Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БМТ: Оянда аз иқтисодиёти ғайринақдист

БМТ: Оянда аз иқтисодиёти ғайринақдист

12-12-2018, 09:58
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
БМТ:  Оянда аз иқтисодиёти ғайринақдист
6-7 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ-Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия-ифрасохтор-дастрасии фарогир» доир гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони бонкҳои марказии ИДМ, низомҳои пардохтии байналмилалии «Union Pay», «Master Card», «JCB», коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, операторони алоқаи мобилӣ ширкат доштанд. Мақсади баргузории ин Форуми байналмилалӣ зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоид барои табодули таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар таҳия ва татбиқи хизматрасониҳои бонкӣ тавассути технологияҳои муосири инноватсионӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи таърифати молиявии аҳолӣ буд.
Чорабиниро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оғоз бахшид:
-Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ аз он далолат медиҳад, ки воридшавӣ ва ҷорӣ гардидани технологияҳои муосири рақамӣ дар бахши молиявию бонкӣ нисбатан зудтар амалӣ мегардад ва дигар бахшҳоро ҳавасманд ва ҷалб карда метавонад. Бонки миллии Тоҷикистон мисли дигар бонкҳои марказӣ рушди низоми пардохтиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути амалӣ намудани хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, пардохти молу хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои пардохти электронӣ, афзоиши ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди технологияҳои нав дар бахши пардохт, баланд бардоштани иттилоотонӣ ва эътимоди аҳолӣ ба хидматрасониҳои муосири пардохтӣ мусоидат менамояд. Таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, доир намудани Форуми мазкур барои Бонки миллии Тоҷикистон ва дар умум барои низоми бонкии кишвар рӯйдоди муҳим мебошад. Итминон аст, ки ин чорабинии байналмилалӣ дар роҳи рушд ва беҳбудии хизматрасониҳои пардохтӣ саҳми назаррас гузошта, барои фаъолияти минбаъда як навъ нақши ҳавасмандкуниро иҷро хоҳад кард ва дар баробари ин, барои зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар низоми пардохт мусоидат менамояд,-қайд кард ӯ.
Дар доираи Форум аз ҷониби иштирокчиёни он оид ба тамоюли муосири рушди хизматрасониҳои молиявии рақамию электронӣ, ифрасохтори низоми пардохтӣ ва татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ бо пешниҳод намудани рӯнамоҳо, мусоҳибаҳои панелӣ ва мизи мудаввар доир карда шуд.
Тазаккур бояд дод, ки миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи 1 ноябри соли равон 1 миллиону 791 ҳазору 255 ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ айни замон 1 миллиону 763 ҳазору 318 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз зиёд аст.
Ба санаи 1 ноябри соли ҷорӣ шумораи терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ 4272 ададро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1192 адад афзудааст. Аз ин миқдори умумии терминалҳои электронӣ 1472 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд муҷаҳҳаз карда шуда, дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳои кишвар дар маҷмуъ 2800 адад терминалҳои электронӣ насб гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 1,4 фоиз афзоиш ёфта, 3,5 милн ададро ташкил намуд.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: