Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонони ҳизбӣ дар корзори «Роғун»

Ҷавонони ҳизбӣ дар корзори «Роғун»

13-11-2018, 09:26
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонони ҳизбӣ дар корзори «Роғун»

Саҳмгузорӣ дар чунин як сохтмони бузурги НБО «Роғун» барои ҷавонон ҳам шараф аст. Яке аз ин гуна ҷавонони хуштолеъ Аслан Зайдов аст, ки худ зодаи шаҳри Роғун мебошад. Ӯ соли 1986 дар ин шаҳри энергетикҳо дар оилаи сохтмончӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ таҳсил карда, онро бо ихтисоси сохтмон ва меъморӣ хатм намуда, соли 2009 ба ин сохтмон омад. Дар баробари иҷрои нақшаҳои корӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ фаъолона иштирок мекунад. Ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун мебошад.
Ҷавонони ҳизбӣ дар корзори «Роғун»
А.Зайдов аз он ҷиҳат худро хушбахт медонад, ки ҳамарӯза дар сохтмони НБО «Роғун» саҳм мегузорад.
Ҷалби ҷавононе ба монанди Аслан ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ аст, ки солҳо пеш барои ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои сохтмонӣ дастур дода буданд.
Дар дафтарчаи меҳнатии ӯ шуғлу корҳое ба монанди: таъмиргар ва нақбкани ҶСК “Тоҷикнақбсоз”, муовини сардори қитъаи зеризаминӣ, муовини директори техникии ҶСК “Тоҷикнақбсоз”, муовини директори генералии ин ҷамъият, директори генералии ҶДММ “Биносоз” ва аз августи 2018 ба ин тараф директори генералии ҶСК “Тоҷикнақбсоз” сабт шудааст.
Имрӯзҳо А. Зайдов серкор аст, зеро барои ба кор андохтани чархаи аввал ҳамчун директори кулли ҶДММ “Биносоз” иштирокаш дар корҳои тайёрӣ муҳим аст.
Ҷавонони ҳизбӣ дар корзори «Роғун»
А.Зайдов ҳамзамон бо машғули кор дар НБО «Роғун» дар ободонии шаҳр низ ёрӣ мерасонад. Дар баргузории мусобиқоти варзишии ҷавонон мусоидат мекунад. Зеро медонад, ки машғул шудан ба варзиш яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирии шомилшавии насли наврас ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аст.
Баробари саҳмгузорӣ дар иҷрои нақшаи ободонии шаҳр ва баргузории чорабиниҳои хайрия барои кумак ба ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат мадад мерасонад.

***
Ҷавонони ҳизбӣ дар корзори «Роғун»
Маҳмадфариз Сиёҳмардов як ҷавони дигари роғунӣ аст, ки дар амалӣ шудани тарҳи неругоҳ саҳм гузоштааст. Ҳоло вазифаи директори генералии ҶДММ «Нуробсохтмон» - ро ба уҳда дорад.
Маҳмадфариз ҳам зодаи Роғун буда, соли 1986 дар ин шаҳр дар хонаводаи коргар таваллуд ёфтааст. Ҳамсоли Аслан Зайдов аст ва монанди ӯ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳкор – сохтмончӣ хатм кардааст.
Устои кӯҳии раёсати сементатсияи ҶДММ «Поти Ас», истҳсолотчии қитъаи корҳои зеризаминии ҶСШК «РоғунГЭСстрой», муовини директори ҶДММ «Плотина Тиҷорат», истеҳсолотчии ҶДММ «Нуроб-сохтмон» ва дар вазифаи муҳандиси раёсати назорати корҳои сементатсионии ҶСК «НБО Роғун» кор кардааст. Аз соли 2015 то ба имрӯз директори генералии ҶДММ «Нуроб-сохтмон» мебошад.
А. Зайдов ва М.Сиёҳмардов ҳамроҳ бо кормандонашон дар қатори садҳо нафар ҷавонони дигари сохтмончии Роғуншаҳр бесаброна маросими ба истифода додани нахустин чархаи неругоҳро интизоранд. Ифтихор мекунанд, ки баҳри шукуфоии зодгоҳу ободии ватани худ саҳми худро гузоштаанд.
С.Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: