НОЗИМ ШОДИЕВ: «БО ГӮШКОВАКУ ГӮГИРДЧӮБ ТОЗА НАМУДАНИ ГӮШ БОИСИ СӮРОХ ШУДАНИ ПАРДАИ ОН МЕГАРДАД»19-02-2019, 13:27
Хабарро хонданд: 741 нафар
Назарҳо: 0
Табибони «Беморхонаи Ибни Сино»-и пойтахт имкон пайдо карданд, ки тавассути дастгоҳи махсус қобилияти шунавоии тифлони нав бадунёомадаро сари вақт ва дақиқ ташхис кунанд. Дар ин хусус ва дигар масъалаҳои вобаста ба бемориҳои узвҳои сомеа бо чанд суол ба мудири бахши гӯшу гулӯ ва бинии ин беморхона Нозим Шодиев муроҷиат кардем. - Муҳтарам Нозим Шокирович, ҳоло ки фасли сармо ҳукмрон аст, шумораи онҳое, ки аз бемориҳои узвҳои сомеа ба шумо муроҷиат мекунанд, зиёд аст? - Барои инсон ҳар як узви баданаш азиз аст. Вақте ки ин ё он узви бадан ба дард меояд, хаёл мекунед, ки аз ҳама дарди сахт ҳамон аст. Ба фармудаи Саъдии бузургвор: Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор Масалан, агар гӯши шумо дард кунад, ҳис мекунед, ки аз ин дарди зӯртар нест. Зеро гӯш яке аз узвҳои муҳими бадани инсон маҳсуб ёфта, маҳз тавассути он мо овозу суханҳоро мешунавем ва бо одамон дар алоқа мешавем. Ҳамарӯза нафарони зиёд барои табобати бемориҳои гӯшашон ба маркази мо муроҷиат мекунанд. Мо дар навбати худ онҳоро муолиҷа намуда, бо мақсади пешгирии бемориҳои узви сомеа тавсияҳо медиҳем. - Бемориҳои узви сомеа чӣ гуна пайдо мешаванд? - Гӯши инсон аз се қисм иборат аст: берунӣ, миёна ва дарунӣ. Гӯши берунӣ аз суфраи гӯш иборат буда, роҳи берунии сомеа аз он ибтидо мегирад. Суфраи гӯш лавҳачаи тағоякиест, ки бо пӯст пӯшида шудааст. Танҳо як қисми хурди суфра – нармии гӯш бе тағояк аст. Роҳи берунии сомеа нисбатан васеъ бошад ҳам, тақрибан дар миёнаҷо хеле танг мешавад ва шакли гарданаро мегирад. Инро ҳангоми аз гӯш баровардани ягон чизи бегона бояд ба назар гирифт. Роҳи берунии сомеа бо пӯст пӯшида шудааст, ки мӯй ва ғадудҳои чарб дорад ё чирки гӯш меноманд. Он дар ҳама ҳолат гӯшро муҳофизат мекунад ва ҳангоми чизеро хоидан ё гап задан худ аз худ ва тадриҷан берун мебарояд. Дар натиҷаи аз ҳад зиёд ҳосил шудани чирк он роҳи сомеаро банд месозад. Девораи пеши роҳи берунии сомеа бо буғуми чоғи поён ҳамҳудуд аст. Бинобар он ҳангоми бемориҳои илтихобӣ ҳангоми кушодани даҳон гӯш дард мекунад. Умуман бемориҳои узви сомеаро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард: 1. Модарзодӣ - вобаста ба шакли анатомӣ ва физиологӣ, ба монанди дуруст инкишоф наёфтан ё пурра набудани суфраи гӯш, пурра ё қисман баста будани канали гӯши беруна, пастшунавоии нейросенсорӣ ва ғайраҳо. 2. Бемориҳои баъдан пайдошуда, ба монанди порашавии пардаи гӯш, илтиҳоби пардаи таблӣ, осеби суфраи гӯш дар натиҷаи зарба, пастшунавоии нейросенсорӣ дар натиҷаи осеби садои баланд ё ин ки доруворӣ ва инчунин часпиши устухончаи гӯш пас аз бемориҳои илтиҳобӣ ва фасодӣ. Сари вақт муолиҷа накардани газаки гӯши миёна, гӯши дарунӣ, асаби сомеа, инчунин отосклероз ба заъфи қобилияти шунавоӣ ё карӣ оварда мерасонад. Аксаран бемориҳои сироятӣ, инчунин истеъмоли худсаронаи антибиотикҳо (асосан ҳангоми худмуолиҷа), кор дар ҷои сермағал ва истифода набурдани василаҳои ҳифзи саломатӣ сабаби гӯшвазнинӣ ва карӣ мешаванд. Ин махсусан дар синни кӯдакӣ хавфнок аст. Волидайн бояд ба он аҳамият диҳанд, ки кӯдак чи хел мешунавад ва дар сурати паст будани қобилияти шунавоии ӯ дарҳол ба духтур муроҷиат кунанд. - Анализатори сомеа гуфта чиро дар назар доранд? -Анализатори сомеа ба се қисм тақсим мешавад: берунӣ, мобайнӣ ва дохилӣ. Аз лиҳози физиологӣ ва анатомӣ анализатори сомеаро ба ду қисм тақсим менамоянд: садогузарон (суфраи гӯш, гузаргоҳи гӯши беруна, пардаи таблӣ, усухончаҳои сомеа, моеи лабиринт) ва қабулкунандаи садо (узви морпеч ва маркази мағзи сар). Дуруст инкишоф ёфтани ҳар як қисмати узви сомеа муҳим буда, дар оянда барои ташкили нутқи равон ва инкишофи психикӣ саҳми муҳим дорад. - Дар бораи аломатҳои бемории гӯш каме ҳарф мезадед. Мегуфтед, ки ташхис ва роҳҳои табобати ин гуна беморӣ чӣ гуна ба роҳ монда мешаванд? - Аломатҳои бемориҳои сомеа гуногун буда, вобаста аз навъи беморӣ мебошанд. Бинобар ин аломатҳои беморӣ дар натиҷаи муоина ва ташхиси бемор муайян мегарданд. Нишонаҳои асосии бемориҳои узвҳои сомеа пастшунавоӣ, набудани аксуламал ба садои атроф дар кӯдакони навзод, овози бегона дар гӯш, дардмандии шадиди гӯш, хориҷ шудани фасод аз гӯш ва ғайра мебошанд. Яке аз аломатҳои амрози гӯш ихтилоли сомеа мебошад. Аз ин рӯ барои муайян намудани онҳо муоинаи сомеа муҳим аст. Ҳангоми муоина нафақат қувваи сомеа ва дараҷаи заъфи қобилияти шунавоӣ, балки ҷои осебдидаро низ метавон муайян кард. Сомеа бо усулҳои гуногун, бештар бо ёрии пичирросзанон ё ба забони гуфтугӯи гап задан, инчунин бо ёрии камертон муоина карда мешавад. Камертон асбобест, ки овози софу тоза (бо миқдори муайяни лаппишҳо дар ҳар сония) хориҷ мекунад. Бо ёрии асбоби махсус – аудиометрия кори узви сомеаро боз ҳам аниқтар муайян кардан мумкин аст. Ташхис ва табобати беморон пас аз муоинаи бемор аз тарафи духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ гузаронида мешавад. Ташхиси кӯдакони навзод каме мушкил аст. Тавре шумо медонед, қаблан зимни табобати бемориҳои узви шунавоӣ баъзе мушкилиҳо ҷой доштанд. Дар баробари ин бархе аз беморон барои табобати чунин намуди бемориҳо ба хориҷи кишвар сафар мекарданд. Хушбахтона, имрӯз маркази мо дорои дастгоҳ ва таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили OAE, ASSR ва ABR мебошад. Ин дастгоҳҳо ташхисро дуруст ва дақиқ нишон дода, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Чизи дигари муҳим он аст, ки дар маркази мо дастгоҳе насб гардидааст, ки имкон медиҳад узви шунавоии тифлони нав ба дунё омада сари вақт ва дақиқ ташхис шавад. -Барои пешгирӣ намудани бемориҳои узви сомеа ба сокинони мамлакат чӣ маслиҳат медиҳед? - Пеш аз ҳама, дар фасли сармо пӯшидани кулоҳ ва шарфро фаромӯш набояд кард. Ҳамзамон худдорӣ аз истифодаи гӯшковакҳо, гӯгирдчӯб, ҷисмҳои нӯгтез ва ғайра барои тоза намудани гузаргоҳи гӯши беруна, ки сабаби оризаҳо, аз қабили манъи тозашавии табиӣ, сахт шудани серумени гӯш, дучанд шудани серумени гӯш, дарунтар тела кардани серумени гӯш ва ҳатто сӯрох намудани пардаи гӯш шуда метавонанд. Ба нафарони бо садои баланд сарукор ва фаъолиятдошта истифодаи ҳатмии ҷиҳози садопасткунанда тавсия дода мешавад. Махсусан ба бемориҳои роҳҳои болои нафас ва илтиҳоби шадиди гӯши мобайнӣ аҳамият додан зарур аст. Ба назди мутахассиси соҳа нарафтан ва машғул шудан ба худтабобаткунӣ сабаби шакли музмин гирифтан ва оризаҳои гуногун пайдо кардани беморӣ мегардад. Баробари каме дард кардани гӯш беморро зарур аст, ки сари вақт ба мутахассиси гӯшу гулӯ ва бинӣ муроҷиат кунад. Дар сурати риояи талаботи мазкур шахс метавонад солимии худро ҳифз намояд. Ҷамъияти солим ободии кишвар аст. Аз ин лиҳоз сари вақт пешгирӣ намудани ин гуна оризаҳо ва ташхиси дақиқи кӯдакони навзод дар шароити таваллудхонаҳо бисёр муҳим ва шарти асосии саломатӣ мебошад. Нарзулло АЛИЗОДА, рўзноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.