Бо мақсади тарғибу ташвиқӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар ташкилоти ибтидоии Куруш мулоқот ташкил карда шуд. Дар мулоқоти мазкур раиси кумитаи иҷроия О.Насруллоев ва сокинони ҷамоати деҳоти Куруш иштирок доштанд.
Вохӯрии мазкурро директори МТМУ №15 Қӯчқорова М кушода, оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳо иброз дошт. Сипас, раиси кумитаи иҷроия О.Насруллоев ба сухан баромада, оид ба кушодашавии 16 - гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ, эълон гаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», андеша баён кард.
Дар охир ба 14-нафар наваъзоёни ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.