Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ15-09-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 1494 нафар
Назарҳо: 0
Хонов Абдураҳмон Умарович, аз 8 июли соли 2015 дар вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ кор мекунад.
Соли таваллуд: 15 феврали соли 1973. Ҷои таваллуд: ноҳияи Варзоб. Миллат: тоҷик. Маълумот: олӣ, соли 1997 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: муҳандис-механик, иқтисодчӣ. Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, (англисӣ бо луғат) Вакили халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2010-2015). Ба мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст: Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009. Фаъолияти корӣ: 1990-1992 Муҳосиби техники совхози ба номи «Ҳасан Ёқубов»-и ноҳияи Ленин 1992-1997 Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 1997-1998 Мутахассиси дараҷаи 1-уми Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1998-1999 Сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1999-2000 Сардори Идораи робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2000-2001 Директори Биржаи шуғли ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2001-2004 Директори хоҷагии фермерӣ ва муовини директори Асотсиатсияи хоҷагиҳои фермерии ноҳияи Варзоб 2004-2005 Сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2005-2006 Сардори Идораи тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва фарҳангии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ©hamsafon.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.