Мардум дар роҳи созандаи ҲХДТ қадам мениҳанд!15-02-2019, 08:58
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат»-и кӯчаи ба номи Шамсулло Юсуфови шаҳри Норак оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ироа гардид, бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” вохӯрӣ доир карда шуд. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Муслима Ғуриева оид ба нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда қайд кард, ки аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он мебошад. Ҳамзамон, ҷиҳати баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани шанбегиҳо ва тоза намудани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, нарм намудани бехи дарахтон бомаром дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” идома дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.