Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 18 декaбр Рӯзи бaйнaлмилaлии муҳоҷир

18 декaбр Рӯзи бaйнaлмилaлии муҳоҷир

18-12-2018, 11:40
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
18 декaбр Рӯзи бaйнaлмилaлии муҳоҷир

Муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи иҷтимоӣ буда, таърихи дерина дорад. Дар таърихи инсоният на танҳо муҳоҷирати стихиявӣ, балки муҳоҷирати оммавӣ ҳам бисёр мушоҳида шудааст, ки имрӯз мисолашро аз кишварҳои Африқо ва Шарқи Наздик ба Иттиҳоди Аврупо мебинем. Аз байти зерини Абдулқодири Бедил:

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?
Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад,

Маълум мешавад, ки муҳоҷирату ҷаҳонгардӣ ба аҷдодони мо низ хос будааст ва дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ дар диёрамон хусусияти оммавӣ касб кард. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2018 шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ ба 258 миллион нафар мерасид, ки ба 3,3 фисади аҳолии сайёра баробар аст. Ҳол он ки ин нишондиҳанда дар соли 2000 2,8 фисадро ташкил медод.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои фаъолияти меҳнатӣ асосан Федератсияи Русияро интихоб мекунанд. Солҳои охир гурӯҳи муайяни онҳо барои кор ба Ҷумҳурии Қазоқистон низ мерафтагӣ шуданд. Дар асоси Созишномаи байниҳукуматие, ки соли равон ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расониданд, барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин ҳамсоякишвар баъзе сабукиҳо ва имтиёзҳо муқаррар гардид.
Айни замон дар Тоҷикистон ду ниҳоди давлатӣ – Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ба таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷои кор дар хориҷа машғуланд. Таҳлили рақамҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар қиёс бо шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ саҳми онҳо дар самти бокортаъминкунӣ ниҳоят ночиз аст.
Дар ин радиф субъектҳои хоҷагидоре низ фаъолият мебаранд, ки бо иҷозатномаҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусофиркашонии байналмилалӣ ва таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа бо ҷои кор машғуланд. Таҳлили фаъолияти онҳо нишон медиҳад, ки ин ширкатҳо ба масъалаи мусофиркашонӣ бештар диққат дода, дар самти бокортаъминкунӣ дастоварди назаррас надоранд.
Ба ҳолати моҳи сентябри соли равон дар миқёси вилояти Суғд 9 адад субъектҳои хоҷагидор амал намуда, ба мусофиркашонии байналмилалӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа машғул буданд. Аз ҷумлаи онҳо ҶДММ «Мирзо ва К» ба фаъолияти бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, субъектҳои хоҷагидори боқимонда - «Сомонэкспресстранс», «Суғдиён Помир тур», «Иттиҳодияи автовокзалҳо», «Роҳи Абрешим», «Олами саёҳат», «Хуҷанд транс сервис», «Сайри лаззати дунё» ва СИ «Маҳмудов» ба фаъолияти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ машғуланд. Аз хизматрасонии ширкатҳои мазкур на танҳо сокинони вилояти Суғд, балки сокинони дигар минтақаҳои кишвар ҳам истифода мебаранд.
Бо назардошти арзон будани нархи роҳкиро ва муташаккилона сафарбар шуданашон як теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар карданро маъқул мешуморанд. Субъектҳои хоҷагидор танҳо вазифаи мусофиркашониро ба ҷо меоранду халос. Дарёфти ҷойи истиқомату ҷойи кор, расмикунонии ҳуҷҷатҳо ва ғайра ба зиммаи худи муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда мебошад ва инро онҳо хуб медонанд.
Субъектҳои хоҷагидор дар терминалҳои нақлиётӣ, назди бозору марказҳои калони савдо, меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди шаҳрвандон ташвиқот бурда, муҳоҷирони меҳнатиро тавассути роҳбаладону миёнаравҳо ҷамъ меоранд. Эълонҳои онҳо тариқи радиоҳои маҳаллӣ садо дода, дар шакли сатри равон мунтазам дар телевизион пахш мешавад.
Сарчашмаҳои гуногуни расмию ғайрирасмӣ шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатиии тоҷикро аз 600 – 700 ҳазор то ба зиёда аз 1 миллион нафар нишон медиҳанд. Дар байни онҳо нафарони солиёни дароз дар муҳоҷират қарордошта ва соҳиби душаҳрвандишуда низ кам нестанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари ҷиҳатҳои манфӣ ҷиҳатҳои мусбат низ дорад. Аз ҷумла, ҳамдиёрони мо дар муҳоҷират то андозае забони русӣ, касбу ҳунарҳои гуногунро аз бар мекунанд, ҷаҳонбиниашон васеъ мешавад. Муҳимтар аз ин онҳо дар муҳоҷирати муеҳнатӣ барои пешбурди зиндагии худ ва аҳли оилаашон маблағи муайян ба даст меоранд ва маблағҳои ба Ватан интиқолмедодаи онҳо ҳамасола аз миллиард доллар мегузарад.

Лозим ба ёдоварист, ки ба Ватан баргаштани муҳоҷирон бо чанд тарз сурат мегирад. Тарзи аввал он аст, ки шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, баъди фаъолияти қонунӣ дар давраи муайян боз ба зодгоҳи худ бармегардад ва барои дубора ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани ӯ ягон хел монеа мавҷуд нест. Тарзи дигар дар асоси ҳукми суд аз қаламрави кишвари қабулкунанда ба таври маҷбурӣ берун кардани муҳоҷирони меҳнатист. Барои будубоши ғайриқонунӣ ҳангоми баромадан аз қаламрави Федератсияи Русия ба як қисм муҳоҷирони меҳнатӣ, бе худашонро огоҳонидан, воридшавӣ ба қаламрави ин давлат манъ карда мешавад ва онҳо дар диёри худ монда, то гузаштани муҳлати муқарраргардида наметавонанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Муҳлати манъи воридшавӣ метавонад аз 3 – 5 сол ва аз ин зиёдтар бошад. Корбарӣ бо ҳар гурӯҳи ин гуна муҳоҷирони меҳнатӣ тарзу усули хосро тақозо мекунад.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда айни замон барои зиёда аз 208 ҳазор нафар ҳамватанони мо, ки собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд, воридшавӣ ба қаламрави Федератсия Русия муваққатан манъ гардидааст. Масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани чунин муҳоҷирони меҳнатӣ, бо касбу забономӯзӣ, шаҳодатномакунонии малакаҳо ва корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифтани онҳо дар шароити имрӯза масъалаи доғи рӯз ба ҳисоб меравад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз оғози фаъолияти худ ҳамкории босамарро бо сохторҳои зертобеии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба роҳ мондааст. Бояд гуфт, ки дар Раёсат ҳар моҳ рӯйхати пурраи муҳоҷирони меҳнатии аз қаламрави Федератсияи Русия берункардашуда ва воридшавиашон ба ин кишвар муваққатан манъгардида бо нишон додани ҷинс, санаи таваллуд, дараҷаи таҳсилот, касбу кор, ҷойи зисти доимӣ ва рақами телефонашон таҳия гардида, барои расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ва фаро гирифтан бо шуғлу омӯзиш ба бахшу шӯъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фиристода мешаванд.
Бино ба иттилои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд давоми даҳ моҳи соли равон дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар миқёси вилоят 416 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ба қайд гирифта шудаанд, ки 352 нафарашон мард ва 64 нафарашон зан мебошанд. Аз ҷумлаи онҳо бо мусоидати масъулини соҳа 101 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва 28 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуданд. Дар ин радиф 51 нафар барои омӯхтани касбу ҳунар сафарбар гардиданд ва ба 37 нафар барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. 198 нафари боқимонда аз ҷониби мутахассисон машварати касбӣ гирифтанд. Мутаассифона, бинобар кам будани музди кор аксар шаҳрвандон корҳои ба онҳо пешниҳодшавандаро маъқул намешуморанд.
Таҷдиди корхонаҳову коргоҳҳои тозабунёд, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳракҳои нави сохташаванда, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, рушди соҳибкорию кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то андозае барои бо шуғл фаро гирифтан ва дар умум реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва воридшавиашон муваққатан манъгардида шароит фароҳам овард. Аз ҷумла тибқи маълумотҳои омории мавҷуда ва натиҷаи пурсишҳои сартосарии дар шаҳру ноҳияҳо гузаронидашуда солҳои охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Суғд тамоили пастшавӣ дорад. Бо ибораи дигар, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ сол аз сол камтар мегардад, ки ин падидаи ҷолиб аст. Новобаста ба ин, дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ҳанӯз муаммою мушкилоти ҳалталаб зиёданд.
Баъди ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил гардидани ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон ва Қирғизистон барои муҳоҷирони меҳнатии ин кишварҳо дар Федератсияи Русия як қатор имтиёзу сабукиҳо фароҳам омад. Тоҷикистон узви ин Иттиҳод набошад ҳам, давлату Ҳукумат барои ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои амалӣ меандешанд, дар рафти чорабиниҳои расмии байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнипарлумонӣ масъалаи мазкурро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор медиҳанд. Аз ҷумла тибқи авфи муҳоҷиратие, ки соли 2017 эълон гардид, барои вуруди зиёда аз 106 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии мо ба қаламрави Федератсияи Русия иҷозат дода шуд. Аҳли ҷомеа худ шоҳиданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни сафарҳои расмиашон ба Федератсияи Русия ҳатман бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва намояндагони диаспораҳои ҳамватанонамон мулоқот менамоянд ва аз ҳолу аҳволашон пурсон мешаванд.
Ҳукумати мамлакат дар симои ҳамватанони бурунмарзӣ шарикони рушди кишварро мебинад. Дар арафаи фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ватанамон соли равон Анҷумани якуми ҳамватанони бурунмарзӣ дар вилояти Суғд дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид, ки низ аз таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат нисбат ба онҳо шаҳодат медиҳад.
Баъди се сол сисолагии соҳибистиқлоливу соҳибихтиёриамонро ботантана таҷлил хоҳем кард. Дар доираи омодагиҳо дар самти ободонии диёр дигаргуниҳои азим ба амал меоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки сари масъалаи то кай муҳоҷири меҳнатӣ буданамон ҳам биандешем ва ба ин савол посухи муносиб ёбем.

Абдусaбури Aбдувaҳҳоб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: