Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

МИЗИ МУДАВВАР

16-12-2017, 15:44
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Мизи гирде, ки бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 декабри соли равон доир гардид, «Бахши бонкии Тоҷикистон: Имкониятҳои рушди дарозмуддат» унвон гирифта буд. Дар ин ҳамоиш як нафар аз вакилони Парлумон, мутахассисини соҳаи бонкдорӣ, масъулини якчанд бонкҳои кишвар, намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон ва журналистону андешамандон гирд омада буданд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор супориш дода шуда буд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама нигоҳдоштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Қайд кардан лозим аст, ки соли 2017 барои ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ниҳоят мураккаб ва пур аз мушкилот буд. Бо вуҷуди дастовардҳо ва тағйироти мусбат, баъзе бонкҳои тиҷоратии мамлакат, аз қабили «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷикпромбонк», «Фононбонк» уҳдадориҳои худро дар назди мизоҷон пурра иҷро карда натавонистанд. «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон гардиданд. Амонатгузоштагон дар бонкҳои мазкур маблағҳои худро гирифта натавонистанд, дар навбати худ мизоҷони бонкҳо низ маблағҳои қарз гирифтаи худро барнагардониданд. Мушкилоти мазкур ба соҳибкорӣ низ таъсири манфӣ расонид.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки вазъи ҳозираи бонкҳо, сабабҳои муфлисшавии баъзе бонкҳои тиҷоратии кишвар, тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати муътадилгардонии фаъолияти ташкилотҳои қарзии мамлакат, ҳолати ҳозираи менеҷменти бонкӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор диҳад.

Нахустмаърӯзаи Олимҷон Бобоев вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд, ки бояд перомуни «Сабабҳои муфлисшавии баъзе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва вазифаҳои аввалиндараҷа доир ба такмили низоми бонкӣ» мебуд. Вале мавсуф бештар ба ташреҳи илмии терминҳои пул, қарз, низоми бонкии дузинагӣ, фоизу фоида, шартномаҳои мушорака ва музояда, тарзи фаъолиятҳои истеҳсолии шаҳрвандони хориҷӣ ва чандин масоили назариявии соҳаи иқтисод, ки маъмулан барои донишҷӯёни макотиби олӣ чун курси лексия хонда мешавад, иктифо кард.

Сипас, Сироҷиддин Икромӣ муовини раиси Бонки миллӣ перомуни «Стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати мӯътадилгардонии фаъолияти ташкилотҳои қарзии мамлакат» сӯҳбат намуд. Икромӣ сараввал мақсад вавазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҳозирин шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки мақсади асосии ин бонк ноил шудан ва нигоҳ доштани сатҳи мӯътадилии нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмӯҳлат бошад ҳам, таъмини устувории низоми бонкии давлат ва
мусоидат ба фаъолияти самараноку мунтазами низоми пардохтро низ Бонки миллӣ назорат мекунад. Маърӯзачӣ тариқи слайдҳо масъалаҳои нишондиҳандаҳои умумӣ ва макроиқтисодӣ, сохтор ва нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2017, мушкилоти низоми бонкӣ, сиёсати асъор, ислоҳот ва чораҳои зиддибӯҳронӣ, нақшаҳои бартараф кардани проблемаҳои бонкиро аз рӯйи сиёсати пешгирифтаи Бонки миллӣ бо нишон додани диаграммаву слайдҳо ироа намуд.
С. Икромӣ зимни баррасии мавзӯи сиёати пулию қарзӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2017 қайд кард, ки: « Меъёри бозтамвил дар ин давра ду маротиба иваз карда шуда, дар сатҳи 16%-муқаррар гардид. Амалиёт дар бозори озод – фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 7 628,2 млн. сомонӣ ( дар170 музояда) ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 маротиба зиёд мебошад.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 баҳраи ҳисобшудаи ташкилотҳои қарзӣ аз иштирок дар музоядаи коғазҳои қиматноки БМТ маблағи 131,91 млн. сомониро (воқеӣ 97,14 млн. сомонӣ) ташкил дод, дар ёздаҳ моҳи соли 2016 бошад, маблағи 29,53 млн. сомониро (воқеӣ 15,15 млн. сомонӣ) ташкил дод.

Меъёри захираҳои ҳатмӣ–3% бо пули миллӣ ва 9% бо асъори хориҷӣ, қарзҳо барои таъмини пардохтпазирӣ бошад дар ин давра ба маблағи 447,5 млн. сомонӣ пешниҳод карда шуд.»

Муовини раиси Бонки миллӣ мушкилоти низоми бонкиро дар ин давра чунин шарҳ дод:

-Пурра ба талабот ҷавобгӯ набудани идоракунии корпоративӣ;

-Дар сатҳи паст қарор доштани идоракунии дороиву ӯҳдадориҳо;

-Дар сатҳи лозима набудани маданияти қарзгирӣ;

-Нагузаронидани таҳлилҳои кофӣ ҳангоми додани қарз;

-Ҷобаҷогузории ғайрисамараноки кадрҳо азтарафи бонкҳо;

-Фаъолияти ғайрисамаранок ва зараровари воҳидҳои сохторӣ;

-Кам будани амалиётҳои ғайринақдӣ ва риоя накардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз ҷониби бонкҳо ва ҳам аз ҷониби истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ.

Аммо мавсуф дар баробари ин қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани ин мушкилот як қатор чораҳоро роҳандозӣ кардааст, ки фаъолияти самараноки Бонки миллии Тоҷикистон, суботу низоми бонкӣ, батанзимдарории бонкҳои мушкилотдор, ба роҳ мондани амалиётҳои нави бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқи муштариёни низоми бонкӣ ва васеъ намудани доираи назорати низоми молиявӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон баъзе тағйиротҳо дароварда шуда, якчанд воҳидҳои сохтории иловагӣ фаъолияти худро оғоз намудаанд. Аз ҷумла:
идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, идораи назорати суғуртавӣ
идораи суботи молиявӣ, шуъбаи назорати бонкдории исломӣ ва пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ.
С. Икромӣ оид ба нақшаҳои Бонки миллӣ барои бартараф намудани мушкилотҳои низоми бонкӣ чунин изҳори назар кард.
Ба андешаи ин мутахассис, баланд бардоштани фарҳанги қарздиҳӣ ва қарзгирӣ яке аз масъалаҳои муҳимест, ки бояд дар оянда муносибат ба он дигар карда шавад. Такмил ва таҷдиди сиёсати қарзӣ ва идоракунии хавфҳоро дар ин самт аз иқдомҳои дигаре ном бурдани муовини раиси Бонки миллӣ аз он далолат мекунад, ки хавфҳо низ идорашавандаанд.

Пурзӯр намудани фаъолияти аудитҳои дохилӣ ва низоми назорати дохилӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва такмили низоми автоматишудаи бонкӣ барои таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ низ аз назари мутахссисони ин бонк чораҳои муассири танзими низоми бонкӣ шуморида мешаванд.

Толибҷон Исроилов сардори департаменти молияи бонки ҶСК «Эсхата» низ дар ин ҳамоиш як ҳисоботи мукаммал дар бораи фаъолияти ин бонк пешниҳод намуд. Хурсанд Комилзода – директори департаменти тараққиёт ва идоракунии хавфҳои бонкӣ БДА ҶТ «Амонатбонк» низ оиди фаъолияти ин бонк ва амалиётҳои дар он роҳандозишуда муфассал сухан гуфт, ки он ба нақши ин низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ рӯшанӣ андохт.

Тавре ки медонем, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, имрӯз мақсад натанҳо баргардонидани қарзҳои пасандозгузорон, балки баргардонидани боварии мардум бештар зарур гаштааст.

- Бозори бонкӣ ин қисми бозори молиявӣ аст. Манбаъҳои дарозмуддате, ки барои ипотека ҷудо шуданд, кор намекунанд. Фаъол шудани муносибати байни бонкӣ ва бозори коғазҳои қиматнок, аз ҳамамуҳим бояд сатҳи миёнаравии молиявиро боло бардорем Мо бояд воқеан боварии мардумро ба низоми бонкӣ баргардонем. Он тағийроту иловаҳое, ки дар қонунҳо ворид мегардад, бояд ин чизҳоро дар назар бигиранд. Масъулияти ҳам қазгиранда ва ҳам саҳҳом бояд пурзӯр карда шавад. Тибқи стандартҳои байналмилалӣ ин назорат бояд ба роҳ монда шавад. Рақобат миёни бонкҳо бояд бошад,- гуфт коршиноси масоили бонкӣ Искандар Давлатов.

Баҳром Шарипов – олими соҳаи бонкдорӣ бошад, зимни пешниҳоди андешаҳои худ аз ҷумла қайд кард, ки дар ин замони бӯҳронӣ таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар, мутаассифона на ба ояндабинӣ, балки ба ҳалли мушкилоти мавҷуда равона карда шудааст.

Дар анҷоми чорабинӣ Худойбердӣ Холиқназаров - директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид бар он дошт, ки мо бояд ба мардум фаҳмонем, ки ин ҳолати рухдода танҳо мушкили мо нест, он тамоми системаи молиявии ҷаҳонро фаро гирифтааст. Вале аз лиҳози равонӣ ҳоло мардум дар таҳлука афтодааст, ки пасандозашро намегиранд ва аз ниҳодҳои давлатӣ дилмонда мегарданд. Набудни фарҳанги қарздиҳӣ ва қарзгирӣ, ки аз он далолат мекунад, ки корҳои тарғиботии маърифатӣ миёни аҳолӣ хеле кам гузаронида шудааст. Бонкҳои муфлисшуда пасандози мардумро баргардонида наметавонанд ва қарзгирандаҳо низ ба бонкҳо қарзашонро бозпас намегардонанд, ки ин ҳолати буҳрониро боз шадидтар месозад».

Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: