Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Дил ҳамрози мо...

6-07-2017, 09:52
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
         Дил ҳамрози мо...
Дил аз узвҳои муҳими инсон буда, фаъолияти тамоми ҷисми моро танзиму таъмин мекунад. Ҳоло мо ба ин кор надорем, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз аз байни узвҳои бадан бештар дил мавриди ситоиши инсонҳо, аз ҷумла шоирон қарор гирифтааст. Аммо мафҳумҳои дили беқарор, дилшикаста будан, дил додану дил бурдан, дудила шудан, ба дилу гурда будан, ба дил гирифтан (ё нагирифтан), ки қариб ҳар лаҳза аз забони якдигар мешунавем, ба мо муҳим будани ин узвамонро ёдоварӣ мекунанд. Дар баробари ин ҳолатҳое зиёде ҳастанд, ки мо ногузир бо беморию беморони ин узви бадан рӯ ба рӯ меоем ва ё дар суҳбатҳо аз ранҷе, ки мекашанд, огоҳ мешавем.
Бо духтури дилшинос (кардиолог), муовини раиси Маркази бемориҳои дили шаҳри Душанбе Салимов Ҷунайдулло Маҳмадалиевич мо дар ҳоле мусоҳиб шудем, ки бо вуҷуди дар рухсатӣ будан он саҳар ба коргоҳаш омада, ба қабулу тавсияҳо додан ба мизоҷон машғул буд.
- Кӯшиши кам - кам роҳ рафтан карда истодаед, ё на? –мепурсад аз нафаре, ки чанде пеш дар ин марказ табобат шудааст.
- Ҳа, то панҷ километр ҳар рӯз роҳ меравам…- Аз ин ҷавоб духтур қаноатманд шуда, ба ӯ «офарин!» мегӯяд.
Бо нафари дигар дар бораи зарари носу сигор сухан мегӯяд.Зеро мизоҷ донистан мехост, ки агар сигорро партояд, нос кашиданаш мумкин ҳаст ё на?
Аммо духтур бо нармӣ фаҳмонд, ки нос ҳам тамоку аст. Он ҳам рагҳои хунгузарро оҳиста – оҳиста танг ва қобилияти рагҳоро кунд мекунад. Зарари расида ба рагҳо замоне маълум мешавад, ки одам кори ҷисмонӣ мекунад. Дар ин ҳолат организм хун металабад, аммо бинобар танг будани рагҳо гардиши хун мушкил ва кас нороҳат мешавад.
Аввалин пурсиш ҳам аз суҳбати худи ӯ пайдо шуд. Маълум гардид, ки баробари ба поёнрасидани моҳи Рамазон муроҷиати беморон зиёд шудааст.
- Фақат дирӯз 18 нафарро хобондем, ба чанд нафари дигар тавсияҳо дода ҷавоб додем,- гуфт ӯ дар омади гап.
Таваҷҷуҳи моро ба ин мавзӯъ пай бурда лозим донист, ки шарҳи бештаре диҳад: - Албатта,
сабаби якбора зиёд шудани беморони муроҷиаткунанда фақат рӯзадорӣ нест, балки худи муносибати мардум ба бемориашон ва риоят накардан ба реҷаи хӯрокхӯрӣ аст.
«Кам – кам чашида, зиёд мехӯрем»
- Ҳама дар айёми ид рӯҳияи идона доштем ва ҳар кадоме аз мо куҷое рафтем, чизе мехӯрдем. Хоҳишҳои пай дар пайи наздикону дӯстон боис мешуд, ки аз меъёр зиёд хӯрем. Худи ман ҳам дар ин рӯзҳо аз хона сар карда, то лаҳзаҳои меҳмонӣ аз меъёр зиёд хӯрдаму чашидам.
- Агар фақат рӯзадорӣ набошад, пас сабаби зиёд гардидани ҳолатҳои муроҷиати шаҳрвандон ба марказҳои саломатӣ боз дар чист? – пурсидам аз ӯ.
- Пеш аз ҳама маро бояд дуруст фаҳмед ва ҳар чӣ мегӯям, ба маънои ташвиқи рӯза нагирифтан нафаҳмед, чунки ман худ муътақидам, ки рӯзадорӣ барои пешгирии баъзе бемориҳо ва ё муолиҷаи онҳо фоида дорад. Аз сӯи дигар, ба ман зиёрати хонаи Худо насиб гардидааст ва ман ҳоҷиам. Аммо ҳеҷ ҷои пӯшидан ва сиррӣ нигоҳ доштан нест, ки чӣ тибқи шариат ва чӣ аз рӯи қонуни тиб барои мубталоёни бемориҳое ба монанди фишорбаландӣдиабети қанд, онҳое, ки нишонаҳои хунравии майнаи сар доранд, ба касоне, ки мубталои сактаи дил шудаанд, 15-17 соат чизе нахӯрдан, албатта хатар дорад. Одами рӯзадор нафақат тайи ин муддат чизе намехӯрад, балки дар ин дарозои вақт чизе наменӯшад. Дар гармои рӯз қисмате аз оби баданаш бухор мешавад. Гап дар хӯрдан ҳам нест, аммо вақте кас чизе наменӯшад, об аз бадан арақ карда мебарояд, ки ин боиси пайдоиши гемоконсентратсия мешавад, яъне хуни бадан ғафс мешавад, хун ғафс, ки шуд, хатари пеш омадани инсулт, фалаҷ шудани майнаи сар пеш меояд, ин ҳолат ба беморони гирифтори ҳар гуна дардҳо оқибати нохуш меорад. Бемороне ҳастанд, ки дар ҳар чанд соат дору бояд хӯранд, дар сурати таъхир дар истифодаи дору беморӣ авҷ гирифтанаш мумкин аст. Баъзе навъҳои дору ду соат, баъзеи дигар шаш – ҳашт соат таъсир дорад, вақте ки таъсири дору аз бадан рафт, эҳтимоли афзоиши хатарӣ аворизи беморӣ меафзояд. Касе, ки гирифтори фишорбаландӣ аст, пас аз гузашти шаш соат чӣ кор кунад,агар рӯзадор бошад, бояд, ки шомро интизор шавад, агар хӯрад, рӯзааш мешиканад, нахӯрад, вазъи саломатиаш бадмешавад. Агар дору нахӯрад, фишораш баланд шуда, билохира раги сараш медарад, раг, ки дарид, дар мағзи сар монеаҳо барои гардиши хун пайдо мешаванд, ки дар натиҷа рагҳои хунгарди дил маҳкам шуда, боиси сактаи дил мегардад. Ана ин гуна нозукиҳо дорад, рӯзадорӣ. Як сабаби афзоиши шумораи беморон пас аз Рамазонин аст, ки ҳамон тартиби табобат, аз ҷумла истифодаи доруҳои тавсияшуда аз сӯи духтурон халалдор шудааст.
- Ҳангоме бемор меояд ва аз шумо мадад мехоҳад, пеш аз ҳама чиро ба эътибор мегиред?
- Бемор чӣ бо фишори баланд омада бошад, ё чӣ ба ҳангоми хастагии асаб ба мо муроҷиат мекунад, вақти муоинаву тавсия додан ба ӯ чанд чизро ба инобат мегирем. Ин чизҳо иборатанд, якум дар назардоштани омилҳои хатар. Яъне он омилҳое, ки ба худи инсон вобастагӣ надорад. Пеш аз ҳама синну соли бемор ваирсиятро ман дар назар дорам. Ҳар кадоме аз мо медонем, чун синнусол рафта бошад, кас хоҳу нохоҳ ба ягон беморӣ гирифтор мешавад, ё агар падар ва ё модар бемории ирсӣ доштабошанд, барои фарзанд низ эҳтимолиба он беморӣ мубтало шудан мавҷуд аст.Агар падар дар вақташ гирифтори бемории фишорбаландӣ (гипертония) бошад, фарзанд низ ба эҳтимоли зиёд бо мурури вақт ба ин дард мубтало мегардад. Аммо ин гап ба маънои он нест, ки барои пешгирӣ коре накунем, баръакс, бо донистани бемориҳои ирсии падару модар мо имкони бештари пешгирии бемориҳои ирсиро хоҳем дошт.Масалан, барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ ё партофтани вазни зиёдатӣ ҳаракати бештар ва одат накардан ба камҳаракатиро тавсия медиҳем.Танзими хӯрокхӯрӣ ва зиёд нахӯрдан ҳам аз дигар тавсияҳои мо ба беморон аст. Бисёриҳо ба хӯрдани ғизоҳои бомаза ва бирён ҳавас доранд, вале вақти истеъмоли ин гуна ғизоҳо дар бораи оқибаташ фикр намекунанд. Ба инобат намегирем, ки барои кам шудани вазн ба ғизоҳои бирёну кабоб камтар майл кардан лозим аст.
- Бисёриҳо бовар доранд, пешгирии бисёре аз бемориҳо ба худи шахс вобаста аст, аммо тарзи риояи инро на ҳама медонанд…
- Пеш аз ҳама мо бо тағйир додани тарзи зиндагии худ ва одат намудан ба ҳаёти солим худро аз бемориҳои ирсӣ ва баъзе аз бемориҳои синнусолӣ метавонем ҳимоя кунем. Масалан,чанд километр ҳаракат кардан, ба нафъи организм аст. Барои онҳое, ки носу сигор мекашанд, тавсия медиҳем, ки ин одатро партоянд.Онҳое, ки ин тавсияро иҷро мекунанд, фоидаашро мебинанд. Мо пештар бо нафаре аз мизоҷон дар бораи роҳҳои табобати дардҳо бо дору ва табобат бе истифодаи дору гап задем, яъне дар сурати риояи тавсияҳои табибон метавонем аз роҳи дуюм, яъне бе истифодаи дору ҳам худро дармон бахшем.
Дар бисёр давлатҳои пешрафта барномаҳои маъмули пешгирӣ аз бемориҳо ҳаст. Дар Тоҷикистони мо ҳам як муддат бо сарпарастии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ чунин барнома қисман ва барои як муддат иҷро шуд. Ин чӣ барнома буд? Чанд нафар пизишк хона ба хона гашта, фишори ҳар кадом аз аҳли оила, дараҷаиқанд ва вазнро месанҷиданд, чарбӣ ё фарбеҳии зиёдатӣ (висцеральный жир) – ро барои мардон алоҳида барои занҳо алоҳида маълум мекарданд. Баъд дар асоси натиҷаҳои санҷишу ташхис барои пешгирӣ аз бемориҳо тавсияҳо медоданд. Дар гузашта мо инчунин чанд барномаи солимгардониро дар сатҳи ҷумҳурӣ ба иҷро расондем. Масалан, Барномаи миллии кам кардани таъсири омилҳо ва коҳиши бемориҳои дилро доштем, ки тайи солҳои 2007 -2015 мавриди иҷро қарор гирифт. Бо аҳолӣ вохӯрдем. Аз ҷумла худи ман ба масҷидҳо рафта суҳбат кардам. Мақсад аз суҳбат дар масҷид ин буд, ки андаке ҳам бошад, тарзи ҳаёти солимро ба мардум фаҳмонем. Дар ҳар тӯю маърака меҳмонро боло шинонда табақи сергӯшту серравғанро пешаш мегузоранд. Дар тасаввури мо, ғизои ҳамранги дигарон гузоштан пеши меҳмонайб ва беҳурматӣ ҳисоб мешавад. Бисёриҳо аз ин ҳатто меранҷанд. Аммо дар суҳбатҳо мо фаҳмондем, ки зиёдғизои серравған хӯрдану пур хӯрдан оқибати нохуш барои саломатӣ дорад ва аз ин одат мо кам –кам бояд дур шавем. Албатта қонуни тиҷорат нозукиҳои худро дорад ва савдогарону пазандаҳо ба ҳар роҳ барои ҷалби мизоҷон шабу рӯз фикр мекунанд, ҳоло бинед, аз як ош чандин намуд пухта мефурӯшанд: оши як ба як, оши бо қабурға, ошибо равғани думба, оши ба мавиз, оши Хуҷанд, оши Бухоро, Панҷакент ва ё Самарқанд… Мо вақти интихоби хӯрок фикр намекунем, ки чарбӯ ё равғани он то чӣ андоза зарарнок аст. Дар таҷрибаи пухтупази бисёре аз миллатҳо вақти истеъмоли ин намуди хӯрокҳо хеле эҳтиёт мекунанд. Дур намеравем, мардуми Эронро мегирем. Қассобону пазандаҳои эронӣ чарбӯи гову гӯсфандро аслан истифода намебаранд. Мегӯянд, ки дар ин кишвар ин қисмати моли забҳшударо дар саноати собунпазӣ истифода мекунанд. Вале мардуми мо тавонад хӯроки саҳару бегоҳашро ҳам бо истифода аз думбаи гӯсфанд тайёр мекунад.
- Тафовут ва нозукиҳои табобати бемориҳои дил дар ҷумҳурии мо дар қиёс бо кишварҳои дигар дар чист?
- Дар пешгирӣ аз бемориҳои дил мо шароити ҷуғрофиёиро ҳам ба инобат гирем. Тоҷикистон дар муқоиса ба бисёр кишварҳо дар сатҳи баландтар аз баҳр қарор гирифтааст. Масалан, агар шаҳри Душанбе дар баландии 800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир бошад,Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баландии зиёда аз 2500 ва ноҳияи Мурғоб дар 3500 метр ҷойгир аст. Ин ҳама ба тарзи зисту табобати бемориҳо бетаъсир нест.
Ҳоло аз интернет тамоми маълумотро пайдо кардан мумкин аст, аммо ин маънои онро надорад, ки маълумот дар бораи табобати пешрафтаи дил дар Финландияро гирифта, дар худамон истифода кунем. Ҳарчанд мо таҷрибаи онҳоро ҳамчун маълумот мегирем, вале дар ҳолати муоинаи беморони худ аз он фақат ҳамчун маълумот истифода мекунем, на бештар аз ин. Ҳар кишвар ва ҳар бемор нишонаҳои хоси бемории худро дорад, бинобар ин ба таври фардӣ бояд ташхис шавад.Шояд ду нафар гирифтори як беморӣ бошанд, аммо ҳар яке бо дарназардошти таъсири экологию биологӣ ба сурати фардӣ бояд мавриди муолиҷа қарор гирад ва табобат шавад. Нишонаҳое, ки як нафар дорад, дигаре надоштанаш мумкин аст. Як андарзи русӣ аст, ки мегӯянд: «Не лечи болезнь, а лечи больного» - «бемориро на, беморро табобат бикун». Яъне як бемориро дар як нафар табобат карда, бо он таҷриба тамоми беморони монанди ӯро намешавад муолиҷа кард. Ду нафари як хел нишона ва дараҷаи беморӣ доштаро ҳам намешавад як хел табобат кард. Мутаассифона, ҳоло дар мо ин ҳолатҳо ҳам ба мушоҳида мерасад, ки бо дорухати як нафар барои чанд нафари оила ё аз наздикон дору харида табобат карданӣ мешаванд. Он нишонаҳои беморие, ки шумо доред, дар нафари дигар ҳам шояд бошад, аммо организми он нафари дуюм ва омилҳои хатару таъсиркунанда фарқ мекунад.
«Бемории дилро ба таври сода ба чӣ монанд кардан мумкин?»– савол мегузорад ва худ ҷавоб медиҳад:
- Ба он ки аз як лӯла (шоҳраг) об меояд ва ба се бино тақсим мешавад. Агар дар як бино ба ҷараёни об мушкил пеш омад, боиси норозигии сокинони ҳамон бино мешавад, онҳо ҷангу чанҷол мебардоранд. Дар дил ҳам чунинаст, агар дар шоҳраг гардиши хун душвор шуд, узвҳои бадани вобаста ба ҳамон қисмат эҳсоси нороҳатӣ мекунанд, дард, сӯзиш, карахтӣ пайдо мегардад. Яъне стенокардия (гулӯдардӣ, бемории дил ба шакли дард дар маркази қафаси сина худро зоҳир мекунад), ки дар илми тиб «грудная жаба» мегӯянд.
Вақте кас ташхиси дуруст шавад, роҳи табобаташ ҳам осон аст, вақте беморӣ муайян шуд, табобат ҳам мумкин аст.
- Дар бораи сатҳи ҷойгиршавии минтақаҳои кишвар гуфтед, оё ҳавои гарм ҳам ба бемориҳо ва тарзи табобат таъсир мерасонад?
- Албатта. Ба дил на танҳо ҳавои гарм ва дигаргуншавии фишори атмосферӣ таъсир дорад, балки тарзи нодурусти ҳаёт низ таъсири манфӣ мерасонад. Камхобӣ ва камҳаракатӣ, озурдаҳолӣ дар кору ҳаёт, вазни зиёди баданҳатто ба дили инсони солим сарборӣ ҳастанд.
Дар ҳар фасл, аз ҷумла дар тобистон лозим аст, ки тез-тез ва кам-кам хӯрок хӯрем. Ба шахсони солим ҳам тавсия медиҳем, ки зиёдтар об нӯшанд, то ки аз беобии бадан пешгирӣ шавад.
Одами солим ифтихори оила ва ҷомеа аст
- Аз тақдир ҷои гурез нест ва ҳар инсон миранда аст. Аммо дар сурати таъмини дурусти зиндагӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо мо имкони зиндагии хубу хушро барои худ ва барои пиронсолон таъмин мекунем. Падару модари мо то охирин лаҳзаи умр бо пои худ гарданд хуб аст, ё зинда дар бистари беморӣ бошанд? Албатта, камдарду солим бошанд, худашон беруну дарун рафта оянд, хӯрокашонро худашон хӯранд ҳам барои худашон беҳтар ва гуворо аст ва ҳам барои тамоми аҳли оила. Ҳар нафар вақту соаташ ояд мемирад, аммо то он вақт одам бо пойи худ ва бе дард бошад беҳтар аст. Кӯшиш бояд кард, ки кас ранҷи камтар ва роҳати бештар дошта бошад. Одаме, кибо пойи худ мегардад, вай ҳам зинда ҳисоб мешавад, як нафаре, ки дар бистар асту фақат нафас мекашад ва чанд кас хидматашро мекунанд, вай ҳам зинда дониста мешавад. Кадоме аз ин ду ҳолат беҳтар аст? Албатта ҳолати аввал, ки фард дарди сари касе нест, балки ҳузур ва вуҷудаш боиси ифтихор, хушҳолию хурсандии дигарон аст. Мо мегӯем: «инсон агарчӣ Худо нест, вале аз Худо ҷудо нест». Худованд ба инсон умр медиҳад ва дар паҳлӯи шодию хурсандии ӯ дарду ранҷ ҳам ҳаст. Беморӣ медиҳад ва шифояшро ҳам медиҳад. Вале дар бисёр ҳолатҳо чизе барои солим будану аз дард раҳо ёфтан сабаб мешавад: духтур, дору ё чакаке, ки мефармояд ё ҳамон кардиомагниле, ки тавсия мекунад,боис мешавад, ки ранҷи бемор кам шавад, ё аз байн равад. «Худо шифо медиҳад», - гуфта интизор нишастан аз рӯи ақли солим нест. Ҳеҷ кас ҳатто духтур ҳам ҳукм карда наметавонад, ки «беморро гирифта баред, то чанд муддати дигар ӯ мемирад»,- чунин гуфтан худ сухани куфр аст.

- Чанд сол пеш мардум гумон мекарданд, кидухтурҳои хуби дилшинос ҳама дар хориҷа ҳастанд ва маблағи зиёд харҷ карда беморонро мебурданд. Ин фаҳмиш то куҷо дуруст аст? Вазъияти беморхонаҳои худамон чӣ гуна аст? Оё ба духтурони худӣ ҳам ҳоло бовар кардан мумкин аст?
- Саволи баҷо додед. Ман масъулияту ҳаққи дар бораи мутахассисони соҳаи дилшиносӣ баҳо доданро дорам. Бо дили пур мегӯям, ки дар ин соҳа ба қадри кофӣ мутахассис дорем. Ҳоло мақоми якуми Вазорати тандурустӣ Олимзода Насим Хоҷа ҳамдухтури дилшинос, докториилм ҳастанд. Аз сӯи дигар беморхонаҳои мо ҳамон таҷҳизотеро доранд, ки дар марказҳои табобати дил дар кишварҳои дигар гузошта шудаанд. Ҳоло дастгоҳҳоиангиограф роҳи табобати дилро осон кардаанд. Пас аз ташхиси дуруст, ба воситаи раг ба ҷои клапани танг ё маҳкамшуда найча, стенд(пружина) мефиристанд. Пас аз он ба воситаи истеъмоли доимии дору ҳолати коршоямии он ҳифз мешавад, яъне коре иҷро мешавад, ки аз тарбузу харбуза ва ғизоҳои дигаре, ки мехӯрем, ҳамон пружина маҳкам нашавад. Дар маркази Қӯрғонтеппа, дар Хуҷанд, дар шаҳри Душанбе дастгоҳҳои ангиограф гузошта шудаанд, Дар пойтахт сето чунин дастгоҳ ҳаст. Пеш чунин имкониятро мо надоштем, ҳоло дорем.Бо осон шудани табобати дили бемор мо барои иҷрои вазифаи дигари худ – пешгирии бемориҳо вақти бештар пайдо намудем.
Ҳоло дигар зарурати ба хориҷ рафтани ҳамватанонамон барои бемории дил нест. Имкони дар пеши фарзандон, бо харҷи камтар табобат кардани бемориҳои дил фароҳам шудааст. Соҳаҳои дигарро намегӯям, аммо дар соҳаи дилшиносӣ мо тамоми имкони табобату пешгирии бмориҳоро доем.
Солеҳ Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: