Мулоқот бо сокинон13-06-2017, 10:56
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
СПИТАМЕН. Дар асоси нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен вохӯрии судманд дар мавзӯи «Соли — Ҷавонон» ва «20-солагии Ваҳдати миллӣ» бо сокинони шаҳрак ташкил ва гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур роҳбари гуруҳи корӣ ректори донишкадаи кӯҳ ӣ -металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Мухтор Фозилов, декани факултети «Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ» Акмолова Мунирахон, сармуҳаррири маҷаллаи «Фирӯза» Ятимова Саодатхон, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Насруллоев Ойбек, муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ сокинон ва фаъолони ҷамоат иштирок доштанд. Сараввал Дилрабо Раҳимӣ вохурии мазкурро бо суханони хеш ифтитоҳ бахшида меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, суханро ба Фозилов Мухтор дод. Фозилов Мухтор эълон гардидани соли 2017- «Соли Ҷавонон» ва аҳамияти сиёсии ин раванд истода гузашт ва оиди «20-солагии Ваҳдати миллӣ» ва аз нав эҳё гардидани давлати тоҷикон бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ таъкид намуд. Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар қаламравии ноҳия дар давоми ҳафтаи мазкур ба нақша гирифта шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.