12 000 хона дар Калифорниё ба хокистар табдил шудаанд22-11-2018, 11:43
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Калифорниёи Амрико аз пайдо шудан ҷасади ду тани дигар аз ҷонбохтагони сӯхтор дар ин иёлот хабар доданд. Ба ин тартиб, шумораи ҷонбохтагон то кунун ба 79 тан расидааст. Тибқи иттлоъи манбаъ, ҳанӯз 699 нафари дигар дар ин сӯхтор бе ному нишон шудаанд ва ҳеҷ иттилоъе аз онҳо ба даст наомадааст. Ҳамчунин, мақомот гуфтаанд, ки наздик ба 12 ҳазор хона ба хокистар табдил шудаанд. Сӯхтори мазкур дар Калифорниё то кунун 611 километри мураббаъро дар бар гирифтааст. Ин оташсӯзӣ бузургтарин дар таърихи Калифорниё эътироф шуда, дар он ду шаҳрак пурра ба хокистар мубаддал шудаанд. Хисороти воридшуда аз ин сӯхтор 13 миллиард доллар тахмин карда мешавад. Дар як сӯхтори дигар дар ҷануби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ се нафар ҷон бохта, ба 450 хона хисороти ҷиддӣ ворид шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.