Маҳорати суханварӣ дар шароити муосир12-02-2019, 08:58
Хабарро хонданд: 504 нафар
Назарҳо: 1
Бобоазиззода Шамшод Абдуғафур- ассистенти кафедраи молия ва қарз дар КАС-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, номзади илмҳои иқтисодӣ Дар шароити муосир муошират, васоити ахбори омма, шабакаи интернет, формулаи пешрафту тараққиёти ченакҳои замонавии иттилоотонӣ дар густариш ва ифодаи он нақши муассир гузоштаанд. Алвонии анвои сухан ва омӯзиши аркони онҳо ба ҳам, падид омадани техникаи ҷадиди этикаи муошират, арзи вуҷуд кардани усулу одоби муосири гуфтору андеша ва таъсири амиқи ҷаҳонишавӣ дар оини суханварӣ, суръати ниҳоят афзуни самтҳои ҳаёт иллати ба вуҷуд омадани фарҳанги нави суханварӣ дар асри XXI гардидааст. Ҳамчунин, дар радифи аркону ашколи ҳунари суханварии қадим навъҳои нави сухан: муколама ва монолог, сухани иттилоотӣ ва боварибахш, иттилооти хроникӣ, илмӣ, маърӯза, маърӯза ҳисоботӣ, илмӣ, лексия, лексияи академикӣ, илмӣ-оммавӣ, сухани боварибахш ё худ боэътимод, барномаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, баромади парламентӣ, сухани маҳкумшаванда (айбдоршаванда), сухани сафедкунанда (ҳимоякунанда), сухани ба амал даъваткунанда, сухани худҳимоякунӣ, рӯҳбаландкунанда, истиқболӣ, табрикотӣ (тантанавӣ), сариқаврӣ, ҷашнӣ, фароғатӣ ва ғайра падид омада, ғановати фарҳанги суханварии муосирро таъмин кардаанд. Имрӯз симоҳои намоёне дар илми сухангустарӣ маъруфият доранд, ки оини гуфтор ва тариқи афкори эшон ба дастури раҳнавардони калом ва суханомӯзони баён табдил ёфтааст. Бар суботи андеша мо метавонем Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намунаи беназири ҳунари суханварии муосири тоҷик маҳсуб донем, ки мӯҳтавои онҳо маҷмӯи оинҳои суннатӣ, фишурдаи таҷрибаи ҳазорсолаи тариқи афкору шеваи гуфтор ва баргузидаи ҳунари суханварии дирӯзу имрӯзи форсу тоҷиканд. Дар мулоқоти сарони давлатҳо низ имрӯз ҳусул ва фазоили фарҳанги сухангустарӣ рӯшан падидор аст, ки риояи қотеъонаи аркони суханро тақозо мекунад. Дар муносибатҳои дипломатӣ ҳатто шеваи нишасту хез, феъли дасту по, тарҳи чеҳра ва имову ишорат, усули пӯшидани либос, тарзи нигоҳ ва авқоти сукут ҳамчун ҷузъи фарҳанги гуфтор ба таркиби ҳунари суханварӣ махлут гардида, ифодагари маданияти баён ва изҳори афкор ба шумор мераванд. Мо метавонем ин нукотро дар суханронӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии Сарвари давлат, як қабил сарони кишварҳои хориҷа--: В.В.Путин, В.Медведов, Маҳмуди Аҳмадинажод, Барак Обама, Пан Ге Ман ва даҳҳои дигар муваҷҷеҳ бошем. Бо вуҷуди ҳамрешагии пайдоиши илми калом - риторикии Юнон, тариқи сухангустарии мардуми араб, санъати баён ва лафзи гуфтори аврупоиҳо аз илми суханварии миллати тоҷик, тарзу тариқаи иброз ва лафзу маъонӣ, истифодаи вожаҳо ва корбасти санъати бадеӣ дар мутафовитанд. Илми риторика (суханварӣ)-и мо дар ниҳоди худ илми мустақилест ва онро имрӯз наметавон бе корбасти истинод аз китобҳои диниву мазҳабӣ ва адабӣ тасаввур кард. Риторикаи тоҷик, бо вуҷуди он ки мабнои баҳси ҷумлаи сухангустарӣ аз як мақом аст, ягон навъ шабоҳати зоҳирӣ бо суханварии Аврупо ва Араб надорад. Баҳсҳои марбути оини суханварӣ аз ҷумлаи эҳтиҷоҷ ва ҳазл ҳазф гардида, оёти Қуръони карим, аҳодиси набавӣ, иҷмову иқтаъ, каломи удабо ва шуаро мавриди истиноди суханварӣ ва василаи таъсири сомеъ дар роҳи дарёфти матлаби хеш рӯи кор омаданд. Ин намунаи гуфтор ҳам дар суханварии ходимон ва хизматчиёни давлатӣ ва ҳам дар тарзи баёни намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву ходимони дин маъмулу роиҷ аст. Дар тӯли таърихи мавҷудияти башарият нақш ва мақоми фарҳанги суханварӣ чун муассиртарин воситаи муносибат, хосса, унсури асосии гуфтугӯи тамаддунҳо басо бузург аст. Тоҷикон, ки аз ҷумлаи миллатҳои фарҳангиву таърихӣ маҳсуб мешаванд, бо фарҳанги махсуси суханофаринии хеш дар арсаи тамаддуни олам шинохта шудаанд. Дар аввалин қадамҳои худогоҳӣ ва хештаншиносӣ рисолати маърифати ҳаёт қарор гирифтани фалсафаи "гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек", ки минбаъд дар сухангустарӣ ва ироаи сухани тамоми халқу миллатҳои ҳиндуаврупоӣ нақши созгор гузошт, шаҳодати ин гуфтаҳоянд. Дар замони муосир бешак, фарҳанги суханварӣ бо вуҷуди он, ки аз паҳлӯҳои гуногуни иҷтимоии худ зуҳур карда, мазмун ва мӯҳтавои сифатан навро фаро гирифтааст, бар равиш ва ҷанбаҳои суннатӣ иқтифо менамояд. Яъне, фарҳанги суханварии имрӯз як навъ омӯзиши таҷрибаҳои Шарқу Fapби қадим ва муосир ҷиҳати тарз ва тариқи андешаи дуруст ва баёни саҳеҳ пазируфта шуда, аз пайванди ҷаҳоншиносӣ ва маҷмӯи донишҳои назариву амалии инсон сарчашма мегирад. Ҳамин минвол, фарҳанги суханварӣ маъ-рифати фотиру бекаринаи калом, таҷзияи тарзу усул, анвоъ, аркону қавонин ва тарҳи корбасти сухан¬варии Шарқу Fapб ва қабл аз ҳама, тариқати муҷарраби гуфтори ҳазоронсолаи башарият дар ҷавҳари балоғату фасоҳат ҳамчун низоми том ва муҷаззои баёни андеша буда, беҳтарин ва падидортарин ҷузъи фарҳанги олам маҳсуб мешавад ва барои ҷумлаи халқу миллат яке аз аркони мабдаи рушду такомули арзишҳои олии миллӣ, ҳаёти ҷомеа ва самтҳои соҳаҳои алвони он гардидааст. Фарҳанги суханварии муосир ҳамчун соҳаи муҳими ҷомеа марҳилаи сифатан нави муносибатҳоеро ба вуҷуд овард, ки имрӯз дар пешбурди самтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии инсоният ҷойгоҳи намоёнро то ба ҳадде муштамил аст, ки самти тараққиёти соҳаҳои мазбурро таъмин менамояд ва то як андоза ифодагари амнияти иҷтимоии кишварҳои олам маҳсуб мешавад. Фар¬ҳанги суханварии муосир дар қолаби қарнҳо коркардаи башар беҳтарин ҷодаи дастрасӣбаормонҳои кӯҳантабори инсоният аст, ки нуқтаи олии ин ҳадаф шинохти рисолати вақеии инсоният ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги суханварии муосирро ҷузъи таркибӣ ва ниҳоят муҳими фарҳанги ҷаҳонӣ ҳисобидааст. Ин нуқтаи назар мабнӣ бар марҷаи мустанад буда, тарҳи симои фарҳанги суханвариро дар ойинаи фарҳанги имрӯзи тоҷик акси рӯшан ва нуронӣ ато менамояд. Сарвари давлат ниёгонамонро аз қабили беҳтарин донандагони калом ва шеваи гуфтор дар рӯзгори башарият шуморида, мавриди омӯзиш қарор додани ҳама гуна паҳлӯҳои фаҳанги суханварии эшонро вазифаи наслҳои имрӯзу оянда маънидод намудааст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи фарҳанги суханварӣ, ки то ҳанӯз мавриди омӯзиши ҳамаҷониба ва ҷиддӣ қарор наёфтааст, аз манфиат орӣ нахоҳад буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.