Сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва боздид аз боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” дар Хоҷагии фермерии “Асадулло”1-10-2017, 13:30
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
01.10.2017 14:04, ноҳияи Хуросон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” оғоз гардид. Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шудааст. Бо таъсиси боғи нав беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд. Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад. Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд ва тайи солҳои охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд. Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки Президенти мамлакат бо амалӣ кардани он ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ин минтақа заминаи мусоид фароҳам оварданд, ин бунёди ҳазорон гектар боғи нав ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ мебошад. Танҳо дар заминҳои Хоҷагии фермерии “Асадулло” солҳои охир бо афзоиши майдони боғу токзор зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. 23 феврали соли 2016 дар Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” бо иштироки Сарвари давлат дарахтони себ ва 4 марти соли 2017 дар 6 гектари ҳамин боғ 3000 адад ниҳоли олу шинонида шуда буд. Аз бештар аз 200 гектар боғи интенсивии себ 80 гектараш дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” шинонида шудааст, ки нашъунамои хуб дорад. Дар Хоҷагии фермерии Асадулло давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди ниҳоли дарахти себ, аз ҷумла Новелла, Даря, Эрлимак, Редфрӣ, Дейтон, Прима, Флорина, Либертӣ, Голдраш, Чемпион, Пинова, Фуджӣ, Грани Смит ва ғайра шинонида шудааст. Дар маҷмуъ боғу токзори хоҷагӣ беш аз 2000 гектарро ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳ ба боғи интенсивӣ бештар буда, дар маҷмуъ боғи интенсивии себ дар ин хоҷагӣ беш аз 200 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз садҳо гектар боғи нав бунёд намоянд. Дар ин хоҷагӣ бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти мамлакат беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, челон ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва имкон аст, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд. Боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Хоҷагии фермерии “Асадулло” бисёрсоҳа буда, бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зироатҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахуд, зағер, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст. Ҳамчунин бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагӣ 60 оилаи занбур дастрас карда шуд. Дар ҳудуди хоҷагӣ ду сардхонаи калон бо иқтидорҳои 300 ва 1000 тонна мавҷуд аст. Айни ҳол меҳнаткашони хоҷагии фермерии “Асадулло” ба ҷамъоварии ҳосили олу, себ, челон ва ангур машғул мебошанд ва ба хотири талаф наёфтани ҳосил онро дар сардхонаҳо нигоҳубин менамоянд. Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон дастур доданд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат дар ноҳияи Хуросон имкон фароҳам аст, ки ба хориҷи кишвар ба ғайр аз меваю сабзавоти тару тоза ва хуштамъ, инчунин маҳсулоти консервашуда содирот гардад. Аз ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ташкил карда шавад. Мавриди зикр аст, ки табиат ва иқлими Тоҷикистон барои парвариши на танҳо зироатҳо, балки барои рушди боғу токпарварӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” дар саросари кишвар бо дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна бомаром идома дорад. Дар маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ бо иштироки ҳазорон нафар мардуми меҳнатқарини ҷумҳурӣ ҳамасола дарахтони гуногуни мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд. Солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти кишвар бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст. Корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ бомаром идома дорад. Дар гушаву канори ноҳияҳои пойтахт дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои гуногун шинонида мешавад, ки ба симои марказҳои фарҳангию истироҳатӣ таровати тоза мебахшанд. Ҳамаи ин тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, ки аз аҷдодони пурифтихор ба мо мерос мондааст, бо роҳнамоию ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат сурат мегирад ва он аз завқи баланди зебоипарастии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.