Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Забон- ҷузъи фарҳанги миллӣ

Забон- ҷузъи фарҳанги миллӣ

5-10-2018, 08:50
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Забон- ҷузъи фарҳанги миллӣ

Маҳви забон дер ё зуд сабабгори маҳви миллатҳо ва мардумони соҳибзабон мегардад. Ин панди таърих дар замони муосир бо хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ барои аксарияти миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра низ омӯзанда мебошад. Бинобар ин ҳар як давлат дар дифои арзишҳои миллӣ, бахусус забон масъулияти волои таърихӣ дорад.
Забони мо оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи миллати тоҷик бо ҳама саҳифаҳои дурахшон ва фаслҳои фоҷиабори он инъикос ёфтааст. Барои аҷдодони бо нангу номуси мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша якмаъно будааст. Боиси ифтихор аст, ки қофиласолори шеъри форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ низ аз ин диёр бархост. Ба ҳамин тариқ аз ҳамон ибтидои таърих яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ забон буд. Дар паҳлӯи диловароне чун Бобак, Яъқуби Лайс ва дигарон, ки мехостанд бо зарби шамшер аз зери бори ҳукумати араб халос шаванд, гурӯҳи дигар ба нармӣ аз рӯи дастури ақл дар фикри бунёди давлати миллии хеш афтоданд ва бо саъйу талоши мулоим ва оқилона барои истиқлоли Ватани хеш хидмат карданд, монанди Сомониён, ки ба зоҳир ҳукумати арабро қабул доштанд, вале дар амал ба сӯи истиқлоли мамлакати хеш пеш рафта, ба ҷони он ҷони тоза бахшиданд.
Сомониён барои сарбаландии миллат ва мамлакати худ дар роҳи истиқлоли фарҳангӣ, забонӣ ва илмӣ низ кӯшишҳо карданд. Барои ин осори гузаштагонро зинда карданд, китобҳои илмиро барои огоҳии ҳамватанони хеш аз забони арабӣ баргардондаанд. Барои шукуфоии забони модарии худ ҳеҷ гуна ёрӣ ва дастгириро дареғ надоштанд ва ҳатто талош варзиданд Қуръони азимушаънро ба тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) тарҷума кунанд. Куҳантарин тарҷумаи Қуръон, ки дастнависи он бо номи Қуръони Қудс маъруф аст, дар асри ҳаштум ба яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ навишта шудааст. Баъдан яке аз аввалин тафсирҳои Қуръони маҷид – «Тафсири Табарӣ» низ ба ин забон тарҷума гардид.
Забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихӣ дар сабки адабии хаттӣ ва дар мақоми забони расмӣ ташаккул ва таҳаввул намудааст. Баъд аз густариши дини мубини ислом дар манотиқи Хуросону Мовароуннаҳр забони тоҷикӣ бар пояи забони паҳлавӣ ва забонҳову лаҳҷаҳои дигари маҳаллии ин сарзамин шакл гирифта, дар аҳди Сомониён ба мақоми забони расмии давлатдории тоҷикон расидааст. Дар ин давра осори бузурги илмиву адабӣ, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд, офарида шудааст.Яке аз чунин шоҳкориҳои бузург ва намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ҳисоб меёбад. «Шоҳнома» таҷассумгари забони шево ва тавонои форси дарии тоҷикӣ ва сабки сода ва зебои он дар оғози ташакули ин забон маънӣ мешавад.
Аз замони Сомониён забони тоҷикӣ дар марказҳои сиёсӣ ва адабиву фарҳангии давлати тоҷикон дар Мовароуннаҳру Хуросон рушди комил пайдо карда, ба сарзаминҳои дигар нуфузу густариш ёфтааст.
Баъдан забони тоҷикӣ дар давлатдории Темуриён дар сарзамини Ҳинд густариш ёфт ва то шаш аср дар мақоми забони расмии ин кишвар дар умури давлатӣ мавриди истифода қарор мегирифт. Қобили зикр аст, ки ба ин забон дар Ҳинд осори арзишманди адабӣ, аз ҷумла фарҳангномаҳо ва дастурҳои омӯзишӣ таҳия ва таълиф гардидаанд. Имрӯз дар китобхонаҳо ва бойгониҳои Ҳинд дастнависҳои фаровони тоҷикӣ маҳфуз буда, бештари онҳо нусхаҳои нодир ба шумор мераванд.
Лекин баъди сукути Сомониён ва аз даст додани истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ низ ба тадриҷ шукуфоӣ ва истиқлолияти худро аз даст дод. Ҳарчанд ки дар дастгоҳи ҳокимони нав нақши забони давлатиро мебозида бошад ҳам, аммо дар ин дарборҳои бегона таровату зебоӣ ва ҷӯшу хурӯши худро дар бисёр маврид аз даст дод.
Дар замони шӯравӣ бо вуҷуди қадре маҳдуд будани доираи истифодаи забони тоҷикӣ корҳои ниҳоят муҳиму арзишманд барои навсозии забон анҷом дода шуд. Садҳо мактабу омӯзишгоҳ, донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо ташкил шуд ва усулҳои нави таҳқиқ дар соҳаи забон ҷорӣ гардид. Бо роҳбарии устод С. Айнӣ як зумра забоншиносон тарбия шуданд, ки минбаъд барои забони тоҷикӣ ва баррасии мушкилоти он корҳои шоёнеро анҷом доданд.
Мувофиқи маълумоти созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО забони форсӣ - тоҷикӣ ба қатори забонҳои маъмулу сернуфуз дохил мешавад ва бо ин забон зиёда аз 160 млн. нафар гуфтугӯй мекунанд. Барои зиёда аз 30 млн. нафар мардуми ғайри форсу тоҷик забони мо забони дуюми модариашон шуморида мешавад, ки ба ин қабил туркҳо, курдҳо, балуҷҳо, ҳазораҳо, урдуҳо, паштуҳо ва ғайра шомил мебошанд.
Қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид, ҳамзамон ин рӯзро Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Рӯзи забон эълон кард. Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳанги миллӣ қайд намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон соли 1998 хуб ёдоварӣ кардаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт».
Меъёр ва унсурҳое, ки дар қонуни мазкур буданд, дар солҳо баъд тақрибан иҷро шудаанд ва бинобар ин зарурияти такмил ва таҳрири ин қонун ба миён омад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ ниҳоят 1 октябри соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагон қабул гардида, 3 октябри соли 2009 аз тарафи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуд, сипас 5 октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардидааст. Ин рӯйдоди муҳим марҳилаи беш аз бистсолаи татбиқи Қонуни забонро ҷамъбаст кард.
Забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Забон ин пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.
Акнун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавре аз ном ва ва моҳияти он ҳувайдост «… вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд». Дар Қонуни мазкур масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории забони тоҷикӣ, истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, риояи ҳатмии меъёрҳои забони адабӣ ва бисёре аз масъалаҳои муҳими дигар, ки барои инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар солҳои оянда пояҳои ҳуқуқии бунёдӣ таъмин менамояд, дарҷ шудааст. Моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст, ба ин масъалаҳо бахшида шуда, моҳиятан онро мушаххас кардааст, ки дар Қонуни пешин дида намешуд. Мутобиқи қисми сеюми ин модда «Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд».
Қонуни мазкур талаб менамояд, ки аз ҷумла коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат гирад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия ва қабул мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума мешаванд. Маълум аст, ки солиёни охир коргузорӣ ва фаъолияти мақомоти судӣ дар Тоҷикистон низ бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Санадҳои судӣ, огоҳиномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои мақомоти судӣ маҳз бо ҳамин забон таҳия мегарданд.
Яке аз масъалаҳои бисёр муҳим дар сарнавишти забон масъалаи риояи меъёрҳои забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ аст. Банди 6 моддаи 3 Қонуни мазкур ба ҳамин масъала бахшида шудааст: «Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад». Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз дар навиштаҳои забони тоҷикӣ ва махсусан дар бахши риояи имлои забони адабӣ гуногунфаҳмӣ аст ва хусусан матбуот (бештар хусусӣ ва ҷамъиятӣ) меъёрҳои имлои забони адабиро риоя намекунанд. Албатта бо қабули қонуни мазкур пеши роҳи ин хилофкориҳо гирифта хоҳад шуд.
Ва акнун забони тоҷикӣ, дар миёни забонҳои куҳна ва қадимии ҷаҳон яке аз забонҳои ширин ва ғанӣ ба шумор меравад. Далели ин сухан гузаштаи бой, миқдори фаровони луғот ва истилоҳот барои мавридҳои бешумори истифода аст, ки имкони баёни ҳар маъно ва мафҳумҳои моддӣ ва маънавиро ба қадри кофӣ фароҳам мекунад.
Раҳматулло Камолзода,
судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: