ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ҶАВОНОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ОҒОЗ ГАРДИД27-10-2018, 10:44
Хабарро хонданд: 342 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №406 аз 27 – уми майи соли 2017 “Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2021”, ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим, обу тоби ҷисмонӣ, бедор кардани ҳуввияти миллӣ ва завқи ҷавонон ба варзиш бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи низомномаи тасдиқгардида мусобиқаи варзиширо оид ба футболи хурд байни дастаҳои футболи шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия роҳандозӣ кард. Мутобиқи низомномаи тартиби баргузории мусобиқаи футболи хурд мусобиқаҳои мазкур дар майдончаҳои варзишии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур гузаронида мешаванд. Боиси қаноатмандии зиёд аст, ки дар доираи иқдоми беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Мавриди зикр аст, ки футболи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Президенти Футбол муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушд карда истодааст. Мусобиқа байни дигар дастаҳои шаҳраку маҳаллаҳо идома дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.