Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НАФСИ САРКАШРО МУСАХХАР АҚЛИ ПУРТАДБИР КАРД ва ё қиссае аз ҳуҷуми «гургони гурусна» ба деги ош

НАФСИ САРКАШРО МУСАХХАР АҚЛИ ПУРТАДБИР КАРД ва ё қиссае аз ҳуҷуми «гургони гурусна» ба деги ош

21-11-2018, 09:26
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
НАФСИ САРКАШРО МУСАХХАР АҚЛИ ПУРТАДБИР КАРД  ва ё қиссае аз ҳуҷуми «гургони гурусна» ба деги ош
Бо мақсади муаррифӣ намудани фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 10 ноябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ фестивали «Оши палав» баргузор гардид. Дар ҷашнвораи мазкур беҳтарин ошпазҳо аз 10 ноҳия ва шаҳру вилоятҳои кишвар ҳунари пазандагии худро пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардониданд.
Дар доираи фестивали «Оши палав» 7 нафар ошпазони тоҷик зери роҳбарии Собирҷон Муҳаммадҷонов дар деги махсус як тонна оши палав омода намуданд. Истифодаи чунин деги калон ва омода намудани оши палав дар он барои таббохони тоҷик таҷрибаи аввалин аст, ки онҳо аз соати 12-и шаб ба пухтани ин навъи таоми миллӣ оғоз карданд.
Барои омода намудани оши палав дар деги махсус 250 кг биринҷ, 350 кг сабзӣ, 200 кг гӯшт, 30 кг пиёз, 40 литр равғани зағир, 50 литр равғани офтобпараст, 1 кг мурч, 1 кг зира, 5 кг мавиз ва 1 кг ғураи зелол (барбарис) истифода карда шуд.
Ба ғайр аз оши яктоннаӣ, инчунин дар ҳудуди боғ дар 400 деги дигар беш аз 200 нафар ошпазони номдор дар маҷмуъ наздики 10 тонна оши палав омода карданд.
Дар фестивал аз ҷониби ошпазони номдор навъҳои гуногуни оши палави миллӣ, ба монанди «Оши палав бо биринҷи девзира", “Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Оши палав бо гӯшти кабк», “Оши палав бо кабки кӯҳӣ”, «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазӣ», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона», «Оши палав бо гӯшти мурғ» ва дигар навъҳои он омода ва ба сокинону меҳмонони пойтахт пешкаш карда шуд.
Бешубҳа, ҷавҳари асосии фестивали «Оши палав» деги оши яктоннаӣ ба шумор мерафт, ки дар даромадгоҳи боғ гузошта шуда буд. Вале мутаассифона, баъзе нафарон нафси саркашашонро дошта натавонистанд ва заҳмати ошпазҳоро, ки аз соати 12-и шаб барои тайёр намудани ош дасту остин барзада буданд, қадр накарданд.
Субҳи барвақт мардуми зиёде гирди ин деги ош ҷамъ омада буданд ва бисёриҳо карсончаву табақ (ва ҳатто халтаҳои салафанӣ) барои ошхӯрӣ ва ё ошбарӣ дар даст доштанд. Таббоҳон бо чеҳраи кушода ба «меҳмонон»-и фестивал ош тақсим мекарданд. Онҳо касеро аз касе боло нагузошта, ҳар кӣ табақашро дароз мекард, ба ӯ ройгон ош медоданд ва мардумро «хуш омадед» мегуфтанд. Дар воқеъ, хушмуомилагии таббохон бо мардум яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ва расми хуби меҳмоннавозии тоҷикон дониста мешавад. Онҳо тавонистанд дар баробари ҳунару маҳорати баланди ошпазияшон фарҳанги волои меҳмоннавозии мардуми тоҷикро низ муаррифӣ намоянд. Таббохоне, ки дар дили шаб ба пухтани ош шурӯъ карда буданд, шояд интизор надоштанд, ки дар охирин лаҳза оши пухтаи онҳо таллаву тороҷ мешавад. Сад ҳайф, ки тоқати баъзеҳо тоқ шуду яку якбора болои деги ош ҳуҷум карданд. Кор то ба ҷое расид, ки ҳатто ошпазҳо аз ноилоҷӣ гирди дегро тарк карданд.
НАФСИ САРКАШРО МУСАХХАР АҚЛИ ПУРТАДБИР КАРД  ва ё қиссае аз ҳуҷуми «гургони гурусна» ба деги ош
Вақте мардум болои деги ош ҳуҷум карданд, бовар кунед, ин манзара як қиёматро мемонд. Дар он ҳолат дигар на кормандони милитсия ва на волонтёрону на каси дигар пеши роҳи онҳоро гирифта натавонистанд. Агар ин қабил одамонро одамони носипос ном бубарем, хато нахоҳем кард, зеро онҳо дар ҳақиқат ҳам носипосӣ карданд. Чунин ба назар мерасид, ки гӯиё «бечораҳо» дар ҳаёташон боре ҳам ош нахӯрда бошанд. Мутаассифона, баъзе нафароне ҳастанд, ки ба намоиш гузоштани чунин саҳнаҳо хушашон меояд. Шояд аксарият навори ин ҳодисаи нохушояндро, ки дар як мудати кӯтоҳ дар аксар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, тамошо карда бошанд, ки дар пайнавишти ин навор назарҳои мухталиф гуфта шудаанд, ки ғолибан бо лаҳни дурушт навишта шудааст.
Агар мардум бо як тартиб навбат поида ош мегирифтанд, 10 тонна ош барои ҳамаи иштирокдорони фестивал басанда буд. Ҳоло он ки бархе аз калонсолон пешниҳод карданд, ки мардум навбат истода бе ягон хархаша ош гиранд, вале мутаассифона, ин пешниҳодро касе қабул намекард. Аксаран ҷавонон буданд, ки ин пешниҳодро рад мекарданду барои наздик шудан ба деги ош ба монанди тӯдаи «гургон»-и гурусна талош мекарданд. Билохира як тонна ошро дар як нафас «торумор» карданд. Ҳатто табақҳои ошхӯрӣ ва карсонҳои ошпазҳоро низ ба яғмо бурданд.
Албатта на ҳамаи иштирокдорони фестивал болои дегҳои ош ҳамла мекарданд. Дар ин асно нафароне ҳам буданд, ки бо дидани ин аҳвол ангушти ҳайрат мегазиданд.
Дар назди пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ анвои меваҷот ва полезию маҳсулоти кишоварзӣ бо як тарзи басо диданӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Баъд аз он ки деги оши яктоннаиро «ҳалу вал» карданд, аз манзараи назаррабои меваҳову полезиҳо низ ба ҷуз донаҳои поймолшудаи ангур дигар чизе боқӣ намонд. «Палак лош шуд»-гӯён доду фиғонашон ба фалак мепечид, шарм накарда яке тарбузу харбуза ва дигаре себу кадуҳоро бардошта мебурданд.
НАФСИ САРКАШРО МУСАХХАР АҚЛИ ПУРТАДБИР КАРД  ва ё қиссае аз ҳуҷуми «гургони гурусна» ба деги ош
Ба ростӣ, аз он саҳнаҳои нохушоянде, ки дар Фестивали «Оши палав» мушоҳида кардам, табъам хира шуд. Агар дар он рӯз масъулин назоратро ҷиддитар мегирифтанду намегузоштанд, ки мардум ба чунин як бетартибӣ даст зананд, кори хубе мекарданд. Аммо чӣ гуем, ки дар он сурат низ яқинан бисёриҳо изҳори норозигӣ мекарданд. Аксарият бар ин назаранд, ки дар чунин ҷашнвораҳо тартибу низом дар мадди аввал гузошта шавад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки мардум худ ташаббус нишон дода, тартибу низомро риоя намоянд. Шумо чӣ фикр доред?

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: