Эътирози ВКХ Украина аз пайвастани Қрим ба МФҶ2-08-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 421 нафар
Назарҳо: 0
![]() "Ин иқдоми Русия беэътиноии давлати таҷовузкор ба тамомияти арзии Украина, оинномаи СММ ва уҳдадориҳои дигар аст. Дар ин бора нотаи эътирозӣ рӯзҳои наздик ба сафорати Русия дар Киев фиристода мешавад", - гуфтааст Макеев. Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи барҳам додани минтақаи федеролии Қрим ва пайвастани ин нимҷазираи ғасбшуда ба қаламрави Минтақаи федералии ҷанубиро имзо кард. Олег Белавентсев, намояндаи шахсии президенти Русия дар Қрим аз вазифаи барҳамхурдааш барканор ва ба ҷои Сергей Меликов, ки ба истеъфо фиристода шуд, намояндаи президент дар Минтақаи федеролии Қафқози Шимолӣ таъйин гардид. Ҳамчунин Сергей Меняйло аз вазифаи раисии Севастопол барканор ва намояндаи президенти Русия дар Минтақаи федеролии Сибир таъйин шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.