Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…5-02-2019, 09:04
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Зебунисо» тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Қурбонзода Шифо сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ» иштирок дошта, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2028 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳунару ҳунармандӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд. Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин атрофи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҷамъомадагонробарои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ раҳнамоӣ карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.