Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Манам доротарин одам Ватан дорам, Ватан дорам!!!

Манам доротарин одам Ватан дорам, Ватан дорам!!!

19-02-2019, 08:00
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Манам доротарин одам Ватан дорам, Ватан дорам!!!

АНДЕША. Ватан ин калимаи муқаддас буда, на ба ҳар кас ватандорӣ муяссар мегардад. Мо хушбахтарин шахсиятҳое мебошем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери осмони софи беғубор кор ва зиндагӣ дорем. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҳисоб рафта, зиёда аз 190 давлати ҷаҳон онро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ доранд. Пайдарпай қабул гардидани пешниходи роҳбари он дар мавзӯъҳои об, терроризм ва экстремизм дар СММ обрӯю эътибор ва шаъну шарафи Тоҷикистонро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзунтар намуда, боиси ифтихор ва шарафмандии мо мардум гардидааст. Ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, таъсис додани корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург, зиёд намудани музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва нафақаи нафақахӯрон ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани зиндагии мардум боис гардида истодааст. Се рӯйдоди муҳими таърихие, ки дар Паёми навбатии худ 22 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ин қабул гардидани қатъномаи даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” аз тарафи СММ, ба кор андохтани агрегати якуми НБО-и Роғун, барқарор намудани муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин қабул гардидани ҳадафи чоруми Ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии кишвар ба пешрафту тараққиёт ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон таъсири бениҳоят калон дорад.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, беморхонаҳои замонавӣ, иншоотҳои хурду бузурги маишӣ, таъмири роҳҳо ва дигар бунёдкориҳое, ки бо ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ ба роҳ монда шудаанд, ба ҳусни диёри азизамон ҳусни нав зам менамояд, ки боиси нороҳатии баъзе аз нотавонбинони миллат мегардад. Ин нотавонбинон дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда, ба пешрафту тараққиёт ва дастовардҳои кишвари мо ба чашми бад нигариста, бо хоҷагони хориҷии худ, ки сарпарасту ҳимоятгари онҳо мебошанд, ба ҷаҳониён нисбат ба Тоҷикистон бо туҳмату буҳтон ва маълумотҳои дурӯғи худ баҳои манфӣ медиҳанд. Кистанд он нотавобинон, ки ободиву зебоӣ ва пешрафту тараққиёти ватани моро дида наметавонанд? Ин роҳбарият, аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои террористию экстремистии зерин мебошанд, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ карда шудааст: “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал- қоида”, “Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Толибон”-и Афғонистон, “Бародарони мусалмон”-и Миср, “Лашкари Тайиба”- и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти диннӣ- миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гурӯҳи 24”, “ДОИШ” ва “Ҷабҳат-ан-нусра”. Роҳбарият, аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои терористию экстремистӣ тоҷику тоҷикистониёнӣ роҳгумзада ва номусгумкарда буда, бо маблағҳои ночизе Ватан, миллат ва давлати худро фурӯхта, бар зидди Тоҷикистон ва роҳбарияти он суханҳои носазо мегӯянд. Коршиносон муайян намудаанд, ки мақсаду мароми ҳамаи ташкилотҳои номбурда, ноором намудани вазъи сиёсии кишварҳо буда, дорои як манбаву сарчашма мебошанд. Мақсаду мароми нопоки ин ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян гардид, ки аксари хоҷагони хориҷии онҳо аз сарпарастияшон даст кашидаанд. Роҳбарияти ин ташкилотҳо дигар роҳ наёфта, маҷбур шудаанд, ки ташкилоти нав таъсис диҳанд. Ин ташкилот бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, собиқ раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабириро раис интихоб намуданд, то ки фаъолияташонро идома диҳанд. Бо гуфтаҳои мардум “Хар ҳамон хар, лекин туқумаш дигар шудааст”. ТТЭ ҲНИ, ки Муҳидин Кабирӣ роҳбарӣ менамуд, имрӯз байни ҷомеаи ҷаҳонӣ шармандаю беобрӯ гардида, бо номи нав мехоҳад, боз ба ҳамон дасисабозию найрангбозӣ ва мардумфиребӣ идома дода, аз ҳисоби хоҷагони нави хориҷии худ маблағҳои калон ба даст оваранд.

Бо даъвоҳои “демократия” “озодӣ” ва “интихоботи озод” майнаи мардумро дар рафти интихоботҳои парлумонӣ ва Президентӣ, ки соли 2020-ум дар кишвари мо баргузор мегардад, халал ворид намоянд. Аммо чуноне, ки мардум мегӯянд: “Кӯр як бор ба чоҳ меафтад”, мардуми Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии худ аз камтаҷрибагӣ ва ноуҳдабароии роҳбарони ҳамонвақта, ки дар Тоҷикистон ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои гуногун таъсис ёфта, ҳар кадоме мехост лаҷоми давлатдориро ба даст гирад, Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Шаҳди он нооромиҳо ва дарду доғи онро мардуми азияткашида хеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Он рӯзҳои сангине, ки баъди ба сари давлат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар гардида, ҳеҷ гоҳ аз ёди мардум намеравад. Мардуми сарбаланду шарафманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Пешвои миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ софдилонаю содиқона меҳнат намуда, дар созандагию бунёдкорӣ, пешрафту тараққиёт ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд. Он нотавонбинону нохалафон дигар ҳеҷ гоҳ қудрати ноором намудани вазъи сиёсии кишвари моро надоранд. Наметавонад дигар касе, ба фазои сулҳу ороми мо ва муқаддасоти милли мо халал ворид намояд. Тоҷикистон дар ояндаи наздик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зебо гардида дар қатори давлатҳои абарқудрати дунё ҳамчун як кишвари афсонави ва мавзеи сайёҳӣ шинохта мешавад.

Азизулло Негматов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: