Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тағйироти кадрӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Суғд

Тағйироти кадрӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Суғд

28-01-2019, 10:24
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Тағйироти кадрӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Суғд

28.01.2019
Имрӯз дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Суғд муаррифии муовини раис ва роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи вилоятӣ доир шуд.

Дар мувофиқа бо роҳбарияти олии ҳизб Шарифзода Аминҷон Абдуғафур ба ҳайси муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешбарӣ гардида, Бахтиёр Исматҷонов роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи вилоятӣ таъин шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода зимни муаррифӣ ин ду нафарро кадрҳои болаёқату пуртаҷриба унвон кард.

Шарифзода Аминҷон Абдуғафур солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият бурдааст. Вай тайи чанд соли охир ҳамчун мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, муовин ва муовини аввали Раиси шаҳри Истиқлол кор карда аст.

Бахтиёр Исматҷонов низ солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроия, аз ҷумла, ба ҳайси мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, ҳамчунин, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилоят Анвар Ҷалилов ба кадрҳои тозаинтихоб барори кор хостанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: