Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Силоҳ-беҳ аст, ки набошад…

Силоҳ-беҳ аст, ки набошад…

25-10-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 378 нафар
Назарҳо: 0
      Силоҳ-беҳ аст, ки  набошад…
«Ба мо ҳеҷ кас сухан доданӣ ва гӯш ҳам карданӣ набуд. Акнун ба мо гӯш диҳед». Ин суханонро Владимир Путин, президенти Русия зимни паёми хеш ба Шӯрои Федератсияи кишвар ироа ва тавассути наворҳои графикӣ ба ҷаҳониён намудҳои нави силоҳро нишон дода буд.
Суханронии президенти Русия дар расонаҳои ғарбӣ ҳангомаро барангехта буд, ки ба ибораи русӣ онро «эффект разорвавшейся бомбы» меноманд. Сиёсатмадорони бонуфузи кишварҳои абарқудрат низ вокуниши худро нишон доданд. Дар изҳороти ҳукумати Олмон гуфта мешавад, ки зимни гуфтугӯи телефонӣ канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Ангела Меркел ва президенти ИМА Доналд Трамп дар ақидае ба ҳам мувофиқ шуданд, ки намудҳои силоҳи наве, ки дар баромади Путин зикр шуданд дар «кӯшишҳои байналмилалӣ оид ба назорат болои силоҳ» латма ворид мекунанд.
Ҳам Москва ва ҳам Вашингтон, ки 93 фоизи захираҳои ҷаҳонии силоҳи ҳастаӣ дар ихтиёрашон аст, замони ахир нишон доданд, ки муносибати худро нисбати силоҳҳояшон тағйир медиҳанд. Владимир Путин ин тағйиротро бо он маънидод намуд, ки кӯшишҳои ӯ оид ба ба роҳ мондани гуфтушуниди солим дастгирӣ наёфтанд: «Тӯли ҳамаи ин солҳо, 15 сол баъд аз хориҷ шудани ИМА аз Созишнома оид ба Муҳофизати Зиддимушакӣ (ПРО) кӯшишҳои пайвастаро ба харҷ медодем то ин ки амрикоиҳоро ба гуфтушуниди ҷиддӣ барои созиш нисбати суботи стратегӣ даъват намоем».
«Солҳои ахир, алалхусус даҳсолаи ахир, мо шоҳиди тағйироти куллӣ ҳастем, ки системаи назорат болои силоҳ, ки аз замони «ҷанги сард» ба мо мерос монда буд, таҳти фишори сахт қарор мегирад. Мусобиқаи нави мусаллаҳшавӣ оғоз мегардад»,-мегӯяд Ҷон Бейке, таҳлилгари Ploughshares Fund, гурӯҳе, ки барои халъи силоҳи ҳастаӣ фаъолият мекунад.
«Мо аз хоб хестанӣ нестем»
Системаҳои нави силоҳ, ки тавассути графикаҳои аниматсионӣ ва баромади Владимир Путин нишон дода шуданд, аз мушаки болдор бо муҳаррики ҳастаии энергетики хурдҳаҷм, дастгоҳи зериобии бесарнишин, комплекси авиатсионӣ-мушакии фавқуссадо ва блоки идорашавандаи болдор иборат ҳастанд.
Мэттю Крёнинг, профессори донишгоҳи Ҷорҷтаун, муаллифи китоби «Мантиқи стратегияи ҳастаии Амрико» ақида дорад, ки ИМА ва Русия кайҳост, ки дар рақобати сохтани силоҳ қарор доранд: «Русия дар вазъи рақобат дар ин самт бо Амрико қарор дорад, мо бошем гӯё нав аз хоб хеста инро дидем. Бинобар ин, изҳороти Путин барои мо чизи нав ва ташвишовар нест. Бадаш он аст, ки нишиниву чизе ба анҷом нарасонӣ, ҳангоме ки рақиби ту силоҳҳои нав месозад, то ин ки ба кишварат ва иттифоқчиёнат ҳамла кунад».
Бархе аз таҳлилгарон нисбати муваффақ будани силоҳҳои нави русӣ шубҳа доранд. Стивен Швартс, муаллифи китоби «Баҳо ва натиҷаи силоҳи ҳастаии ИМА» қайд мекунад, ки консепсияи дастгоҳи энергетики ҳастаӣ, ки аз ҷониби Путин эълон гардид, дар Амрико ҳанӯз солҳои 50-60-уми қарни гузашта таҳти озмоиш қарор гирифта буд. Он замон аз ин даст кашида буданд: «ин ғояи махсусан бебарор буд, чунки реактори кушод буда, заҳролудшавӣ (радиатсия)-и гамма ва нейтронии хатарнокро ба бор меовард. Вақти парвоз чунин мушак ҳиссачаҳои сӯзишвории радиоактивиро хориҷ мекард ва хавфи дар атмосфера паҳн шудани он вуҷуд дошт, ки ҳангоми парвоз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ метавонист фазои иттифоқчиёни моро заҳролуд созад. Дар замони худ мо аз ин даст кашидем, акнун баъд аз гузашти зиёда аз ним қарн русҳо ба ин расиданд»,- иброз дошт Швартс.
Русия дар сарҳадҳои ғарбиаш ба ҷуз Белорус ягон иттифоқчӣ надорад.
Директори лоиҳаи «Силоҳҳои ҳастаии Русия» Павел Подвиг баръакс, чунин андеша дорад, ки рақобати нави сохтани силоҳ нест, чунки дар умум мувозинат халалдор намешавад ва зиёдшавии шумораи мушакҳо ғайриимкон аст. Вале ӯ бо дигар коршиносон дар он розӣ аст, ки системаҳои нав вазъро то андозае ба ташаннуҷ мебарад, нигоҳ накарда ба он, ки оид ба қисми зиёди силоҳҳои нави пешниҳодшуда коршиносон кайҳо хабар доштанд:
-Владимир Путин дар охири баромадаш қайд намуд, ки ин «воҳима» нест. Ба андешаи Шумо, чӣ ӯро водор намуд, ки чунин гӯяд?
-Ман фикр мекунам, ки қисми зиёди баромади ӯ ба он бахшида шуда буд, ки дар Ғарб муддати хеле тӯлонӣ ба он бовар надоштанд, ки Русия ба бунёд сохтани системаи муҳофизати зиддимушакӣ (ПРО) ва майл надоштани ИМА ва иттифоқчиёнаш нибати ворид шудан ба гуфтушунид оид ба хавотирии Москва дар самти сохтани силоҳҳои нав қудрати посухи арзанда доданро дорад. Такя ба ин, Путин чуноне ки ман дарк кардам, кӯшиш кард фаҳмонад, ки он барномаҳое, ки ӯ муаррифӣ намуд, воқеӣ ҳастанд ва то ба охир роҳандозӣ хоҳанд шуд.
-Шумо нисбати Созишнома оид ба муҳофизати зиддимушакӣ (ПРО) ҳарф задед, яъне чунин меҳисобед, ки ин ҷавоби бевосита ба Амрико дар хусуси баромадани ӯ аз созишнома доир ба он аст?
-Ман гуфтанӣ нестам, ки ин посухи бевосита дар ин самт аст, ин ҷо вазъ мураккабтар аст. Албатта, фаҳмост, ки хориҷ шудани ИМА аз Созишнома оид ба ПРО ба он фазое, ки қарорҳо қабул шуданд, таъсир расонидааст. Аммо аз дигар тараф, ин ҳам фаҳмост, ки зери шиори «посух ба ПРО» иқтисодиёт ва комплекси ҳарбӣ-саноатии кишвар як қатор коркардҳои худро пешниҳод намуд ва аз дастгирӣ бархӯрдор шуд. Ин, албатта, ба комплекси ҳарбӣ-саноатӣ чун як «нафаси тоза» гардид ва баъзе лоиҳаҳое, ки то ин замон дар рафҳо нигаҳ дошта мешуданд, ҳоло «рӯйи об баромаданд».
-Аниқтар, Шумо чиро дар назар доред?
-Масалан, лоиҳаи блоки паррони фавқуссадои «Авангард». Ин лоиҳа ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта дар посух ба СОИ-ташаббуси мудофиавии кайҳонии ИМА коркард шуда буд. Онро «аз раф гирифтанд». Фаҳмост, ки бюрои муҳандисие, ки сари ин лоиҳа кор мекард, барои «зинда кардан»-и он манфиатдор буд. Маълум аст, вақте ки онҳо оғози солҳои 2000 омаданд ва гуфтанд, ки алайҳи системаи мудофиавии зиддимушакии Амрико системаи худро доранд, дар он вазъият онҳо шунида шуданд. Агар Созишнома оид ба ПРО дар он намуде, ки аввал дошт, боқӣ мемонд, албатта, ин барои онҳо мураккабтар мебуд. Душвор аст гуфтан, ки ин чи гуна далели қатъӣ буд, аммо гумон мекунам ҳамаи ин ҷиддӣ буд. Ҳамин тавр метавон оид ба дигар системаҳо-дастгоҳҳои зериобӣ ва ё мушаки болдори муосиртарин гуфт.
-Метавон гуфт, ки ҳама чизи дар филми аниматсионӣ нишондодашуда ин ҷаҳиши технологӣ дар самти силоҳи стратегист? Ман барои он чунин суол медиҳам, чун бархе коршиносон инро ҳатто ба лоиҳа ва коркардҳои ИМА дар солҳои 50-60-уми қарни гузашта шабоҳат медиҳанд…
-Баъзе аз чизҳои нишондодашуда дар ҳақиқат ягон чизи принсипиалӣ нав нестанд. Масалан, мушаки болдор бо муҳаррики ҳастаӣ-агар ин чиз дар ҳақиқат вуҷуд дорад, метавон гуфт, ки ин ба коркардҳои миёнаи қарни гузаштаи ИМА шабоҳат дорад. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ чунин корҳо бурда мешуданд. Баъдан ин корҳо дар ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ карда шуданд, чунки ягон маъние надоштанд ва гаронарзиш ҳам буданд. Аммо дар хусуси он, ки ҳоло дар ин лоиҳаҳои куҳна чи технологияи нав истифода бурда шудааст, ҳоло чизе гуфтан душвор аст. Ман, росташро гӯям, нисбати ин система ва дигар силоҳҳои нави муаррифишуда шубҳаи зиёд дорам. Яъне, дар ин самт ягон чизи нав ихтироъ кардан қариб ғайриимкон аст, бисёр роҳҳо ҳанӯз солҳои 50-60-и қарни 20 ва баъдтар аллакай истифода шуда буданд. Ва сабабҳое низ буданд, ки чаро ин системаҳоро дар замони худ истифода набурданд-чунки дар ҳақиқати ҳол онҳо ба имкониятҳои ҳарбии қувваҳои стратегӣ чизеро зам карда наметавонанд.
-Шумо мегӯед, ки он замон ин лоиҳаҳо маъние надоштанд. Мумкин ҳоло вазъ дигар шуда бошад?
-Ман чунин фикр надорам.
Филми аниматсионӣ дар баромади Путин мавзӯи ҷолиб барои баҳс дар расонаҳои ҷаҳонӣ ва миёни афроди воломақом гардид. Вазири мудофиаи Амрико Ҷеймс Мэттис нисбати аз ҷониби Русия гӯё сохтани мушакҳои баландтехнологӣ шубҳа намуда, оид ба «мағлубнопазир» ва дорои диапазони бемаҳдуд доштани силоҳҳои нави муаррифишуда заҳрханда намуд: «Ман ҳаминро мехоҳам ба шумо гӯям, ки ягон тағйиротро дар зарфияти ҳарбии русӣ надидам ва оид ба ин мушакҳо чанд сол пеш хабар доштем». Мақомоти расмии Амрико-Пентагон, Департаменти давлатӣ ва Кохи Сафед ба таҳдидҳои ҳастаии Путин вокуниш нишон доданд. Дар он ҷо чунин меҳисобанд, ки изҳороти Путин «бозӣ бо омма» аст ва ягон хатари воқеӣ барои ИМА надорад.
Ҳамаи ин суханони зебо барои ба даст овардани манфиат аст
Аммо кишварҳое, ки имрӯз ба оташи ҷанг кашида шудаанд, майдони мусоид барои санҷиши силоҳ гардидаанд. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия соли гузашта дар «соати парлумонӣ» дар Думаи давлатӣ иттилоъ дода буд, ки дар Сурия 162 навъи силоҳи муосир санҷида шудаанд. Ба қавли ӯ 10 навъи силоҳ қайриқаноатбахш маҳсуб гардиданд: «Ин силоҳҳо метавонистанд ба онҳое низ зарар оваранд, ки онҳоро истифода мебаранд»-, гуфт С.Шойгу. Ӯ қайд кард, ки бисёре аз намунаҳои силоҳҳои санҷидашуда ба коркарди дубора равон карда шуданд. То ин замон ин номгӯ афзудааст, мешуморанд бархе аз коршиносон.
Вале ҳама ин шиорпартоиҳо дар мавриди «ҳифзи марзу бум» аксаран вақт ҷанбаи иқтисодӣ дорад ва мақсади аслии ҳамаи ин ихтироъкорот ба даст овардани фоида аст. Бозори муосири фурӯши силоҳ солҳои ахир бо равандҳои ҷаҳонишавӣ, баланд шудани талаботи харидорон ба сифати он ва пуршиддат шудани рақобат миёни истеҳсолкунандагони силоҳ шарҳ дода мешавад. Маҳдуд шудани барномаҳои миллии истеҳсоли силоҳ дар кишварҳои пешрафта корхонаҳои бузурги силоҳсозиро маҷбур мекунанд, ки фаъолияти содиротиро фаъол гардонанд. Тибқи маълумоти Институти тадқиқоти қазияҳои ҷаҳонии Стокголм (SIPRI), фурӯши техникаи ҳарбӣ қисми муҳимтарини содироти як қатор кишварҳои дунё маҳсуб мегардад. Ва ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки дар ҷанг на танҳо қатл мекунанд, балки фоидаи зиёд ба даст меоранд. Дар ин самт Амрико ва Русия таъминкунандаи асосии бозори ҷаҳонии фурӯши силоҳ буда, 58 фоизи онро ишғол кардаанд. Таҳлилҳои Институти мазкур нишон медиҳанд, ИМА сеяки бозори ҷаҳонии фурӯши силоҳро назорат мекунад ва наздики нисфи содироти он ба кишварҳои Ховари Наздик рост меояд. Ба Русия наздики 23 фоизи бозори ҷаҳонӣ рост меояд ва тибқи баҳогузории SIPRI, тақрибан 70 фоизи содироти силоҳи русӣ ба кишварҳое чун Ҳиндустон, Чин, Вйетнам ва ва Алҷазоир рост меояд.
Дигар кишварҳои пешрафта, чун Фаронса, Олмон, Британия, Италия, Канада ва монанди ин дар истеҳсол ва фурӯши силоҳ фаъол ҳастанд.
Воридкунандаи бузургтарини силоҳ дар ҷаҳон Ҳиндустон маҳсуб ёфта, Арабистони Саудӣ мақоми дуввумро касб кардааст. Бояд қайд намуд, ки агар Ҳиндустон аслан харидори силоҳи русӣ бошад, пас Арабистони Саудӣ ҳамеша ҳавасманди технологияи ҳарбии амрикоист. Аммо сари шартномаи бузургтарини хариди силоҳ дар таърих бо маблағи зиёда аз 110 миллиард доллар ҳоло то қадре сиёҳӣ уфтодааст-то андозае наздик шудани манофеи саудӣ-русӣ ва ба наздикӣ ба таври ваҳшиёна қатл гаштани рӯзноманигори саудитабори The Washington Post Ҷамол Хашшогӣ (ҷияни миллиардери машҳури саудӣ Аднан Хашшогӣ, ки солҳои 80-ум аз чеҳраҳои асосии тиҷорати силоҳ дар Ховари Наздик буд) ба ин мусоидат мекунад. Аммо ҳазфи чунин шартномаи бузург кори саҳл нест ва ин мавзӯи дигар аст.
Он ҷойе ки силоҳ аст, он ҷо хун ҳам ҳаст. Масалан, Ховари Наздик аз лиҳози сарватҳои табиӣ аз минтақаҳои ғанитарини сайёра аст ва табиист, ки майдони хуби роҳандозӣ намудани бозиҳои геоиқтисодӣ ва геополитикист.
Барои ҳамин ҳам, хангоме ки аз минбарҳои баланди давлатҳои абарқудрат ё ҳатто созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ кишвар ё гурӯҳеро бо ҷурми терроризм, диктатура, тоталитаризм ё ифротгароӣ муттаҳам мекунанд, яқин бидонед-аз забони мансабдорон, вакилон-сенаторҳо, конгрессменҳо ва амсоли ин афрод бонкирҳову корпоратсияҳои бузурги силоҳсозӣ ҳарф мезананд. Дар истеблишменти ин давлатҳо онҳо мақоми ҳалкунанда доранд. Ин ҳолати нав нест-масалан, чанд қарн пеш бе иҷозати бонкир ва судхӯри машҳур Ротшилд (ҳоло ҳам яке аз бонуфузтарин оилаҳои дунё) дар Аврупо ҳатто на ҷанг оғоз мегардид, на сулҳ ба миён меомад…
Барои мо ташвишовар ин аст, ки кишвари ҳамҷавори мо-Афғонистон чанд даҳсола (умуман, ба умқи таърих фаротар равем, зиёда аз 2 қарн ҳам метавон гуфт, ки ҳарчанд мафҳуми сиёсие чун «Афғонистон» вуҷуд надошт-онро бритониҳо рӯйи кор оварданд) ба майдони бозиҳои геополитикӣ, санҷиши силоҳҳои нав ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мураккаби иқтисодӣ табдил гаштааст, ки бо шумули бозигарони қатории он-гурӯҳҳои тундаву ифротӣ ба марзҳои мо хатар эҷод мекунад…
Ғайр аз ин, силоҳ на танҳо дар роҳандозӣ намудани мақсадҳои геоиқтисодиву геополитикӣ дар манотиқи гуногуни олом, балки дар ҳаёти фардони алоҳида нақши манфии худро мегузорад. Имрӯз, масалан, дар Амрико дар дасти аҳолӣ зиёда аз 300 миллион навъҳои гуногуни силоҳ мавҷуд аст, ки баъзан вақт ба оқибатҳои нохуш меоварад.
Ҳангоми сафаре, ки имсол бо даъвати Департаменти давлатии Амрико дар ин кишвар доштам, қариб буд бо чашми сар шоҳиди чунин як ҳодисаи хунин мегаштам. Баъд аз гузаштани мо бо мошин аз назди яке аз таълимгоҳҳои иёлати Вирҷиния чанде пас он ҷо тирпарронӣ сурат гирифт-хонандаи ҳамин таълимгоҳ нафарони зиёдеро ба қатл расонд. Дар иёлатҳои Техас ва Флорида низ, ки мо он ҷо сафар доштем, чунин ҳодисаҳои хунинбор сурат гирифтанд. Дар шаҳрҳои Вашингтон, округи Колумбия ва Лос-Анҷелес, иёлати Калифорния ман шоҳиди March For Our Lives («Марш барои зиндагии мо») будам, ки иштирокчиёни он аз ҳукумат талаб мекарданд, ки назорат болои гардиши силоҳро пурзӯр кунад ва он дар шаҳрҳои бузурги Амрико (тибқи иттилоъ, 800 гузашт дар тамоми 50 иёлат) миллионҳо нафарро ба ҳам овард, ки ҳамоиши бузургтарин баъд аз эътирозҳо алайҳи ҷанги Вйетнам дар солҳои 60-уми қарни гузашта ба ҳисоб меравад.
Ман дар Амрико дар манзили сокинони бумие, ки моро ба меҳмонӣ даъват мекарданд, силоҳро медидам. Қисми ғолиби сокинони Амрико озодиро аз ҳама боло мемонанд ва кишвари худро аз лиҳози демократия озодтарин кишвари дунё дониста, аз ин ифтихор доранд. Онҳо ба тағйироти 1 дар Конститутсияи мамлакат оид ба озодӣ истинод меоранд, ки аллакай қарнҳост ҳаёти амрикоиҳоро ба танзим медарорад.
Ғайр аз ин, «лобби»-и комплекси ҳарбӣ-саноатӣ ва институтҳои молиявӣ дар Сенату Конгресс хеле қавӣ аст…
Ҳамин тариқ, дар мубориза барои ба даст овардани манфиатҳои калон ҷони садҳо ҳазор нафар афроди қаторӣ дар олам ҳамасола рабуда мешавад…
Азамат Дӯстов
































































































Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: