Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Одоби салом

12-02-2019, 08:54
Хабарро хонданд: 745 нафар
Назарҳо: 0
Одоби салом

Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармони дард.

Гузаштагони ҳаётдидаи бошарафи мо саломро алифбои одоб номидаанд. Аз ин рӯ, онҳо ба ҳамаи хурду калон, шиносу ношинос салом медоданду саломро қарзи Худо меҳисобиданд. Аслан изҳори хайрхоҳӣ, оромӣ, саломатӣ ва самимияти байни одамон буда, ба чо овардани одоби салом аломати маданиятнокии ҳар як шахс мебошад. Аксарияти мусулмонон дар вақти вохӯрӣ “Ассалому алейкум “ мегӯянд, ки маънояш “Саломат ва тинҷ бошед “ мебошад. “Ваалейкум ассалом “- мегӯяд шахси дигар, ки маънояш “Шумо ҳам саломат бошед “ гуфтан аст. Яъне салом кардан саломат ва осудагии ҳамдигарро хостан, ба ҳамдигар тинчию амонӣ, сулҳу осоиштагӣ орзу намудан аст. Аз ин рӯ, одам бояд ба хурду калон, шиносу ношинос бояд салом гӯяд. Агар ба ягон чамъомаде равед, ба ҳама салом гӯед. Дар вақти ба касе салом гуфтан бояд чеҳрахандон бошед.

Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кунад морро.

Бо қавоқи гирифта ба касе салом гуфтан ё алейк гирифтан аз рӯи одоб нест. Бо имову ишора салому алейк кардан низ камоли беҳурматист. Дар вақти салому алейк ҳолпурсӣ кардан ва саломатии аҳли хонадонро пурсидан лозим аст. Бо кибру ғурур ба касе салом нагӯед, ки он шахс аз шумо меранҷад. Ҳама гуна вохӯрӣ ва мулоқоти одамон бо салом оғоз меёбад, бинобар ин саломро калиди муносибатҳои инсонӣ номидаанд. Салом маданиятнокии одамонро нишон медиҳад. Маънои салом додан изҳори хайрхоҳӣ аст. Салом доданро фаромӯш накунед.

Агарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ


Бобоазиззода Шамшод Абдуғафур- ассистенти кафедраи молия ва
қарзДонишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур,
номзади илмҳои тисодӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: