Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХАДАМОТИ АЛОҚА: ИНТЕРНЕТ АРЗОНУ СИФАТ ХУБ МЕШАВАД

ХАДАМОТИ АЛОҚА: ИНТЕРНЕТ АРЗОНУ СИФАТ ХУБ МЕШАВАД

31-01-2019, 08:26
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
ХАДАМОТИ АЛОҚА: ИНТЕРНЕТ АРЗОНУ СИФАТ ХУБ МЕШАВАД

Масъулини Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъда доданд, ки соли равон дар кишвар арзиши интернет поин ва суръати он баланд хоҳад шуд.
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ, ки 28 яанвари соли равон бо ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор шуд.
Ба суоли «Чаро дар кишвар нархи интернет баланду суръати он паст аст», чунин посух гуфт: «Ин як чанд омилҳоро дар бар мегирад. То соли 2018 ҳаҷм ё суръати интернет ба ҷумҳурии мо дар ҳамҷми 10 гигабит сония ворид мегардид ва то охири соли гузашта мо ин нишондоди техникиро ба 20 гигабит сония расонидем. Дар ҳоли ҳозир технологияеро насб намудаем ва ният дорем то моҳи марти соли равон ҳаҷми хати гузариши интернетро аз 20 ба 50 гигабит расонем ва дар ҳамин давра поин бурдани нархи интернетро низ дар назар гирифтаем.
Мавсуф инчунин илова намуд, ки нархгузорӣ ба интернет аз арзиши транзити он вобаста аст: «Масалан, дар Ӯзбекистон низ нархи интернет мисли мо аст. Интернет ба Тоҷикистон аз Русия меояд ва то расидан ба мо Қазоқистону Қирғизистон нархи худро зам мекунанд. Аз ин рӯ, арзиши он баланд аст»,- афзуд Илҳомҷон Атоев.
Зимнан Тоҳир Ёқубов, сармуҳандиси шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумотҳо дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт: «Корхонаи мо, ки зерсохтори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, арзиши интернетро тахминан 15-20 фоиз поин бурда метавонад. Аммо дар мавриди он, ки дигар провайдерҳо арзиши интернетро чанд дарсад поин мебаранд, мо чизе гуфта наметавонем».
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: