ТАВАҶҶУҲ ОЗМУН!!!31-10-2018, 09:02
Хабарро хонданд: 466 нафар
Назарҳо: 0
Ҳафтаномаи «Минбари халқ» дар минтақаҳо барои хабарнигорон озмун эълон мекунад. Вилояти Хатлон - 2 ҷой, (Бохтар ва Кӯлоб) Вилояти Суғд - 2 ҷой, (Водии Зарафшон ва Хуҷанд) ВМКБ - 1 ҷой, Водии Ҳисор - 1 ҷой, Водии Рашт - 1 ҷой. Талаботи асосӣ нисбат ба довталабон: -таҷрибаи корӣ дар матбуоти даврӣ; -хуб донистани забони тоҷикӣ; -кор бо компютер ва интернет; -намунаҳои то ин муддат чопшудаи мақолаҳо дар рӯзномаҳо (ҳангоми суҳбат пешниҳод карда шавад) - Пешниҳоди чаҳор мавод дар жанрҳои хабарӣ ва таҳлилӣ Довталабон бояд то рӯзи 10 декабри соли равон хабарҳо ва мақолаҳои таҳлилӣ, инчунин нусхаи маводҳои дар матбуоти даврӣ нашршудаашонро ба почтаи электронии minbarihalk@bk.ru ирсол намоянд. Озмун 20 декабр аз ҷониби комиссияи озмун ҷамъбаст мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.