Санаи 5-юми Феврали соли ҷорӣ тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шуадаст ва бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» вохӯрӣ таҳти унвони «Паём – раҳнамои имрӯзу фардои мо» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак мудири шӯъбаи кор бо занону ҷавонон Муслима Ғуриева ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ғафурзода Фирдавс доир гардид.
Паём чун дастурамали ҳидоятӣ мардуми кишвари азизро аз зиндагии шоиста ба шоистатар хоҳад расонд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст.
Ҳамзамон, нуктаҳои муҳими Паём аз тарафи мудири шӯъбаи кор бо занону ҷавони КИШ Муслима ¬Ғуриева хеле густурда ва мушаххас таҳлилу баррасӣ гардид сипас Ғафурзода Фирдавс оиди аз байн бурдани таассуби динни ва хурофотпарастӣ, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгири аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимои баромад намуд.
Мудири шуъбаитаблиғот
Иттилоот ва матбуоти КИ
Ғафурзода Ф.М
ЊХДТ дар шаҳри Норак