Боздид аз Кооперативи истеҳсолӣ - тиҷоратии “Раҳмон Футур” дар ноҳияи Данғара5-11-2018, 15:07
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
05.11.2018 14:27, ноҳияи Данғара
Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии Раҳмон Футур шинос шуданд. Майдони умумии хоҷагӣ дар маҷмуъ 439 гектарро ташкил медиҳад ва аҳли меҳнат ба ғаллакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд. Майдони боғоти хоҷаги имрӯз тақрибан 100 гектарро дар бар мегирад ва дар он асосан ниҳоли дарахтони меваҳояш ба содирот нигаронидашуда шинонида шудааст. Аз ин майдон 25 гектараш боғи интенсивӣ мебошад ва дар он 10 намуди ниҳоли дарахтони себ шинонида шудааст. 75 гектари дигарашро бошад, ниҳоли дарахтони зардолу, олу, гелос ва нок ташкил медиҳад. Қаблан дар ин ҷо ангурбоғ буд ва аз он давоми солҳои охир гирифтани ҳосил ғайриимкон гашта, ру ба нестшавӣ оварда буд. Дар доираи иҷрои ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 дар ин мавзеъ бунёди боғ оғоз гардид. Ҳоло дар доираи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии “Раҳмон Футур” 90 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд. Барои бунёди боғ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара асосан заминҳои лалмӣ аз ҳисоби талу теппаҳо аз худ карда мешавад. Заҳмати пайваста ва равнақ додани соҳаи кишоварзӣ имрӯз аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии сокинони ин ноҳияи аграрии мамлакат маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки танҳо соли 2018 дар доираи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 дар ноҳияи Данғара дар майдони 154 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Ҳамчунин дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғи меваҳояш содиротӣ дар майдони 100 гектар оғоз гардид. Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангури навъи ҳусайнии сиёҳу сафед шинонида, ба кишоварзон дар самти амалӣ намудани ин иқдоми нек барору комёбӣ орзу карданд. Ҳамчунин дар ин ҷо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Аз тарафи бонувони ҳунарманд бошад, намунаҳои таомҳои миллӣ ва намудҳои гуногуни нон омодаву пешниҳод карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар Кооперативи истеҳсолӣ - тиҷоратии “Раҳмон Футур” аз 10 то 15 тоннагӣ ҳосили бодом, олу ва нок ҷамъоварӣ карда шуд. Обёрии майдони боғот бо истифода аз ду пойгоҳи обкашӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз аллакай аз майдони умумии хоҷаги тақрибан 70 фоизи он ба ҳосил даромадааст. Ҳамчунин ояндаи наздик дар ҳамин ҷо бо мақсади захира кардани ҳосили боғот барои 2 ҳазор тонна мева сардхона сохта мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, кишоварзонро барои идомаи заҳмати пайваста, таъмини рушди дучанди соҳа ва ҳамин гуна бунёду нигоҳубини боғҳои намунавӣ ҳидоят намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.