Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем

Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем

12-10-2015, 12:00
Хабарро хонданд: 370 нафар
Назарҳо: 0
Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунемДар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод аксияи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» идома дорад. Санаи 07.10.2015 муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз Худоёрович бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Зафаробод дар мавзӯи «Порагириро решакан месозем» вохӯрӣ намуд. Дар вохӯри 112 нафар хонандагон ва омӯзгорони ҷавони муассисаи номбурда иштирок намуданд. Сарвари МТМУ №13 дар ноҳияи Зафаробод Худоёрова Гавҳар дар вохӯрии имрӯза таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша оид ба масъалаҳои доғи рӯз ва пешгирии амалҳои номатлуб семинар ва мулоқотҳои пайваста бо хонандагон гузаронида баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо саҳми арзандаи худро мегузорад. Дар баромади худ Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатро дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарғиби Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад. Бо шарофати Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ислоҳоти фарогир ва дигаргунсозӣ сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад, ки он барои зиндагии арзандаи сокинон шароити мусоид фароҳам меорад. Инчунин аз амалҳои коррупсионӣ ва муқовимати Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ барои пешгирии коррупсия, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои тундрави террористиву ифротгароӣ сӯҳбати озод намуд. Бояд қайд намуд, ки хонандагон низ дар ин вохӯри фаъолона иштирок намуда муқобилияти худро бар зиди ин амалҳои номатлуб нишон доданд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: