Маҷлис дар беморхонаи ноҳиявӣ25-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Дар яке аз ташкилоти ибтидоии фаъоли Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Деваштич дар маҷлисгоҳи беморхонаи марказии ноҳия маҷлиси занҳо ва фаъолони ТИ «БМН» баргузор гардид, ки бо суханронии менеҷери госпитали беморхонаи марказии ноҳия, раиси ТИ Маҳмадалиев Н. Р. ифтитоҳ ёфт.
Маҳмадалиев Н. Р. дар мавзӯъҳои сулҳу суботи ҷомеаи солим, осоиштагии мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон, омодагии пурра намудан, ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд. Намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Деваштич Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо ҷавонон Саидов С. ва Муттахассиси бахши омор ва раиси шӯрои духтарони КИН ҲХДТ иштирок намуданд. Муттахассиси бахши омор ва раиси шӯрои духтарони КИН ҲХДТ дар мавзӯи доираи ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардумӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва дар бораи китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» маълумоти мухтасар дод. Маҳмадалиев Н.Р. бо суханҳои ватандӯстонаву истиқлолиятхоҳона маҷлисро ҳусни анҷом бахшид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.