Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оинаи дурнамои миллат

Оинаи дурнамои миллат

20-12-2018, 09:46
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
Оинаи дурнамои миллат

Ҳамасола сокинони кишвари азизамон ьар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат бесаброна интизорӣ мекашанд. Зеро дар онҳо фаъолияти яксолаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, аз бурду бохт, муваффақияту камбудии соҳаҳо маълумот дода мешавад.
Ҳамчунин бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани кор дастурҳои мушаххас пешниҳод мегардад. Ҳарчанд расман ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз унвонии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар пешниҳод мегардад, вале он дар маҷмуъ ба ҳар як сокини кишвар, ки нисбат ба пешрафту ободонии диёр, беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардум бетараф нест, дахл дорад.
Мардум бо умеду боварии зиёд ба ҳар нутқи пурмуҳтавои Пешвои миллат гӯш дода, дар заминаи хулоса ва бардошт дар фаъолияти ҳаррӯза онро сармашқи кор қарор медиҳанд.
Аз ҷумла барои мо- аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Паёмҳои Пешвои миллат як ҷаҳон таассурот мебахшанд ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фаъолияти рӯзмарра мавриди истифода қарор медиҳем.
Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои оянда буда, Сардори давлат бори дигар ба дурнамои рушди ояндаи Ватан бо овардани далелҳои аниқ назари некбинона менамоянд.
Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки аз Паём то Паёми дигари Пешвои миллат дар ҳаёти гуногунҷабҳаи кишвари мо дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд ва айни замон мо дигаргуниҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоиро дар ҳаёти кишварамон мушоҳида карда истодаем.
Дар паёмҳои ҳамасолаи худ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки муҳаё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат инчунин қабул ва амалӣ гардидани ҳамаи нақшаву барномаҳо ба хотири ҳамин ҳадафи олӣ мебошанд. Зеро таърихи начандон тӯлонии давлатдориамон собит менамояд, ки ҳифзи истиклолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, химояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани субботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисодии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархурди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.


Маҳмадаюб Шарифзода
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Қубодиён
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: