Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд

Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд

17-08-2018, 09:30
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд
Аҳли кормандони беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд Рӯзи кормандони соҳаи тибро таҷлил намуданд.
Дар маҷлиси тантанавии кормандони бемерхонаи сироятӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар баромади худ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Давлату Ҳукумат ҷиҳати рушду инкишофи соҳаи тиб иттилоъ дода аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ҳақиқат рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат ва тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ, ки ҷавобгўи ҳадафи стратегии мамлакат – беҳдошти саломатии сокинон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.
Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд
Мусаллам аст, ки фаъолияти самаранок ва ҳадафманди ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тиббии кишвар бидуни фароҳам овардани заминаи мусоиди моддиву техникӣ ғайриимкон аст.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дода, шароити инфрасохтори соҳаро ба талаботи замон мутобиы гардонида истодаанд.Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кӯмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар тавсеа ёфта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.Дар шаҳр 16 муассисаи тиббӣ фаъолият дорад ва муҳимаш дар онҳо беҳтарин табибон ва ҳамшираҳои шафқат кор карда, вазифаи хешро сидқидилона ба иҷро мерасонанд.
Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардондани саломатии халқ, пешгирии интишори бемориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд ва ҷашни 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.
Баъдан, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳамаи кормандони беморхонаро ба муносибати Рӯзи кормандони саҳаи тиб табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар ҷодаи фаъолияти кориашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Сипас ба зиёда 40 нафар фаъолони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ифтихорнома ва туҳфаҳо ба табибони пешқадам супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: