
Тибқи ҷадвали баргузории вохуриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст рӯзи 9-юми январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Бакайдгирӣ» вохурӣ доир гардид. Дар вохурӣ оиди самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак аз тарафи мудирони шуъбаҳои кор бо занан ва ҷавонон, таблиғот иттилоот ва матбуот Муслима Ғуриева ва Фирдавс Ғафурзода баромадҳо карда шуд.

Муслима Ғуриева оиди Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он баромад намуда сипас Ғафурзода Фирдавс оиди аз байн бурдани таассуби динни ва хурофотпарастӣ, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгири аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимои баромад намуд.
Мудири шуъбаитаблиғот
Иттилоот ва матбуоти КИ Ғафурзода Ф.М
ҲХДТ дар шаҳри Норак