Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Инсони неку номвар

Инсони неку номвар

17-06-2018, 09:13
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Инсони неку номвар
Ҳунарманди маъруфи тоҷик шодравон Маҳмудҷон Воҳидов дар ёддоштҳои худ навиштааст: «Ба инсон барои он ном мегузоранд, ки худро шиносаду дигарон ӯро дарёбанд. Ҷустуҷӯи одами нек бошад, расми деринаи зиндагист, вале мутаассифона ҳамдигарро баъзан дер меҷӯем…».
Оре, ҳолатҳое мешаванд, ки инсонҳои неку номвар баъди маргашон ба гӯшаи фаромушӣ мераванд.

Пешгуфтор
Яке аз ҳунарманди машҳури театр, кино, омӯзгори хушсалиқа Борис Владимирович Бибиков аз зумраи он ашхосе буд, ки тамоми умри бобаракати хешро сарфи кори хайру номи нек кардаанд ва дар давоми умри дарози пурбаракати худ тавонистаанд даҳҳо нафар ҳунармандони номвари киною театрро тарбия карда, ба шоҳроҳи олами санъат равона созанд. Нонна Мордюкова, Вячеслав Тихонов, Любовь Соколова, Майя Булгакова, Екатерина Савинова, ҳунармандони тоҷик Майрам Исоева, Ҳошим Гадоев, Тағоймурод Розиқов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тамара Абдушукурова ва боз даҳҳо нафар номварони санъати кино ва театр шогирдони ӯ ҳастанд. Истеъдоди фитрӣ, салиқаи баланди омӯзгорӣ ва соҳибҳунар будан барояш имкон дод, ки даҳҳо нафар шогирдонро тарбия намояд.
Борис Бибиков дар оилаи сарватманд соли 1900 ба арсаи олам чашм кушода, мактаби миёнаро бо медали тилло ба итмом расонида, баъдан таҳти роҳбарии М.А. Чехов шомили студияи театрӣ гардид ва онро соли 1921 хатм кард. Сипас зиндагиномаашро ба театр пайваст намуда, дар театри бадеии шаҳри Маскав ва дар театри Револютсия то соли 1934 ба ҳайси ҳунарманд фаъолият намуд. Дар ин давра ӯ аз бузургтарин коргардони театр, ҳунарманд, омӯзгор ва реформатори театр Константин Станиславский дарси ҳунару маҳорат омӯхт. Фаъолияти омӯзгориашро аз Донишкадаи давлатии санъати театрӣ (ГИТИС) оғоз намуда, аз соли 1942 сар карда дар Донишкадаи умумииттифоқии кинематография ( ВГИК) дарс мегуфт. Дар назди донишкадаҳои номбурда 39 студияи миллӣ барои донишҷӯёни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсис ёфта буд, ки ба онҳо Борис Бибиков ва ҳамсараш Олга Пижова низ, ки ҳунарманд буду театр ва киноро хуб медонист, дарс мегуфтанд.
Аз солҳои 30-юми асри гузашта сар карда дар назди Донишкадаи умумииттифоқии кинематография студияҳои миллӣ таъсис дода шуда буданд, ки онҳо барои театрҳои драмавии ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҳунарманд тайёр мекарданд. Дар ин студияҳои миллӣ аз ҷумҳурии мо низ ҳунармандони зиёде таҳсил карда, дар оянда номбардори миллат гаштаанд.

Бачаҳо, профессор «Биб» меояд!
Донишҷӯён ӯро дар ғайбаш «Биб» гуфта ном мебурданд, ин маънои беэҳтиромии ӯро надошт, балки муҳаббате буд, ки нисбаташ доштанд. Қомати баланди думетра, нигоҳи андаке ҷозибанок, солиму бардам қадамзанияш ҳаваси онҳоро меовард. Ҳатто ба тарзи либоспӯшиаш ҳавас карда, ба ӯ пайравӣ мекарданд. Дар рӯзҳои машғулиятҳояш омадани ӯро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Нафаре дар роҳрав дидбонӣ мекард ва ҳамин, ки Бибиков дар роҳрав намудор мешуд, ба синф даромада, бо овози баланд мегуфт: «Бачаҳо, профессор Биб меояд!» Ва ӯро хушҳолона қабул мекарданд. Албатта, ӯ ин тахаллусашро медонист, аммо чизе намегуфт.
Яке аз шогирдони ҳамондаврааш Тамара Абдушукурова хотироташро дар бараи профессор Бибиков чунин баён кард: «Борис Владимирович инсони ниҳоят ҳассос буданд ва ба ҳар зуҳуроти ба вуқуъ пайваста назари хайрхоҳона доштанд. Дар он давраҳо мо ӯро ҳамчун ситораи кино ва донандаи хуби театр мешинохтем. Фурӯтанӣ, хоксорӣ ва нигоҳи ниҳоят маънидоронае доштанд ва бо мо шогирдон тарзе муносибат мекарданд, ки гӯё дӯсти деринаамон бошанд. Аммо дар вақти омӯзиш ниҳоят сахтгир буданд ва дар ниҳодашон якравӣ доштанд. Намегузоштанд, ки шогирдонашро ба корҳои берун аз донишкада банд кунанд, пайваста таъкид мекарданд, ки донишҷӯ барои хондану омӯхтан омадааст. Талаби бисёр коргардонҳои киноро, ки барои аз байни донишҷӯён интихоб намудани типажҳо меомаданд, рад мекарданд.»
Бале, профессор Бибиков нисбат ба шогирдон сахтгиру серталаб буд ва ба шогирдони дар студияҳои миллӣ таҳсил дошта пайваста таъкид мекард, ки барои ҳунарманди хуб шудан бояд қабл аз ҳама забони адабии миллати худро омӯзанд. Ин буд, ки дар алоҳидагӣ ба онҳо дарси суханварӣ бо забони модариашон медод. Дар дафтари хотираҳояш навиштааст, ки шогирдаш Ҳабибулло Абдураззоқов ба наздаш омада, чунин изҳори сипос намудааст: « Раҳмат, Борис Владимирович! Шумо ба мо бо забони тоҷикӣ дуруст ҳарф заданро омӯхтед».

Палави тоҷикиро дӯст медорам
Профессор Бибиков ва ҳамсараш Олга Пижова нисбат ба мардуми тоҷик назари ниҳоят хуб доштанд. Аз таърих ва тамаддуни ин мардум ҳанӯз дар айёми ҷавониашон огаҳӣ пайдо карда буданд. Китобхонаи шахсии ӯ 6 ҳазор китобро дар бар мегирифт ва дар байни онҳо китобҳое буданд, ки аз таърих ва тамаддуни мардуми тоҷик нақл мекарданд. Ин буд, ки ба шогирдони тоҷикаш муносибати ниҳоят ҳалимона дошт ва пайваста кӯшиш мекард, ки онҳоро аз тамоми паҳлӯҳои ҳунарии театр ва кино огаҳ намояд. Рӯзҳои истироҳат дар хонааш ҳамроҳи ҳамсараш Олга Пижова бо шогирдони тоҷикистонияш машғулиятҳо мегузаронд. Баъди машғулият барои шогирдон дастурхон густурда, дар хона нишасти фарҳангӣ ташкил мекард ва дар мавзуъҳои мухталиф баҳсу мунозираҳо мешуд. Шогирдаш Тамара Абдушукурова ёдовар мешавад, ки баъзан мо оши палавӣ тоҷикӣ мепӯхтем ва устод Бибикову ҳамсараш Олга Пижова палави тоҷикиро ниҳоят дӯст медоштанд. Пайваста таъкид мекарданд, ки палав шоҳи хӯрокҳои миллии тоҷикӣ аст. «Яхчоли пур аз анвои хӯрдании онҳо дар ихтиёри мо донишҷӯён буд»,- мегӯяд Тамара Абдушукурова ва илова мекунад: Ҳамаи ин аз он дарак медод, ки онҳо нисбат ба мо эҳтироми хоса дошта, чизеро аз мо дареғ намедоштанд…».

Мактуб ба Ҷаббор Расулов

Баъди хатми театр-студияи тоҷикии Донишкадаи санъати театрии шаҳри Маскав соли 1960 гурӯҳи хатмкунандагонро ба театри мусиқӣ-драмавии ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд ба кор фиристоданд. Профессор Бибиков бо ҳамсараш Олга Пижова ба Хуҷанд омада, бо шогирдонаш намоишномаи дипломии онҳоро ба саҳна гузоштанд. Муддате ин шаҳрро макони иқомати худ ихтиёр карда, бо мардуми тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Албатта, дар театри Хуҷанд кор кардан барои шогирдонаш боргоҳи баланди ҳунарӣ буд, аммо ӯ бисёр мехост, ки шогирдонаш дар марказ пойтахти тоҷикон кор кунанд, зеро дарк мекард, ки дар пойтахт кор кардан барояшон дар он давара имтиёзи ниҳояти баланди ҳунарӣ медиҳад. Киностудияи «Тоҷикфилм» дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон ҷойгир буд ва Бибиков орзу мекард, ки шогирдонаш на танҳо дар театр, балки дар ҷодаи кино ҳам ҳунарнамоӣ кунанд. Ин буд, ки соли 1961-ум онҳо ба унвонии роҳбари ҳамонвақтаи Тоҷикистон Ҷаббор Расулов нома навишта, хоҳиш карданд, ки гурӯҳи ҳунармандони хатмкардаи Донишкадаи саъати театрии шаҳри Маскав ба театрҳои марказ гузаронида шаванд. Ин хоҳиш аз ҷониби роҳбарияти Тоҷикистон пазируфта шуд ва тамоми ҳунармандонро ба театрҳои Душанбе фиристоданд.
Акнун шогирдонаш ҳам дар театр ва ҳам дар киноҳои тоҷикӣ нақшҳо бозӣ мекарданд. Ҳабибулло Абдураззоқов, Майрам Исоева, Фотима Ғуломова, Ҳошим Гадоев, Тағоймурод Розиқов, Раҷабгул Қосимова ва боз чандин нафарони дигар, дар тӯли солҳо маҳз дар пойтахт сазовори обрӯ ва унвони баланд гардиданд.

Худам, худамро бозидам
Борис Владимирович Бибиков на танҳо ҳамчун омӯзгор шинохта мешавад, балки дар ҷодаи кино низ ҳунару маҳорати баланд нишон додааст. Дар филмҳои «Котовский», (с.1942), «Соли фаромӯшнашаванда» (с.1952), «Бозгашти Вероника» (с.1963), «Майёр Вихр» (с.1967), «Соҳили мурод» (с.1967) ва боз чандин филмномаҳои дигар нақшҳои мухталифро бо маҳорати баланд бозидааст.
Дар филми «Пагоҳ биёед» профессор Бибиков гӯё нақши худашро бозидааст. Фрося Бурлакова, қаҳрамони ин филм аз музофот омада, мехоҳад ҳунарманд шавад ва ӯро профессори донишкада имтиҳон мегирад. Ин манзара ва мазмун зиндагиномаи худи Бибиков ҳаст, ки тӯли ҳар сол онро аз сар мегузаронд.
-Дар ин филм худам, худамро бозидаам,- гуфта буд Бибиков, -аммо нақши Фросяро актриса Екатерина Савинова аз ман хубтар бозид.
Ин яке аз нишонаҳои хеле барҷастаи фурӯтании инсон аст. Бо ҳамин қадар бузургии худ, ҳунари шогирдро аз ҳунари худ боло донистан намунаи олии одамгарист.

Поёни умр
Аслан дар ҳама давру замон муҳаққиқон зиндагинома ва фаъолияти кориву эҷодии шахсро ба ду давра тақсим мекунанд. Яке агар айёми шубоб бошад, дигаре даврони камолоти эҷодист. Вале барои мо насли баъдӣ омӯхтани зиндагиномаи ин ҳунарманд то андозае ноаёнӣ ва гуфтаниву «ногуфтаниҳое» дорад. Бахусус, дар айёми пириаш чунин ба назар мерасад, ки ӯ андаке хору залил, бемору нотавон гардида буд.
Баъди вафоти ҳамсараш Олга Пижова соли 1978 ба шогирдаш Малика Ҷӯрабекова, ки 47-сол тафовути синну солӣ доштанд, ақди никоҳ баста, ба Тоҷикистон омад. Тӯли чор сол бо ҳамсараш ба шогирдони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дарс гуфтаанд. Мутаассифона охири умри ин санъаткори бузург ҳузнангез аст: Чашмонаш нобино ва ҷисмаш аз ғояти пирӣ ранҷуру пурдард гашта буданд. Рӯзҳои дароз ба боғчаи назди ҳавлияш даромада, дар гӯшае менишаст ва ба умқи андешаҳо фурӯ мерафт. Дар он лаҳзаҳо дар сар чӣ андешае дошт, касе намедонист. Танҳо ҳамсояҳо аз дур ба ӯ наззора карда, сабаби маҳзунияшро шояд медонистанд ва ҳолати ӯро дарк мекарданд… Ӯ 5-уми ноябри соли 1986 дар рӯзи ёдбуди ҳамсараш Олга Пижова, ки ҳар сол онро қайд мекард, дар сари дастурхон аз дунё рехлат баст ва ба гӯшаи фаромушӣ рафт…

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: