа яке аз самтҳои аслии даромад ва дар заминаи он боло бурдани вазъи некуаҳволии мардум дониста мешавад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дарки ин ҳолат ва манфиатовар будани соҳаи боғу токпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешбурди ин соҳа як қатор барномаҳои амалие ба тасвиб расонида, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба афзоиш ёфтани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишварзӣ зикр шудааст, ки “Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст”.
Воқеан ҳам таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то солҳои 90-уми қарни гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 63,7 ҳазор гектар боғҳо мавҷуд буданд, ки имрӯз ин шумора ба 190 ҳазор гектар расидааст.

БАРНОМАҲОИ АМАЛӢ ДАР СОҲА

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини аҳолии кишвар бо меваҷоти ватанӣ ва ҳамзамон содир намудани ин намудаи маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои мақсаднокеро ба тасвиб расонидааст. “Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010”, “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” аз зумораи онҳо ҳисобида шуда, дар ин самт, инчунин 27 августи соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” ба тасвиб расида буд, ки дар бахши боғу токпарварӣ таккони ҷиддӣ бахшид.

Ба андешаи Қудрат Давлатзода барномаҳои амал дар соҳа омили аслии рушди истеҳсоли меваҷоти ватан ва дар ин замина коҳиши воридоти он аз хориҷа мебошад. “ Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба бунёди боғҳои интенсив ба шумор меравад. Қобили қайд аст, ки бо мақсади танзими заминаҳои институтсионал ҷиҳати рушди боғу токпарвар дар кишвар як қатор барномаҳои соҳав таҳия, қабул ва татбиқ карда шуданд. Омори расмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имрўзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як нафар аҳол 42,1 кг.мева ва буттамеваҳо ва 24,8 кг. Ангур истеҳсол карда мешавад. Дар баробари ин тавассути андешидани чораҳои муайяни агротехник ва бунёди боғҳои интенсив ва суперинтенсив ҳосилнокии мевагиҳо ва ангур низ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Айни замон, майдони умумии боғу токзорҳо қариб 200 000 га. ташкил медиҳад, ки соли 2017 дар онҳо зиёда аз 630 000 т. мева ва ангур истеҳсол карда шудааст. Яъне, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ омили якуми коҳиши воридоти мева ба ҳисоб меравад»- мегўяд Қудрат Давлатзода.
Ба ақидаи муҳаққиқон шароити замон ва зиёд гардидани талаботи давлатҳои Русияву Қазоқистон ва дигар мамолики ҷаҳон ба меваҷоти истеҳсоли Тоҷикистон зарур шуморида шуд, то Барномаи мазкур қабул гардид.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи боғу токпарварӣ метавонад ба ған гардонидани бозори дохилӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

МЕВА АЗ ЧИН МАНЪ НАШУДААСТ...

Аз суҳбатҳое, ки мо бо тоҷирон доштем бармеояд, ки мақомот воқеан ҳам дар самти воридоти маҳсулоти мевагӣ аз Хитой ва дигар кишварҳои хориҷ ҳеҷ монеа ҷорӣ накардаанд, балки бо зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти мевагии ватанӣ ва дастрас будани арзиши он ба ҷомеа ниёз ба ворид намудани ин номгӯй маҳсулот аз хориҷа намондааст.
Қудрат Давлатзода: “Чи гўнаи дар боло зикр шуд омили якуми коҳиши воридоти мева ин таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғҳои интенсивӣ буд, омили дигар, ин дастгирии давлатии ташаббусҳои соҳибкорон ва ширкату корхонаҳои ватан дар самти бунёди сардхонаҳо ва аз худкунии технологияи нигаҳдории меваҷот ба ҳисоб меравад. Агар солҳои қабл истеҳсолкунандагони маҳсулоти соҳаи боғу токпарвар ва соҳибкорон дар мавриди нигаҳдории намуди мол ва сифату тамъи меваҷот мушкилиҳои зиёд доштанд, имрўзҳо тавассути бунёди сардхонаҳои муосир ин масъала ҳалли худро ёфтааст. Вобаста ба ин, як нуктаи муҳим қобили таваҷҷуҳ аст, ки бо бартараф шудани маҳдудияти таъмини аҳол ва соҳаҳои хоҷагии халқ бо нерўи барқ низ аз ҷумлаи омилҳои асосии таҳкими иқтидори сардхонаҳои кишвар мебошад. Омилҳои дар боло қайдшуда сабабҳои калидии коҳиши воридоти мева, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кишвари мо мебошад”.

Маврид ба ёдоварист, ки мувофиқи дурнамои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 бояд дар мамлакат 20 ҳазору 153 гектар, аз ҷумла 502 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шаванд.
Айни замон бо андухтани таҷрибаи кишоварзони хориҷӣ дастовардҳои деҳқонони тоҷик дар соҳаи боғу токпарварӣ назаррас буда, боғпарварӣ дар 3 самт рушд меёбад, ки он ҳам “экстенсивӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ” мебошад. Мувофиқи иттиллои дастрас усули боғпарварии интенсивӣ дар Тоҷикистон соли 2011 оғоз ёфта, то имрӯз дар Тоҷикистон 581 гектар чунин боғот бунёд карда шудаанд. Танҳо давоми соли 2018 дар мамлакат дар майдони 2 ҳазору 858 гектар боғу токзор бунёд гардид. Имрӯз низ дар мамлакат ҷараёни бунёди боғу токзор идома дошта, соли 2018 зиёда аз 49 ҳазор гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд. Ба гуфтаи кишоварзон боғҳои интенсивӣ дорои афзалияти зиёд буда, дар муддати 2-3 сол ба ҳосил медароянд ва хароҷоти худро дар кӯтоҳтарин муддат мепӯшонанд. Инчунин боғҳои интенсивӣ имконият доранд, ки аз як гектар то 40-50 тонна ҳосил диҳанд.
“Ҳамзамон, ташкили сардхонаҳо ва анборҳои махсусгардонидашуда ҷиҳати нигоҳдории меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳур имконият фароҳам меорад, ки дар фаслҳои зимистону баҳор низ бозори истеъмол бо меваҳои тару тоза таъмин карда шавад. Албатта чунин тадбирҳо ва татбиқи барномаҳои зикргардида аз омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки ба коҳиш ёфтани воридоти меваю сабзавот ба ҷумҳур мусоидат менамоянд” - изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат, Қ. Давлатзода.
Дар интиҳо месазад зикр намуд, ки гузаштан ба шаклу усулҳои муосир дар ҷодаи бунёди боғу токзор, ба даст овардани ҳосили фаровон ва дар баробари таъмини бозори дохиливу коркарди маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои хориҷӣ талаботи рӯз буда аз сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: