
Дар шаҳри Конибодом аксияи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» оғоз гардид. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои баргузории аксияи мазкур санаи 7 октябри соли 2015 дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Ҳ. Алиев ва коллеҷҷи технологӣ бо омӯзгорон, фаъолони ҲХДТ, ҷавонон вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон Кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Юсупова Ҳ. иштирок ва суханронӣ намуд. Юсупова Ҳ дар баромади худ оиди амалҳои номатлуби коррупсионӣ гуфта гузашта, ҳамагонро ба мубориза бар зидди ин амали нанговар даъват намуд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ Комилов Илҳомҷон ташкили чунин аксияро иқдоми саривақтӣ дониста, кормандонро ба сидқан анҷом додани вазифаҳояшон ва боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба мардум таъкид намуд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд