Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » "Душанбе хонаводаи аҳлу тифоқ"

"Душанбе хонаводаи аҳлу тифоқ"

24-09-2018, 08:55
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
"Душанбе хонаводаи аҳлу тифоқ"

Хабарнигор ва сухангӯи собиқи Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар сафаргуфтае шаҳри Душанберо “як хонаводаи аҳлу тифоқ” номидааст, ки ба қавли вай, ба фарқ аз пойтахти ватани ӯ, дигаргуна пешрафт мекунад.

Султон Қаназаров, ки чанде пеш аз Душанбе баргаштааст, мегӯяд, “Вақте ба Тоҷикистон меоед, чунин эҳсос мекунед, меҳмони хонаводае шудед, ки саҳни ҳавлиашонро ҷорӯб задаанд, зиндагии хуб доранд, фарзандонаш либосҳои оддиву покиза мепӯшанд, дастурхонашон ҳам хоксорона аст, вале ҳамаашон табассум мекунанд.”

Фарқи хонасозӣ дар Душанбе аз Бишкек

Хабарнигори қирғиз мегӯяд, ба Тоҷикистон бисёр сафар кардааст, вале сафари охираш фақат барои тамошо буд. Ӯ мегӯяд, ҳар вақте ки ба Душанбе меояд, “шоҳиди тараққиёти муназзами Душанбе мешавад, ки раисаш Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зоҳиран ба писараш тавсия медиҳад, чӣ кор кунад ва ба хато роҳ надиҳад.”

Ба қавли Султон Қаназаров, Душанбе мисли Бишкек нест, ки кӯчаҳояш амудиву уфуқӣ ҳастанд ва дар онҳо аслан гум намешавед. “Душанбе шаҳри кӯҳна аст, ки роҳҳои каҷу печида зиёд дорад ва шумо аз назди ҷое, ки лозим доред, мегузаред, вале ҳеҷ роҳе ба он намебарад.”
Дигар чизе,ки хабарнигори қирғиз мушоҳида кардааст, бунёди хонаҳои баландошёнаи зиёд дар Тоҷикистон аст, ки сохтмони онҳо беист идома мекунад ва талабгорони асосӣ ҳам муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, ки мисли ҳамсояҳои қирғизашон дар Русия кор мекунанд ва пул мефиристанд.

Султон Қаназаров, вижагии ба қавли ӯ “хуби” хонасозӣ дар Душанберо зикр карда ва гуфтааст, ки дар инҷо боғҳову роҳҳоро вайрон намекунанду бино намесозанд, баръакс биноҳо дар ҷойи хонаҳои қадимаву кӯҳна ва кулбаҳои гиливу сталинӣ қомат меафрозанд.

Қурутобу палав ва думшӯрбо

Бахши дигари сафаргуфтаҳои хабарнигори қирғиз, дар бораи ғизоҳои тоҷикону ресторанҳои Душанбе аст. Ба гуфтаи ӯ ҳар касе, ки Тоҷикистон меравад, аз гуногунии навъи хӯрокҳо дар онҷо ба ҳайрат меафтад, “сар аз хӯрокҳои миллӣ то ба итолиёвӣ”.

Султон Қаназаров, қурутобро тасвир карда ва палави тоҷикиро мутавофит аз палавҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ номидааст, чун ба гуфтаи ӯ, равғану чарби зиёд надорад.

Ба хабарнигори қирғиз ҳамчунин “думшурбо” хуш омадааст, ки менависад, “хӯроки хушмазаттарини аввалин, ки дар ресторанҳои миллӣ ба шумо медиҳанд, думшурбо аст."

Ба қавли ӯ, ба фарқ аз Бишкек дар Душанбе, ресторанҳои аврупоӣ камтар ҳастанд ва “онҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд, бояд аз хӯрокҳои тоҷикӣ лаззат баранд, ки таърихи ҳазорсола доранд.”

Султон Қаназаров бозорҳои Душанберо қобили муқоиса бо бозорҳои Бишкек намешуморад ва мегӯяд, агар тағйири бозорҳо дар пойтахти Тоҷикистонро бубинед, ҳайратзада мешавед.

Хабарнигор зоҳиран бозори “Меҳргон”- ро мисол овардааст, ки “бозори пӯшида, мармарӣ ва сетабақа ва мисли супермаркет аст”. Ба қавли ӯ, дар бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоте ба мисли навъҳои гуногуни анҷир, харбузаву тути хушк ва дигар маҳсулотеро мебинед, ки дар Бишкек дида намешавад.

Шаҳри боғҳову гулгаштҳо
"Душанбе хонаводаи аҳлу тифоқ"
Хабарнигор дар идомаи сафаргуфтаҳояш пойтахти Тоҷикистонро “Шаҳри боғу гулгаштҳо ва фаввораҳо” номида ва гуфтааст, дар сарсабз сохтани Душанбе тамоми меъёрҳои кишоварзӣ риоят мешавад. “Дар Душанбе атрофи тамоми дарахтҳоро мисли Бишкек бетон нарехтаанд ва онҳоро об медиҳанду нигоҳубин мекунанд.”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: