Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Кабирӣ ва Хуманаӣ ҷудоиандозони тоҷикону эрониён?

Кабирӣ ва Хуманаӣ ҷудоиандозони тоҷикону эрониён?

13-01-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 425 нафар
Назарҳо: 0
Кабирӣ ва Хуманаӣ ҷудоиандозони тоҷикону эрониён?
Имрӯз ҳар тоҷики содиқ ба миллату давлат аз кирдори нодурусти раҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муносибаташон бо кишвари мо бетафовут буда наметавонад. Бо як эътирози сахт мехоҳам ба ҷанобон Алии Хуманаӣ ва Ҳасан Рӯҳонӣ изҳор кунам, ки шумо аз пушти мазҳабгароии худ ба муносибатҳои қадимии бародаронаи тоҷикону эрониён, ба таърихи муштараки 7000-солаи мо доғи сиёҳ гузоштед. Шумо нишон додед, ки ба Тоҷикистон ҳамчун ба як кишвари соҳибистиқлол, эҳтиром надоред. Арзишҳои давлатдории тоҷиконро ҳеҷ донистед.

Барои шумо арзишҳои маҳдуди мазҳабиатон болотар аз ҳама муқаддасоти дигар аст. Шиъигароии шумо онқадар дар дилҳоятон таасуб ҷой додааст, ки тайёред ҳар хоини ватанфурӯши пайрави ифротии мазҳабатонро болонишин карда, аз дини мубини ислом воситаи ҷудоии эронитаборон бисозед. Акнун фаҳмидем, ки барои чӣ шумо мазҳабгароёни ашад аз зодгоҳи Курушу Дориюш ба он афғонистониҳое ёрӣ мерасонед, ки агарчанде эронитабор ҳам набошанд, пайрави мазҳаби шиъа мебошанд. Акнун фаҳмидем, ки барои чӣ шумо ба тоҷикони Афғонистон, ки аз 20 миллион бештаранд ва аз ҳамлаҳои душманони забони форсӣ хору зоранд, кӯмак намекунед.

Ман ин сатрҳои пур аз гиларо барои он менависам, ки раҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, бидуни камтарин эҳтиром ба давлати тоҷикон, шахси ба оромиву осудагии ватани мо халаловар, хиёнаткоре ки генерали артиши Тоҷикистонро барои ташкил кардани кудето ва боиси хунрезии тоҷикон гаштаро, раҳбари ҳизби ба террористӣ гунаҳкор, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро, ба расмият ба конферонси “Ваҳдати исломӣ” даъват намуда, барои суҳбат қабул кардед. Аз ин иқдоми шумо бармеояд,ҳар он ки бар зидди оромии мардуми осоиштаи тоҷик силоҳ тайёр кардааст, метавонад ҳамсуҳбати шумо бошад ва шумо хайрхоҳаш бошед?!

Мо аз тариқи расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар иттилоъ дорем, ки рӯзи 4 сентябри соли 2015 Кабирӣ аз Туркия ба писараш Руҳуллоҳ телефонӣ амр мекунад, ки 800 ҳазор доллари дар сандуқ бударо гирифта, аз дасти як ҳаммароми ӯ 400 ҳазор доллари дигар гирифта, ба дасти ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бисупорад. Сабти ин гуфтугӯ низ пахш гардида буд. Рӯзи дигар Ҳалим Назарзодаи хоин бо гурӯҳи омодагирифтаи яроқдор, бо истифода аз мансаби баланди худ ба анбори лавозимоти ҷангӣ ворид шуда, силоҳҳои оташнишони зиёдеро мерабоянд. Дар дигар гӯшаву канорҳои кишвар сарварон ва фаъолони ҲНИТ бо силоҳ дар ҳолати омодабош қарор доштанд. Хушбахтона мағзи сари маҳдуди ифротгароёни муттаасиб маҳдуд аст ва аксаран имкониятҳои нерӯҳои дар муқобилашон қарор доштаро нодида мегиранд, зеро ки ғубори таассуб чашмонашонро хира кардааст.

Мо имрӯз оҳанги солҳои 90 уми асри гузаштаро эҳсос мекунем ва дар номи ҲНИТ, ки калимаи “наҳзат” ҷойи намоён дорад, мефаҳмем, ки исломисозони асри 21 мехоҳанд тарзи зиндагии арабҳои 1400 сол пешро, ки шири шутур онҳоро ба воя расондааст ва қоидаи зиндагиашон асримиёнагӣ мебошад, эҳё кунанд. Идеологияи тоталитариро, ки андешаи ғайрро буғӣ мекунад ҷорӣ кунанд. Ба мо маълум аст, ки сабаби асосии ҷанги худкушии тоҷикон ин муборизаи беамони ду идеолгияи тоталитарӣ – идеологияи коммунистӣ бо исломи сиёсӣ буд. Исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон нишон дод, ки то агар қавонини асримиёнагии шариат ҷорӣ нашавад, яъне дар сари кӯчаву хиёбонҳо сар буридану ба дор овехтани дигарандешон, меъёри давлатдорӣ нагардад, дастгоҳҳои сиёсии динӣ ҳатто бо ҳаммиллатони худ созиш нахоҳанд кард. Мо инро дар таърихи 25 солаи муносибатҳои ифротиёну соҳибони андешаҳои дунявӣ пай бурдем. Бо чашми худ дидем, ки 30% мансабҳои давлативу низомӣ ба уҳдаи мухолифини давлати Тоҷикистон, ки ҳама узви ҲНИТ буданд гузошта шуда буд. Аммо онҳо чи хеле ки дидем ба мисли Ҳалим Назарзода ва пеш аз ӯ дигаронашон тоқати сохтори давлати дунявиро надоштанд. Мо дар бораи оҳангҳои нохуши солҳои 90 уми асри гузашта сухан гуфта, ба хотир оварданием, ки баъзан оҳангҳои нохуше дар он солҳо аз самти кишвари исломии Эрон низ мерасид. Яъне наҳзатиҳои он солҳо балегӯёни худро дар Эрон ҳам доштанд, дар кишварҳои арабӣ ҳам ва аҷибаш он аст, ки дар Америкаву Европа низ. Онҳо барои пурра шикаста несту нобуд кардани режими коммунистӣ, тайёр буданд новобаста ба мазҳабу миллату забон, бо ҳам ошиқу маъшуқ гарданд.

Дарвоқеъ барои шикастани режими шоҳӣ, ки ба прогресси илмӣ – техникӣ расида буд ва ду-се даҳсолаи дигар Эронро ба як кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил медод, аз роҳи ба сари қудрат овардани таасубгароёни мазҳабӣ, ҳам Европа дар симои Франсия ва ҳам Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳаммаслак шуданд. Тавонистанд, ки Эронро ба 50 соли дигар ба қафо партоянд. Дар натиҷаи инқилоби сохтакоронаи империалистони Ғарб, беҳтарин истеъдодҳо Эронро тарк карда ба Амрико, Европа ва Австралия фирор карданд. Эроне ки мошинсоз шуда буду ба воситаи ривоҷи туризм, ҳоло яке аз бойтарин мамлакатҳои ҷаҳон мебуд, тамоми ҳастиву ҳавсалаи мардумонашро барои ҳиҷобпӯшии духтаронва шиъимазҳаб кардани мусалмонон сарф мекунад. Мардуми эҷодгар, андешаманд ва пешрави Эрон маҷбур аст, дар ғурбат аз ватани худ, шеъру тарона, мусиқӣ эҷод кунад, андешаи озоди худро баён кунад. Ҳамин 5 -6 сол пеш ситораи ҷаҳони ҳунар Гугӯш, булбули ягона Шаҷариён Эронро тарк карданд, зеро дар фазои гулӯгири тоталитарӣ озодандешон наметавонанд нафас бикашанд.

Кӣ гуфта метавонад, ки дар кадом кишвари режими ҳукумфармои исломӣодамон хушбахтона машғули кору зиндагӣ мебошанд? Магар дар Ҷумҳурии исломии Покистон? Ё Ҷумҳурии исломии Афғонистон? Дар ин ба ном ҷумҳуриҳо умрест ҳар рӯз даҳҳо одамони бегуноҳ аз дасти террористон кушта мешаванд. Дар ин кишварҳо яке омода аст гулӯи дигареро бидарронад, то исбот кунад, ки ӯ мусалмони ҳақиқӣ аст, на ту. Мо тоҷикон ҳеҷ вақт намехоҳем ҳаёти осудаи худро ба кишвари ришдарозони салладори калашников дар даст иваз кунем.

Шумо ифротгароёни мазҳабӣ агар ҷайбҳои Кабирӣ барин хоинони миллатро пур аз тиллову доллар кунед, аз дандонҳояш шамшер бисозеду дар тайёраҳои бомбафкан ҳам савораш кунед, мардуми тоҷик намегузорад, ки сояаш дар сарзамини муқаддаси мо пайдо шавад. Ва дониста монед, ки Кабирӣ ба шумо доимо ҳисоботи дурӯғ медод, ки сафи аъзоёни ҳизби исломиаш рӯз ба рӯз меафзояд. Дар асл 400 – 500 нафар тоҷикони зархариди маошхӯрро намоиш медоданд, ки бо ҳар кадоме аз инҳо гӯё ҳазорони дигар ҳамсафанд.

Боди ғуборолӯду бадбӯи солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистони мо дар муборизаи ифротгароёни муосир барои ришмонӣ, сатрпӯшонидани занон бо шеваи кишварҳои Арабистони Саъудӣ ва Эрон, дар муътабар донистани каллаварамҳое, ки тамоми хазинаи донишашон иборат аз 10 -20 ояти Қуръон бештар намебошад, дар ҷорзаниҳои доимии хурофотпарастон, ки “ислом хор шуд”, дар сохтмони масоҷид дар сари ҳар кӯчаву паскӯча, мудохила кардан ба ҳар соҳаи зиндагонии мардумон, тарзи давлатдорӣ ва мисли он амалҳои ҷудоиандози ҷомеаи тоҷикон намудор аст.

Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии ӯ фикр мекунанд, ки аз солҳои хунини 1992 – 1995 Тоҷикистон бештар аз 20 сол гузаштааст ва дар ин муддат насли нави тоҷикон ба воя расидаанд, ки метавонанд бидуни таамул ба даъвати онҳо ҷавоб дода, ба даст аслиҳа гиранд. Бехирадии Кабирӣ ва ҷаҳолати ифротгароёни мазҳабӣ дар он аст, ки ҷавонони тоҷикро наомухтаанд. Суханбофии чанд иншогарони ҷавони фейсбукиро мисол оварда, якеросад нишон медиҳанд. Хандаовару аблаҳӣ мебошад, ки Кабирӣ ҳамроҳ бо тарафдорони ҳизбаш Ҳукумати Тоҷикистонро дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон маломату сарзаниш карда, ба буғӣ кардани демократия ва дигар арзишҳои давлатҳои демократӣ айбдор карданӣ мешаванд, вале аз мақсади худашон гап задан намехоҳанд. Бубинед он демократҳои исломии фиребгарро, ки гуфтанианд: «Шумо ҳукуматдорони Тоҷикистон моро бигзоред, ки дар кишвар инқилоб карда, 600 – 700 ҳазор мухолифони режими исломиро ба қатл расонем, 600 – 700 ҳазори дигарро дар кишварҳои бегона гурезаву паноҳанда кунем, миқдори дигареро дар зиндонҳо бишнонем ва шариатро ҷорӣ карда, демократияро дар ҷаҳон эълон кунем».

Чӣ хеле дар боло гуфта шуд, ҳолатҳое мешаванд монанд ба ҳамкории даррандагон дар бешазор; барои аз по афтондани қурбонии худ дар бисёре аз мавридҳо даррандагони бо ҳам душман ба якдигар кумак мерасонанд, вале пас аз ғалтонидани қурбонӣ, даррандагон ба ҳамдигар дармеафтанд. Ҳамон тавре ки Амрико ва Фаронсаву Иттиҳоди Шӯравӣ барои аз тахт афтондани шоҳи Эрон ҳамкор буданд, вале пас аз ғалаба ба якдигар душмании худро намоён сохтанд. Ҳоло Амрико дар қаламрави кишварҳои арабӣ ДОИШ бунёд кардааст ва шарикони ӯ Туркия ва Саъудӣ дар зоҳир бо ДОИШ меҷанганд ва касе дар хотир дошта бошад, се – чор сол пеш ташкилоти байналмилалии ОБСЕ ҳам худро ҳомии исломисозии ҷаҳон тарошида, ҳизби Кабириро ҳимоя кард ва ҳай оби чашм рехт, ки ҳуқуқҳои ин ҳизби бечораи диниро поймол мекунанд. Пас аз фирор Кабирӣ дар Туркия паноҳандагӣ ҷуста, ба конференсияи Теҳрон, бо номи «Ваҳдати исломӣ», аз он ҷо омад. Чуноне мушоҳида шуд дар байни Кабирӣ, Хуманаӣ, Обама, Эрдуғон ва сарвари ташкилоти ОБСЕ ҳатман кадом ҳамфикрие вуҷуд дорад. Ё ҳамаи онҳо демократипарвари ашад мебошанд, ё институти нави давлатдорӣ месозанд –демократияи исломӣ. Масалан кишвари Афғонистонро дар он сурат мешавад Ҷумҳурии Демократии Исломии Афғонистон ном ниҳод.

Мехоҳам дар хотима ба роҳбарони кишвари Эрон бигӯям, ки ба ваҳдати исломӣ расидани мусалмонони ҷаҳонро амри маҳол аст, аммо аз даст додани ягонаандешии форсигӯён ба монанди барбод додани асолати эронии мардуми Эрон хоҳад буд.
©Зафари Мирзоён
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: