Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамоиши ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

17-11-2018, 10:40
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ифтихори солгарди Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз, Рӯзи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» субҳи дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар беморхонаи клиникавии № 1 бо иштироки аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар беморхонаи шаҳрӣ, маркази саратоншиносӣ ва беморхонаи эндокринологӣ ҳамоиш таҳти увони «ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ» баргузор гардид. Наздики 300 нафар пизишкон, ҳамширагони шафқат, кормандони беморхонаҳо дар даст шиору овеза ва парчамҳо қадамзанон сӯи макони баргузории чорабинӣ сарҷамъ омаданд.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи меҳнат ва заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳи сартосарӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат-иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, талошҳои Пешвои миллат дар расидан ба ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ бо овардани далелу рақамҳо ба таври муфассал маълумот дод.
Сардухтури беморхонаи шаҳрӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Фирдавсхон Тӯрахонов низ зимни баромадаш зикр сохт, ки мактаби бузурге, ки фарзанди фарзонаи миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз обу гили сулҳу оштӣ, кохи баробарию бародарӣ, фарҳангу тамаддуни башарӣ, ақлу фаросати беназир, ахлоқи ҳамида, имони поку устувор пойдеворашро бунёд карданду баробари истиқлол дарашро ба рӯи ҳамаи сокинони кишварамон, аз ҷумла барои мо, ҷавонони даврони истиқлол кушоданд, сабақи нодири таърихӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз ин мактаб яке аз мактабҳои пурқувваттарини сиёсӣ ва ҷомеашиносии олами сиёсат мубаддал гардидааст.
Пизишки беморхона, аъзои фаъоли ҳизб, шоир Абдуфаёз Нуров аз шеъри ба тозагӣ эҷодкардааш назди ҳозирин қироат намуд, ки матлабаш чунин аст:
Бо амри он султони Ҳақ,
Бо заҳмати дастони халқ
Барқ ҳам фаровон шуд кунун,
Роғун чароғон шуд кунун,
Дар фуроварди чорабинӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар бори дигар ин рӯзи саодатофарро барои кулли мардуми кишвар шодбош гуфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: