Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЁЗДАҲ ФАЗИЛАТИ “РОҒУН”

ЁЗДАҲ ФАЗИЛАТИ “РОҒУН”

22-11-2018, 10:54
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
ЁЗДАҲ ФАЗИЛАТИ “РОҒУН”
Абдуғаффори Камол

Шукр, ба ин Рӯз ҳам расидем. "Роғун”-и мо ба кор даромад. Бале, бале. Ин хоб нест. Воқеият аст. Неругоҳи пуровозаи Тоҷикистон инак фаъол шуда, пирӯзии неруи инсонро бар санги хоро ва бартарии азму иродаи тоҷиконро бар равандҳои пурталотуми сиёсӣ ва номулоимоти замон ба намоиш гузошт. Бо вуҷуди тамоми сангандозиҳо, монеатарошиҳо, коршиканиҳо ва бадномкуниҳо дар сатҳи минтақа ва гоҳе ҷаҳон, Тоҷикистон "Роғун”-ро сохт. Албатта, феълан навбати аввали онро, вале асли кор ҳамин аст. "Роғун” акнун худаш барои худаш кор мекунад; чархаи дуюм аз ҳисоби даромади чархаи якум ва чархаҳои баъдӣ низ ҳамин тавр яке пас аз дигарӣ фаъол хоҳанд шуд...
Эҳсоси аҷиб ва фораме ҳамаи моро фаро гирифтаст, ки васфаш душвор аст: эҳсоси шукр, ғурур, ифтихор, иқтидор, иззат, иттиҳод, сарбаландӣ, обрӯ, эътимод ба оянда ва амсоли он. Мо ин рӯзро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Мо ҳақ дорем, ки ширинии ҳамаи ин эҳсосотро таҷриба кунем. Чаро на?
Вақте дигарон мехостанд, бо шартҳои истисморгаронаи худ бароямон "Роғун”-ро бисозанд, гуфтем на! Вақте дигарон мехостанд, ки нақшаи нодири "Роғун”-ро иваз намоему онро хурдтар кунем, то барои сохтани он розӣ шаванд, гуфтем на! Вақте дигарон мехостанд, бар ивази саромягузорӣ ва қарзҳои худ қисмати аъзами "Роғун”-ро, ин мазҳари иқтидори миллии моро аз худ кунанд, гуфтем на!Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони гул,
Осмонро гӯ бирав, борандагӣ даркор нест. Лоҳутӣ
Ва инак мо "Роғун”-ро бо дастони худ ва барои худ сохтем.
МУБОРАКАМОН БОД!
*********
Ва ҳоло фазилатҳои "Роғун”
1."Роғун”, бо ҳамин марҳалаи нахусташ кишвари азизи моро аз камбуди барқ наҷот дода, ниёзи дохилиро ба барқ пурра таъмин хоҳад кард. ПАС, "РОҒУН” КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ МОСТ.
2.Аз он ҷо, ки талаботи аҳолӣ дар ҷаҳон сол то сол ба нерӯи барқ меафзояд ва конҳои нафту газ ҳаргиз манбаъҳои доимӣ ва боэътимоди энергия нестанд, пешбинӣ мешавад, ки дар оянда (эҳтимолан то замоне ки мо "Роғун”-ро пурра месозему минтақаро бо барқ таъмин мекунем) арзиши содиротии нерӯи барқ ба таври пешбининашавандае боло хоҳад рафт. ПАС, "РОҒУН” ТАКЯГОҲИ БУҶАИ МО ВА КИСАИ ПУРИ МОСТ.
3.Иқтидори комили истеҳсолии "Роғун” 3600 меговат, яъне баробар бо се (!) неругоҳи атомӣ аст. Бо сохти "Роғун” ва таъмини барқи доимӣ дар кишвар, якбора иқтидори корхонаҳои истеҳсолӣ афзоиш ёфта, сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон, ба хотири неруи кор ва барқи доимию арзон, иқдом ба сохти корхонаҳои хурду бузург хоҳанд кард. ПАС, "РОҒУН” МУҲАРРИКИ ИҚТИСОДИЁТИ МО ВА ТАВСЕАБАХШИ САНОАТИ МОСТ.
4."Роғун” (пас аз такмили сохташ) бо тавлиди солона 13 миллиард киловат/соат неруи барқ (!) моро дар минтақа ба бузургтарин содиркунандаи энерегияи арзон ва аз назари экологӣ тоза ва ба дунболи он, ба яке аз таъйинкунандагони сиёсати энергетикии минтақа табдил хоҳад дод. ПАС, "РОҒУН” ИСТЕҲКОМБАХШИ ҶОЙГОҲИ МИНТАҚАВИИ МОСТ.
5.Мутахассисон мегӯянд, обанбори бузурги "Роғун” бо соф кардани об ва наҷоти неругоҳи "Норак” аз тагшинҳо, умри муфиди "Норак”-ро 100 соли дигар дароз мекунад, инчунин бо таъсиргузорӣ ба иқлим, пиряхҳои моро, ки манбаи аслии оби минтақа ҳастанд, аз обшавӣ то ҳудуди зиёде боз медорад. ПАС, "РОҒУН” КАЛИДИ ҲАЛЛИ БАХШЕ АЗ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ МОСТ.
6."Роғун” гувоҳи бебаҳси он аст, ки ҳатто агар сармоягузорони олам аз тарси "барҳадар рафтани сармояашон” ва сиёсатмадорони минтақа аз тарси "ранҷиши шариконашон” аз ҳамкорӣ бо мо гурезон шаванд ҳам, тоҷикон ба қавли Пешвои худ, бо ҷанголу нохун ҳам ки шуда, синаи кӯҳро мешикофанд ва ин гуна лоиҳаҳои овозадори ҷаҳониро бо неруи худӣ ба итмом мерасонанд. ПАС, "РОҒУН” МАЗҲАРИ ИҚТИДОРИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТИ МОСТ.
7.Ба вуҷуд омадани баҳре дар майдони 70 километр, саҳнаест барои варзишҳои шиноварӣ, заврақронӣ ва амсоли он, инчунин имкониятест барои тавсеаи моҳипарварӣ, ташкили санаторияву истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дар ҳавои тоза, ки дар як тараф кӯҳҳои сарсабз истодаанду дар дигар тараф баҳре бо оби ширину мусаффо. Илова бар он, баландии садди (плотинаи) "Роғун” 335 метр буда, он дар навъи худ (дар миёни неругоҳҳои обӣ) дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин ба шумор меравад, ки ин хусусиятҳо "Роғун”-ро ба макони диданӣ ва ҷаззобе барои сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил хоҳад дод. ПАС, "РОҒУН” БАРОИ САЙЁҲОНИ САРОСАРИ ОЛАМ ШИНОСНОМАИ ГАРДИШГАРИИ МОСТ.
8.Дар неругоҳи "Роғун” беш аз 20 ҳазор нафар ба сурати шабонарӯзӣ илми муосирро бо амал якҷо намуда, як иншооти азими замонавиро бунёд мекунанд. Пас, талаботу эътимод ба илму технологияи мо ва кадрҳои корозмудаву таҷрибадидаи мо дар минтақа меафзояд ва он рӯз дур нест, ки лоиҳакашону муҳандисон ва тарроҳону кӯҳканҳои тоҷик бо имтиёзоти болое ба дигар кишварҳо барои бунёди неругоҳҳои азим даъват шаванд. ПАС, "РОҒУН” ДАР ДОХИЛ МАКТАБИ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОН ВА ДАР ХОРИҶ МУАРРИФИ ТАҶРИБАВУ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИРИ МОСТ.
9.Кишварҳо ва институтҳои бузурги молии ҷаҳон ҳангоми пешбурди ҳамкорӣ бо давлате, сармоягузорӣ ва ё додани вомҳои калон ба он, дар навбати аввал ба имкониятҳои сармоягузорӣ, амнияти сармоя, имкони баргашти пул бо фоидааш, тааҳҳуд ва масъулиятпазирии давлат дар иҷрои лоиҳаҳои бузург ва муҳимтар аз ҳама ба азму иродаи давлат дар анҷоми лоиҳаҳои баландпапрвозонаи худ (дар ҳама гуна шароит ва таҳти ҳама гуна мушкилоту фишорҳо) таваҷҷуҳ мекунанд. Инак, бо сохтани "Роғун”, Тоҷикистон аз ин имтиҳонҳо гузашт ва нишон дод, ки кишвари амн, мардуми меҳнатдӯст ва давлати боиродаву масъулиятпазире дорад, ки ҳама гуна лоиҳаҳоро бо ин давлат метавон амалӣ кард. ПАС, "РОҒУН” ОМИЛИ ҶАЛБИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ ВА РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОСТ.
10.Обанбори бузурги "Роғун” бо захираи фаровони обаш ба мо имкон хоҳад дод, то лаҷоми ихтиёри захираҳои обию энергетикии худ ва минтақаро дар даст гирем. Ин ба он маъност, ки дар айёми хушксолӣ метавонем аз ин обанбори нопайдоканор барои ҳамсоягони поёноби худ ба миқдори ниёзашон об сар диҳему онҳоро аз мушкилоти хушксолӣ раҳо созем ва илова бар наҷоти киштзорҳо, чандин ҳазор гектар аз заминҳои мурдаро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ зинда гардонему обёрӣ намоем. ПАС, "РОҒУН” ДАР МИЁНИ ҲАМСОЯГОН ДАСТИ САХОИ МО ВА РӮИ СУРХУ САРИ БАЛАНДИ МОСТ.
11.Ҳамагӣ ёд дорем. Дар авҷи фишорҳо болои давлати мо бо ҳадафи маҷбур сохтанаш ба дасткашӣ аз "Роғун”, дар он рӯзгоре, ки ҳатто баъзе қудратҳои минтақа ба мо "тавсия” медоданд, ки "Роғун” луқмаест бузургтар аз даҳони мо ва дар он айёме, ки баъзеҳо дар дохил ҳам мегуфтанд, бояд аз баҳри "Роғун” гузарем, то равобити хориҷиямон оддӣ шавад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқобили ин ҳама туфонҳо истод ва эълон кард, ки "Роғун ҳаёту мамоти мост ва мо ба ҳеҷ ваҷҳ аз он даст намекаешм”. Ин нидое буд ба миллат барои иттиҳод дар меҳвари як ормони миллӣ, салои бедорию худшиносӣ буд барои хамӯшону хоболудагону сустиродагон ва бонги истиқлол буд барои "дӯстон”-е дар хориҷ, ба ин маъно, ки мо худ барои худ тасмим мегирем ва касе наметавонад ояндаи моро барои мо рақам занад. Инак, он рӯзгорон пушти сар шуд, замона дигар гашт, муҳиту фазо ба мо ром шуд ва "Роғун”-и мо ҳам ба кор даромад. Роҳбаре, ки чунин лоиҳаи бузург ва мушкилсозро дар чунин шароити буҳронӣ пеш бурду ба самар расид, албатта хоҳад тавонист, ояндаи аз ин ҳам беҳтаре барои миллаташ бисозад.
"РОҒУН” МЕҲВАРИ ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГИИ МО ВА УМЕД БА ОЯНДАИ БЕҲТАР АЗ ИМРӮЗИ МОСТ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: