Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паёми навбати Пешвои миллат муҳимтарин самтҳои пешрафти кишварро муайян намуда, барои рушди устувори давлату миллат роҳнамо мебошад

Паёми навбати Пешвои миллат муҳимтарин самтҳои пешрафти кишварро муайян намуда, барои рушди устувори давлату миллат роҳнамо мебошад

28-01-2019, 10:29
Хабарро хонданд: 385 нафар
Назарҳо: 0
Паёми навбати Пешвои миллат муҳимтарин самтҳои пешрафти кишварро муайян намуда, барои рушди устувори давлату миллат роҳнамо мебошад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2018 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози солро пешниҳод намуда буданд. Таъкид гардида буд, ки бо амалӣ гардидани барномаҳои соҳавӣ ва ғанӣ гаштани молиёти буҷаи миллӣ Ҳукумати кишвар ба табақаҳои дар зери ҳимояи молиявии давлат қарордошта ғамхорӣ зоҳир менамояд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки давоми сол нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, Ҳукумати кишвар ба соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ғамхорӣ зоҳир намуда, аз 1-уми сентябри соли 2018 марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетиро амалӣ намуд.

Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маънавиёти мардум ва таҷлили шоистаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ бо намоиши нигораҳои ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд. Соли 2018 бо воқеаҳои муҳимму фараҳбахши худ дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар нақши муҳим гузошт. Дар ин сол 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, ба кор даровардани чархаи аввали НБО-и Роғун ҷашн гирифта, бо шукуҳи хоса ва хотирмон таҷлил гардиданд. Мардум пайи ободии диёр ва бартараф намудани нуқсонҳои зиндагӣ меҳнату хизмат карда истодаанд. Симои шаҳрамон ба куллӣ тағйир ёфта, кӯчаю хиёбонҳо бо бунёдкориҳои нави замонавӣ симои худро дигар карда истодаанд. Ҳамзамон Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика роҳу нақлиёт амнияту мудофиа ҳифзи ҳуқуқу тартибот тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки мо масъулинро мебояд сари ин масъалаҳо ҷиддӣ машғул шуда, таъмини онро самти фаъолияти худамон давра ба давра дар амал татбиқ намоем зеро, ки рисолати мо ҳизбиён ҳамин мебошад.



Раҷабализода Парвиз, муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: