Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тирандозии нерӯҳои Русия ба киштиҳои Украина. Нишасти изтирорӣ дар Киев

Тирандозии нерӯҳои Русия ба киштиҳои Украина. Нишасти изтирорӣ дар Киев

26-11-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 347 нафар
Назарҳо: 0
Тирандозии нерӯҳои Русия ба киштиҳои Украина. Нишасти изтирорӣ дар Киев
Нерӯҳои артиши Русия ба се киштии Украина дар наздикии соҳили нимҷазираи Қрим дар Баҳри Сиёҳ, тирандозӣ кардаанд. Вакилони порлумони Украина ҷамъ меоянд, то дар мавриди эълони "ҳукумати низомӣ", тасмим бигиранд.

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина рӯзи якшанбеи 25-уми ноябр дар нишасти изтирозии Шӯрои амнияти миллӣ ва низомии он кишвар аз пешниҳоди ин шӯро барои барқарор кардани "ҳукумати низомӣ", ҳимоят кардааст.

Хушунатҳо ва даргириҳои ахир пас аз як рӯзи пуртаниш байни нерӯҳои артиши Украина ва артиши Русия рух медиҳад. Дар ҳоле, ки киштиҳои нерӯҳои баҳрии Украина дар талоши гузаштан аз Баҳри Сиёҳ ба баҳри Азов аз тариқи гулӯгоҳ ё тангии Керч буданд, артиши Русия монеи онҳо шудааст. Гулӯгоҳи Керҷ Баҳри Сиёҳро бо Баҳри Азов пайваст мекунад ва дар шимоли Украина воқеъ аст.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи якшанбе мақомҳои Украинаро муттаҳам ба "иқдомоти роҳзанона" дар гузаргоҳи Керч кардааст. Хадамоти амнияти федералии Русия, ки масъулияти назорати марзҳои Русия бар дӯши он аст, гуфтааст, нерӯҳои он пас аз "вуруди ғайриқонунӣ"-и киштиҳои украинӣ ба обҳои Русия, ба сӯи киштиҳои украинӣ тирандозӣ кардаанд.

Аммо нерӯҳои баҳрии Украина мегӯянд, нерӯҳои баҳрии Русия ба киштии ин кишвар дар 12-километрии гулӯгоҳи Керч, ки ба сӯи Баҳри Сиёҳ дар ҳаракат буданд, ҳамла карданд. Вазорати умури хориҷии Украина мегӯяд, аз назари Киев ин иқдоми нерӯҳои Русия "нақзи қонунҳои байналмилалӣ" аст.

Ҳамзамон, тибқи гузоришҳо, шаби якшанбе шуморе аз шаҳрвандони хашмгини украинӣ дар рӯбарӯи сафорати Русия ҷамъ омаданд. Иттиҳодияи Аврупо аз Русия хостааст "озодии убур ва мурури баҳрӣ"-ро дар баҳри Азоз ва гулӯгоҳи Керчро таъмин кунад. Сухангӯи НАТО гуфтааст, ин ниҳод "аз наздик вазъро зери назар дорад" ва бо мақомҳои украинӣ дар тамос аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: